Шаш аъзои нави Китобхонаи миллӣ баъди маҳфили навбатии «Равшандилон»
Нашр шуд 2016-02-23 17:44
Имрӯз шаш нафар аз ҷумлаи ширкаткунандагони нави маҳфили “Равшандилон”-и Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба узвияти китобхона пазируфта шуданд.
Маҳфили имрӯз ба ҷашни пурифтихори Рӯзи Артиши миллӣ рост омад ва ҳудудан 30 нафар дар он иштирок доштанд.
Аъзои маҳфил чун дар нишастҳои пешин аз навиштаҳои тозаи худ қироат карданд, ҳунари дасти худро намоиш доданд.
Гардонандаи маҳфил шоири маъруф Хайрандеш аст ва дар ҳар маврид бо таваҷҷуҳи хос эҷоди аъзои маҳфилро мешунавад, ба камиву костии он ишора мекунад, нобаробариҳои вазнро дар шеър ислоҳ мекунад, ҳикояҳоро то ҷойе имкон дорад, таҳрир менамояд ва барои такмилу пурра шудани онҳо маслиҳат медиҳад.
Дар ин маҳфил шеъри чор нафар аз аъзои он барои чоп дар нашрияи “Пайрав” дархост шуд, ки қарор аст дар тозатарин шумораи он интишор ёбад.
Маҳфили “Равшандилон” моҳе як маротиба баргузор мешавад ва ширкаткунандагони он афроди дорои имкониятҳои маҳдуданд.