Модарам, эй соябону сарпарасту сарварам...

Ду рӯз пас Рӯзи модарон аст. Ҳар сол дар остонаи ин рӯз менависем, ки модарону хоҳарони мо набояд рӯзи вежаи эҳтиром дошта бошанд, балки онҳо бояд ҳамарӯза мавриди эҳтирому иззат қарор гиранд. Аммо мавҷудияти як рӯзе дар як сол боз ҳам барои ҷалби таваҷҷуҳи ҳамагон ба модарон-сарчашмагони ҳаёт муҳим аст.
Дар зер табрикоти аҳли эҷоди кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ба модарону хоҳарон дар “Рӯзи модарон” меорем. Умедворем мавриди писанди ҳамагонӣ қарор мегирад.

ЧАРОҒИ СЎЗОН

Ҳадя ба момои Иззатбибӣ

Модар, модар ёди парешон, модар,
Модар, модар чароғи сўзон модар.
Афсурдаву хушкидаву дар чашми тарам
Пайваста чу шохаи шукуфон, модар.
                              ***
Бармоли Қизилқалъа ҳама зарду кабуд,
Зардаш ҳама зардобу кабудаш ҳама дуд.
Рўзе, ки анори боғҳо пухта расид,
Зардоби дили модари ман рў зада буд.
                              ***
Мегуфт, балои сари ту дар ҷонам,
Н-осудаву саргашта, балогардонам,
Дардам ба дилаш гирифту доғам, ба ҷигар,
Зардобу заҳир гашта модарҷонам.
                              ***
Найзори рахи хонаи модар ҳама дам
Фарёди найи хушки наистон баалам,
Рафтам раҳи найзору бидидам модар,
Қадраш шуда афзуну мадораш ками-кам.
                              ***
Н-осуда зимистону баҳорон модар,
Нодида ҷаҳони нобасомон модар.
Бишкуфта гули умеду гулдонаи ў
Хушкида ба мисли шохи райҳон модар.
                              ***
Кўҳпораи Товашаҳр мармар ба камар,
Аз ҷилваи товасанги мармар чӣ самар?
Сарчашмаи Товашаҳри модар ширин,
Лабташна нишаста модарам ҷои дигар.
                              ***
Шаҳкосаи оби шеър аз банди ҷигар.
Овардаам аз баҳри давои модар.
Модар, модар мурғи самандар, модар,
Аз гулхани уммед кушо пар, модар!

Назри Яздон

СОҲИБТОҶ

Модарамро на таваллову на зории зиёд,
На ҳамин дарду ғами фурқати мо
Натавонист, ки то шаҳр барад.
Чун ки ў карда яқин,
Ки фақат деҳ ба хоксории ў муҳтоҷ аст.
Ва фақат дар лаби он суффаи худ,
Дар бари оби равон
Хотиросудаву соҳибтоҷ аст.
              ***
Модарам медонад,
Ки дар ин шаҳри калон,
Ҳар касе майли фароғат дорад
Ва ҳама майл ба суръат дорад,
Чун дигар авҷпарастист ҳама маслаку дин,
Хоксорӣ таҳи по монда яқин.
З-ин сабаб мегўяд:
Шаҳр арзонии ту,
Деҳу сарсонии ман.

Алишер Муҳаммадӣ

ДАР БИЁБОНИ БЕМОДАРӢ

Модарам, эй соябону сарпарасту сарварам,
Чатри хуршедии даври зиндагонӣ бар сарам.
Арсаи таззоду ноҳамвор буда зиндагӣ,
З-ин шудам огаҳ гаҳе, ки рафта будӣ аз барам.
                              ****
Ҳақтаъоло баъди марги ту ба ман инъом кард
Шоирию худфурўзию ғаму оҳу алам.
Дар кавири хушку тасфони ғами бемодарӣ
Гашт анбози дили танҳои ман танҳо қалам.
                              ***
Шуд ҳамели вожаҳо ашки равони хоҳарам,
Ҳамнаво шуд «очамой»-и талху зори додарам.
Шеърҳоям ранги зарду оҳи сўзони падар,
Куллиётам кулли ғамҳои фироқи модарам.
                              ***
Деҳаро ҳар гаҳ, ки бинам, зинда мегардад зи нав
Баччагии дар канори ту гузашта, модарам.
Боз карда сафҳае аз дафтари хотираҳо,
Лаҳзае худро ба он айёми ширин мебарам.
                              ***
Дар димоғам деҳа бўи шири модар мекунад,
Хушксори хотирам сабзу муаттар мекунад.
Чун бубинам рўи зебои занони порсош,
Дар нигоҳам мурғи симои ту пар-пар мекунад.
                              ***
Модаро, то зинда ҳастам, дар фазои хотирам
Мурғи зарринболи ёди ту парафшонӣ кунад.
Шўълаи меҳрат мисоли Меҳру Маҳ то ҷовидон
Дар дилу ҷони фигори ман фурўзонӣ кунад.

Валиҷон Баёнӣ

МОДАР

Модар ба ҷаҳон, як ҷаҳони дигар аст,
Як дасти дуош ба ҷони фарзанд сипар аст.
Фарзанд ба ёди модар а-р гиря кунад,
Ҳиҷрони писар ба оча хуни ҷигар аст.

Муҳаммаднабӣ Баёнӣ

МОДАРИ МАН ПИР ШУД

Модарам, эй модарам,
Дар ғами фарзандҳоят
Рўзу шаб, ҳай меканӣ ҷон.
                     ***
Модарам, эй модари бечораам,
Дар набарди қаҳтсолӣ
Бори сад дунё ба дўшат,
Заҳмати дунё кашидӣ,
Аз ғами фарзандҳоят,
Аз барои тиккаи нон.
                     ***
Лек акнун,
Қаҳтсолиҳо гузашт,
Халқи тоҷик сер шуд аз хуни худ…
Зиндагӣ аз нав дигар шуд…
Тоҷикистон ҳам дигаргун,
Лек афсўс,
Дар набарди зиндагӣ
Модари бечораи ман пир шуд,
Аз ҳама дору мадори зиндагӣ
Модарам дилгир шуд.
Модари бечораи ман пир шуд,
Модари ман пир шуд…

Шоҳбегим

Фароҳамсоз  Наврӯзи Қурбониён,
корманди
Китобхонаи миллии Тоҷикистон