“Сарқонуни гӯё” муаррифӣ шуд

“Сарқонуни гӯё”.
Чаро гӯё? Ба кадом маънӣ?
Бори аввал дар Тоҷикистон ихтироъи як хонандаи мактаб муаррифӣ мешавад, ки талош кардааст нобиноён бо Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно шаванд. Ибтикоре, ки шоистаи эҳтиром ва таҳсин аст.
Суннатулло Қосимов хонандаи ихтирокори литсейи инноватсионии шаҳри Душанбе Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои нобиноён дар шакли садо таҳия кардааст ва онро “Сақонуни гӯё” номидааст.
Рӯзи чоршанбе дар толори хониши Шуъбаи хизматрасонии махсус муаррифии ин китоб бо ширкати ҷамъе аз устодону хонандагони литсейи номбурда, хонандагони фаъоли шуъба, нобиноён ва шахсиятҳои барҷастаи фарҳанг муаррифии ин китоб доир гардид.  
Ба тариқи  электронӣ  сохтани  ин китоби  муқаддас  аввалан,  дастгирии шахсони дорои имконияташон маҳдуд, яъне нобиноён аст, ки бо имкони сарфаи вақт ҳуқуқҳои конститутсиони худро бидонанд.
  Конститутсия  аз  муқаддима, 10 боб ва 100 модда иборат аст. Он дар як қуттии чоркунҷа ҷойгир шуда, рӯяш 9 тугма насб шудааст. Дар ҳолати мазкур бо  воситаи пахши тугмачаҳои  электроние,  ки  дорои  ҳуруфҳои  Брайлӣ аст, боб ва моддаҳои  лозимиро  дарёфт намудан имкон дорад.  
    Ин  китоб дорои манбаи ҷараёни  3,7 В буда, ҳангоми 30 дақиқа қувват  гирифтан  метавонад  12 соат  фаъолият кунад.
Китоб аз 12  тугмача  иборат буда, бо ёрии онҳо боб ва моддаҳо пайдо мекунанд.
Тугмачаҳои  (+ ва-)  барои паст  ва  баланд  намудани  садо  пешбинӣ.
Суннатулло дар суҳбат гуфт, ки китоби сохтаи ӯ аз картон иборат аст, сим дорад, балангӯяк дорад. Яъне, ашёе истифода шудаанд, ки дар бозорҳои зиёданд ва пайдо карданашон мушкил нест. Вай ҳамчунин гуфт, ки тарҳи худро барои такмили он сохтааст ва оянда метаовнад дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла китобҳои кучаки кисагӣ ҳам онро бисозад. Муҳим ӯро касе бошад, ки дастгирӣ кунад. Ҳоло ҳамин кутоби омодашударо ба маблағи 300 сомонӣ сохтааст.  
Китобро ҳамчунин метавон бо гӯшиҳо шунид ва он ҷой барои насб ва пайваст намудани дастгоҳҳои вижаи шунавӣ дорад. Ин тадбир имкон хоҳад дод ношунавоён дар ҷоҳои ҷаъиятӣ ва пуродам низ бидуни халалдор кадани фазои суҳбати дигарон аз китоб истифода баранд.  
Сохтани китоби электронӣ барои шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд дар Тоҷикистон иқдоми нахустин аст. Ҳоло ин таҷриба дар ҳоли такмил буда, қарор аст баъди чанде барои роҳандозии тавлид ба мақомоти марбута пешниҳод шавад.
  Суннатулло Қосимов хонандаи ихтирокор аст ва на танҳо китоби гӯё сохтааст, балки чандин ихтирои хурду бузург ҳам дорад. Аз ҷумла, ҳоло дар литсейи инноватсионӣ аз «пулт»-и сохтаи ӯ истифода мекунанд, муаллимон аз синфхона нишаста, занги мактабро ба садо медароранд.
Ӯ пештар аз ин ҳама роботе сохт, ки бо 3 забон ҳарф мезад ва ҳатто вазифаи дарбонро ҳам иҷро мекард.