Ёди устоди зиндаёдам

Бо гузашти ду ҳафта аз даргузашти устод Ислом Ҷӯраев ҳамоно ин сурати нуронӣ аз пеши назарам дур намешавад.
Ба қавли хирадманде шахсияте, ки ба шарофати саъю кушишҳо ва заҳматҳояш нафареро ҳарф, одобу одамият, донишу фаросат меомӯзад, барҳақ омӯзгор меноманд. Оне ки рафтору гуфтори нигоҳаш саршори меҳру муҳаббат, дилсӯзиву ғамхорӣ нисбати шогирдаш аст, лоиқи шарафу эътибори омӯзгорӣ мегардад ва бешубҳа рисолати азаливу аслии хешро медонад. Ва дарк намуда, ки аз ибтидо то интиҳо бо тақдири одамон сарукор мегирад, аз ин рӯ ҳатман бояд дар қалбу андешаҳои шогирдон тухми нақива накукор корад, истеъдоди ниҳониро кашф намояд, дар ниҳодашон самимият, меҳру муҳаббатро ба вуҷуд оварад. Албатта, ки меҳру муҳаббат ба зиндагӣ ва инсон, ба падару модар, табиату олам, зебоиву маърифат бошанд. Дар ин маврид бо имони комил гуфта метавонам, ки Ислом Акрамович Ҷӯраев аз зумраи чун инсонҳои наҷиб буданд.

            Ман низ дар радифи даҳҳо ҳамсабақҳо яке аз шогирдони устод Ислом Акрамович мебошам. Ҳамроҳи ин марди шариф, ниҳоят шикастанафс ва бомулоҳиза бисёр рузҳову фаслҳоро ҳамроҳ гузаронида, аз суҳбату андешаҳои эшон баҳраҳо бардошта, бисёр чизҳои бароям зарурро омӯхтаам. Гоҳе ба худ суол мекардам, ки воқеан ҳам хислатҳои ҳамидаи устоди зиндаёд Ислом Акрамович дар ҳар ҳолат ибратомӯзанду аз куҷо ва аз кадом муҳит сарчашма гирифта бошанд? Ва оҳиста оҳиста бо зиндагиномаи ӯ ошноӣ пайдо намудам. 

            Ҷӯраев Ислом Акрамович  2 феврали соли 1931 дар деҳаи зебоманзари «Гули Сурх» - и шаҳри бостонии Ӯротеппа (ҳозира Истаравшан) дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушода аст. Соли 1933 хонаводаи онҳо ба шаҳри Душанбе кӯч мебандад.

            Баъди хатми таҳсил даҳсолаи мактаби миёнаи № 15 Ислом Акрамович таҳсили худро бо он ки меҳри бе андоза нисбат ба китоб ва ҳаваси илмомӯзи доштанаш ӯ ба даргоҳи техниуми китобдории ноҳияи Рӯдакӣ меорад. Ин иқдом баъди нахустин баҳори Ғалабаи бузург, яъне  соли 1945 ба вуқуъ пайваст.

 Баъди хатми техникуми китобдорӣ фаъолияти омӯзгории Ислом Арамович оғоз меёбад. Ва сарчашмаи нахуст дарсгӯй ӯ аз матаби ибтидои ноҳияи Шӯрчӣ оғоз меёбад. Баъди ду соли фаъолияти омӯзгорӣ, шавқу завқ ва истеъдоди фитриву забондонӣ Ислом Акрамовичро барои сайқал додани дониши худ ва меҳри беандоза нисбат ба китоб доштанаш ба Донишкадаи фарҳанги шаҳри Москав равон мекунанд. Тӯли панҷ сол дар донишкадаи мазкур таълим гирифта, вежагиҳои касби китобдориро омӯхта, донишкадаро бо баҳои хубу аъло хатм менамояд. 

Баъди хатми маълумоти олии китобдорӣ фаъолияташро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (Китобхонаи давлатии оммавӣ ба номи Абулқосим Фирдасӣ) оғоз менамояд. Солҳои 1956 – 1960 Шуъбаҳои методӣ, коркарди адабиёт ва ташкили феҳристҳои Китобхонаро сарварӣ намуда аст.

Дар ин солҳо фаъолияти илмии ӯ оғоз ёфт. Даҳҳо мақолаҳо ва дастурҳои методиро таҳия намуда, беҳтарин асарҳои олимони русро ба забони тоҷикӣ тарҷума менамояд. Яке аз нахустин пажуҳишҳои илмӣ дар самти истилоҳи китобдорӣ ин бо иқдоми устоди бузургвор рӯйи кор омадани «Луғати русӣ-тоҷикии китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ» мебошад. Зикр кардан бамаврид аст, ки асари мазкуро устод бори аввал зери унвони «Луғати русӣ-тоҷикии  терминологияи китобдорӣ ва китобшиносӣ»  дар соли  1974 таълиф ва чоп карданд. Муаллиф барои таҳия ва таълифи ин китоб беш  аз 40 сол аст, ки заҳмат кашидаанд ва ин фанро дарс додаанд.

Соли 2012 аз нав бо таҳлилу иловаҳо бо номи «Луғати русӣ-тоҷикии китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ» таҳия мегардад. Дар ин китоб саъй бар ин будааст, ки вожаҳои махсуси улуми китобдорӣ ва иттилоърасонӣ гирдоварӣ шаванд. Ин истилоҳоти китобдорӣ метавонад ниёзҳои донишҷӯёну мутахассисони риштаи Китобдорӣ – иттилоотшиносӣ ва соҳаҳои вобаста ба онро бароварда созад. Инчунин, кобил аст мутолиаи матнҳои заруриро барои донишҷӯён ва мутахассисони ин соҳа таъмин намояд. Ҳамчунин бо қалами устод асарҳои «Истилоҳномаи китобдорӣ:  форсӣ  ба  тоҷикӣ  ва  русӣ» (1993), «Сайре дар олами китоб» (1996) ва даҳҳо мақолаҳои илмӣ аз нашр расидаанд.

            Фаъолияти омӯзгорӣ ҳамеша ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти Ислом Акрамович буд. Ӯ ба ҳайси омӯзгори Колеҷи фарҳанги ба номи Буйдоқов, Доншгоҳи шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода заҳмат кашидааст. Ва бояд қайд кард, ки устод Ислом Арамович яке аз асосгузорон ва аввалин декани факултаи китобдорӣ буда, солҳои 1973-1983 сарварии факултаро ба уҳда доштанд.

Саҳми устод, Ислом Арамович дар тайёр намудани кадрҳои соҳа ниҳоят бузург аст. Маҳз бо маслиҳату ҳидоятҳои падаронаи ӯ чун омӯзгори пурмасъул шогирдонаш А.Ҳ.Раҳимов, З.Шораҳматов,С.Сулаймонӣ, Ҷ.Шерматов,Ш.Комилзода, С.Ҳ.Шосаидов ва Б.Холов дар аспирантура ва Донишгоҳҳои олии фарҳанг ва санъати шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург таҳсил намуда, ба унвонҳои илмӣ сазовор гардидаанд.  Ва имрӯзҳо дар сохторҳову мақомоти фарҳангӣ кор ва фаъолият намуда, саҳми беназири худро дар пешрафту навгонии соҳаи китобдорӣ дареғ намедоранд.

Олим ва муҳақиқи соҳаи китобдорӣ устод, Шариф Комилзода дар яке аз мақолаҳояш роҷеъ ба сапки таълимии устод чунин менависанд: «Ислом Акрамович Ҷӯраевро ҳамчун устоди сахтгиру серталаб ман ҳанӯз аз солҳои донишҷӯиям хуб мешиносам».   

Воқеан устод, Ислом Акрамович дар даврони дарсгӯй ниҳоят сахтгиру серталаб буда, ҳамеша мегуфтанд: «Агар хоҳӣ, ки шогирдат оянда шахси босавод ва нафърасони ҷомеа гардад, нисбаташ серталаб ва бо ӯ ҳамеша сахтгир бош». Аммо дар зиндаги устод бағоят шӯх буданд.

Ин сатрҳо замоне рӯйи коғаз рехтанд, ки аз даргузашти устоди арҷмандам ду ҳафта сипарӣ мешуд ва сурати нуронии ӯ ҳеч лавҳи хотирамро тарк намекард. Хостам бо ҳамин сатрҳо аз номи шогирдони бешумор ва дӯстони устод
Рӯҳатон шоду хонаи охирататон обод бошад, устоди азиз!

Нуралӣ Ҳикматов,  
корманди Китобхонаи
миллии  Тоҷикитон