ОБ ва КИТОБ ду вожаи муқаддас
Нашр шуд 2017-01-11 17:58
Об манбаи ҳаёт аст, китоб сарчашмаи дониш. Ин ҷумлаҳо бо ҳам алоқаи бунёдӣ дошта, зери ин ду мафҳум занҷирае мавҷуд аст, ки пайвастагии ду ҳастӣ об ва китобро асос мегузорад. Агар об сарчашмаи ҳаёт ва асоси мавҷудоти зинда, алалхусус инсоният дар замин бошад, пас китоб манбаи инкишоф ва рушди тафаккури инсонӣ дар бунёди зиндагии шоиста мебошад.
Муҳаққиқон ва пажўҳишгарони соҳаи биологӣ мавҷудияти об дар кураи заминро ба 20 млн сол муқаддам мерасонанд, ки то имрўз барои пойдории дунё ва зиндагии инсоният хидмат намудааст. Вале китоб бошад тибқи номаҳои бостон ва сангнигораҳо на умри зиёдтар аз 10 ҳазор сол дорад.
Аз рўи психология ва қобилияти дарк, инсоният шуурнокии баланди фитрӣ дошта, метавонад бо як дид ва ишораи махсус ҳадаф, мақсад ва амалеро иҷро намояд. Пас метавон хулоса намуд, ки дарки инсоният дар баробари фитрияти ў дорои қобилияти рушд аст, ки мо онро аз устоди бузурги хеш–китоб меомўзем.
Китоб ва об механизми зиндаи коркарди илму тафаккур ва ҳаёт мебошанд. Яъне яке ба мавҷудияти ҷисми инсон ва дигаре барои рушди ақлониву ҷисмонии ў хидмат мекунад. Маҳз об моро аз нестӣ раҳо мекунад ва китоб роҳу усули истифодаи ҳадафмандонаи онро ба мо меомўзонад. Агар об манбаи зинда мондан бошад, пас китоб асоси дониш, фарҳанг ва ахлоқ мегардад.
Аз рўзи тавлид то лаҳзаи охирини умри инсон ин ду қувваи бузург тамоми самтҳои фаъолияти инсониятро идора ва танзим намуда, барои пойдории низоми ҷамъиятӣ ва ҳастии олам хидмат мекунанд.
Акнун суолҳое пеши назар меояд, ки агар китоб барои рушди фикриву ақлонии инсоният саҳҳом бошад, пас чӣ водор мекунад насли ҷавонро, ки аз ин манбаи маърифату дониш ва асоси зиндагонии худ дурӣ биҷўянд? Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонон аз ду манбаи зиндагии шоиста бехабар буда, асоси мавҷудияти худро, ки ба обу китоб бастагӣ дорад дарк намекунанд.
Агар мо аз рўи солмандӣ ва ё мавҷудияти ин ду баҳо гузорӣ намоем, пас маълум мегардад, ки китоб дар умри кўтоҳи худ таҳаввулоти ҷиддиеро дар сарнавишти олам ба бор овардааст. Яъне, инсон илму дониш, рафтору кирдор, санъати сухан ва ҳатто муносибати хубу ҳасанаро танҳо аз мутолиаи китоб баҳравар мегардад.
Китобхонаҳои бузургу барҳаворо дар хиёбону гулгаштҳо мебинему толорҳои камодами онҳоро мушоҳида мекунем, қалбҳо хун, дидаҳо пуроб мегарданд, ки як қувваи дигаре дар ҷомеа рушд мекунад, ки инсониятро аз асолати худ ва аз асоси зиндагонии хеш шояд маҳрум созад.
Воқеан китоб мўъчизаест, ки ҳар вақт ба он назар андози ақлат месабзаду зеҳнат бузург шудан мегирад. Монанд ба рустание, ки аз об ғизо гирифта сабзидаву бузург гардида мева ба бор меоварад. Нафаре, ки солим аст ва дасту пои равон, тану чашму гуши солим дораду аммо аз паи омўзиш, аз бар намудани илму дониш ва касбу ҳунар набошад, ҷўи бе обро мемонад. Ҷўе, ки сўи киштзор кашида шудааст ва он киштзори зиндагист, ки донаҳои умед кошта шудаасту он донаҳо мунтазири об ҳастанд то эҳё гарданд. Об кафили ҳаёт буда, китоб дастури боса одати зиндагии инсон аст. Пас ин ду вожа барои инсонҳо муқаддас аст!
Сайзароб Надиров,
мутахассиси пешбари
Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ