Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии “Асои сафед” бо ширкати Сафири Ҷопон ва ҳунармандон
Нашр шуд 2017-10-19 17:21
“Асои сафед”. Чунин ном дошт чорабиние, ки ахиран шуъбаи Хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллӣ роҳандозӣ кард. Дар он нобиноён ва дигар аъзоёни фаъоли шуъба ширкат намуданд.
Чорабинӣ ба Рӯзи ҷаҳонии “Асои сафед” и Китобхонаи миллӣ мухтасар дар бораи ин рӯз ва фалсафаи он нақл кард.
Меҳмонии ин чорабинӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳаҷиме Китаока буд, ширкаткунандагони маҳфилро табрик намуда, беҳтарин ва зеботарин хушиҳои зиндагиро баҳрашон таманно намуд. Ҳамзамон, ҷаноби Сафир дар бораи нобиноён чанд сухани самимӣ гуфт. Вай аз ҷумла иброз дошт: “Шахсоне, ки имконияташон маҳдуд аст, ман онҳоро ҳеҷ гоҳ маъюб намеҳисобам. Ман гумон мекунам, онҳое, ки омӯзиши хубу маълумоти олӣ доранд, метавон гуфт онҳо дар оянда шахсони тавонову баруманд хоҳанд шуд. Фақат нобиноёнро месазад, ҳеҷ гоҳ ноумед нагарданд. Ман шахсан, нобиноёнро нобино намеҳисобам. Зеро онҳо аз шахсони бино бинотаранд. Чун онҳо дунёро на ин ки бо чашми сар, балки бо чашми дил мебинанд.”
Дар рафти чорабинӣ Ҳунарпешаи шинохтаи кишвар Аловиддин Абдуллоев бо гурӯҳи худ бо шухиҳову саҳнаҳои намакини хеш хотири ҳозиринро шод гардониданд.
Ҳамчунин сарояндаҳои шинохтаи кишвар Матлубаи Раҳим, Музаффар Шодиев ва ҳунармандони маҳфили воленторони “Эко плюс” сурудҳои тозаэҷоди хеш ба ҳусни чорабинӣ ҳусни тоза зам намуданд.
Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода дар суханони хотимавии худ нобиноёнро афроде номид, ки дили гарму нарму солим доранд; “Маъюб он нест, ки ҷисми маъюб дорад, балки маъюб онест, ки иродаи заиф дорад. Ман маъюбони инҷобударо маъюб гуфта наметавонам. Зеро онҳо дили солиму иродаи устувор доранду дунёро на ин ки бо чашми сар, балки бо чашми дил мебинанд. Метавон гуфт, нобиноён бадиро намебинанду намедонанд, зеро ботини онҳо худ зебосту зебоиро мепарастанду зебоиро дӯст медоранд. Пас, ҳар яки моро месазад, аз инҳо ибрат гирему зебоиву зебоипарасиро аз инҳо омӯзем”.
Дар охир, аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ба меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки ҳамасола 15-уми октябр бо қарори Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаҳон Рӯзи нобиноён - рӯзи «Асои сафед» таҷлил карда мешавад. “Асои сафед” рамзи шахси нобино буда, он аввалин маротиба 15 октябри соли 1964 дар ИМА бо ташаббуси Федератсияи байналмилалии нобиноён таҷлил гардид. Соли 1969 Федератсияи байналмилалии нобиноён 15 октябрро расман ҳамчун рузи “Асои сафед” эълон намуд.
Дар партави сиёсати давлату ҳукумат ва хоса, раҳнамоии хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақи нобиноён пайваста ғамхорӣ карда мешавад.
Фарзонаи Мирзо
Суратгир: Хусрави Милод