Ҳудудан 15 нафар ширкаткунандагони маҳфили “Равшандилон” аз ҷумлаи афроди дорои имкониятҳои маҳдуд соҳиби туҳфаҳои наврӯзии соҳибкор Оростаи Ниёз шуданд.
Маҳфили навбатии “Равшандилон”-и Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҳудудан 15 нафар шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд баргузор гардид.
Фотима Ёқубова, мудири Шуъба дар сухани
Аз даргузашти олими маъруф, нависандаи шинохта ва пажуҳишгари пуркор Атахон Сайфуллоев инак, ду ҳафта сипарӣ шуд. Аммо ҳанӯз бар ин гумонем, ки ӯ ҳамоно зинда аст ва миёни мост. Ҳақиқат низ ин аст, ки мардони соҳибдил бо рафтани худ танҳо нақли макон мекунанд, ҳузури физикии худро дар миёни мо қатъ мекунанд, вале онҳо зиндаанд. Бахусус, олимоне чун Атахон Сайфуллоев, ки бо даҳҳо китобу садҳо мақолаҳои пажуҳишии худ номи худро дар таърихи фарҳангу илми миллат абадан сабт кардаанд. Вале ин ҳама баъди
Тоҷикистон, модари ман, хонаи ободи ман,
Хотири ҷамъу дили шоду сари озоди ман,
Эй ғами ман, шодии ман, ишқи ман, бунёди ман,
Сарзамини гулфишонам, мулки ҳуснободи ман,
Шод бошу шод сабзу шод мону шод зӣ!
Ин чаҳор мисраъ аз Усмон Шарифзода аст. Шоири шӯридадил, оне, ки ҳар ҳарфи каломаш бӯйи Ватан дошт, меҳанпарасти воқеъӣ буд ва на дар сухан, балки дар амал. Кулли ашъораш ишқи меҳан аст ва ишқ дар каломи шоир ҳамин Ватан аст, ки агар Ватан набуд, на ишқ буду на зиндагӣ.
Шарқшиноси машҳури рус Александр Поликарпович Шишов (15.12.1860 – 30.05.1936) агарчи таҳқиқотчии таърих ва этнография набуд, ба ҳар ҳол, дар илми шарқшиносии рус тавассути чопи китобҳои «Сартҳо» ва «Тоҷикон» нақши босазои худро гузоштааст.
Бояд гуфт, ки А. Шишов ба Туркистони тоинқилобии кишвари Русия ҳамчун духтури ҳарбӣ омадааст. Сараввал дар беморхона (лазарет)-и қисми ҳарбии Хуқанд, баъдтар – аз соли 1897 ба ҳайси сардухтури баталёни якуми Туркистон дар шаҳри Тошканд кор