Баргузории маҳфили наврӯзии «Равшандилон»

Ҳудудан 15 нафар ширкаткунандагони маҳфили “Равшандилон” аз ҷумлаи афроди дорои имкониятҳои маҳдуд соҳиби туҳфаҳои наврӯзии соҳибкор Оростаи Ниёз шуданд.
Маҳфили навбатии “Равшандилон”-и Шуъбаи  хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҳудудан 15 нафар шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд баргузор гардид.
Фотима Ёқубова, мудири Шуъба дар сухани ифтитоҳӣ арз кард, ки ин маҳфили наврӯзӣ ҳам ҳаст, чун дар рӯзҳои ҷашни пуршукуҳи Наврӯзи Аҷам мегузарад. Вай гуфт, ки баҳор ин худ рамзи шукуфоист ва эҷод дар баҳор сифату самараи дигар дорад. Фотима Ёқубова ҳамчунин ёдовар шуд, ки дар “Равшандилон” маҳз эҷоди касоне мавриди баррасӣ қарор мегирад, ки дорои имкониятҳои маҳдуданд. Нақду баррасии шеъру достону ҳикоя ва ҳунари ҳунармандон ҳадафи аслии ин маҳфил аст.
Дар маҳфил Рисолат Сангова ва Заринаи Абдураҳим таронасароӣ карданд. Онҳо сурадҳои тозаэҷоди худро суруданд ва хотири ширкаткунандагонро шод карданд.
Баъдан Раҳматуллои Раҳим ва Оқилҷони Зиёдалиён шеърҳои навашонро қироат карданд. Аҳли нишаст дар атрофи ин шеърҳо табодули назар намуданд.
Дар поёни маҳфил соҳибкор Оростаи Ниёз ба аъзоёни маҳфил туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим кард.
Маврид ба ёдоварист, ки Равшандилон” маҳфилест, ки аҳли эҷодро аз миёни афроди дорои имконоти махсус гирди ҳам меорад. Онҳо дар ин маҳфил маҳсули эҷоди худро қироат мекунанд ва он миёни аъзои маҳфил баррасӣ мешавад. Ҳамчунин чистонгўиву байтбарак ҳам аз ҷумлаи барномаҳои ин маҳфил аст.