Ҳудудан сад нафар хонандагон дар як вақт меҳмони Шуъбаи хизматрасонии махсус шуданд
Нашр шуд 2016-10-08 11:10
Ҳудудан 100 нафар хонандагони нав ва пешини Китобхонаи миллӣ меҳмони Шуъбаи хизматрасонии махсус шуданд. Бештари ин афрод касоне буданд, ки пештар ҳам узвияти китобхонаро доштанд, вале бори аввал ба ин шуъба ворид шуда буданд.
Аксари нав омадагон касоне буданд, ки даъвати кормандони шуъбаро пазируфтанд ва барои шиносоӣ бо имкониятҳо ва зарфиятҳои Шуъба, ҳадафи таъсису таърихи он ворид шуданд. Барои онҳо шуниданӣ буд, ки ҳатто нобиноён ҳам метавонанд дар ин ҷо китоб хонанд. Аксарият бехабар буданд, ки нобиноён алифбои худро доранд ва метавонанд мисли онҳо китоб хонанд ва бо беҳтарин намунаҳои адабиёти олам ошно шаванд.
Ва на танҳо ин. Афроди имкониятҳояшон маҳдуд метавонанд аз компутарҳои ин шуъба истифода баранд.
Ба меҳмонон дар бораи маҳфилҳои шуъба бо ширкати хонандагони дорои имкониятҳои маҳдуд нақл карданд ва гуфтанд, ки сари чанд вақт шинохтатарин чеҳраҳои фарҳангӣ, аз ҷумла адибону сарояндагон, олимон, тарроҳони либосу намояндагони касбу корҳои дигар ташриф меорад ва бо хонандагони ин шуъба суҳбат мекунанд.
Ба онҳо гӯшаи маҳсулоти дастии ин афрод нишон дода шуд ва гуфтанд, ки касоне миёни хонандагони ин шуъба ҳастанд, ки хеле ҳунарманданд: либос медӯзанд, бофандагӣ мекунанд, ҳар гуна гулҳову сабадҳо мебофанд, чакан медӯзанд ва ғайра. Ва намунаҳои дастранҷи худро барои намоиш ва ҳатто фурӯш ба шуъба месупоранд.
Хулоса, дар як суҳбати тӯлониву фарогир ин афрод бо фаъолиятҳои Шуъба ошно шуданд. Ҳамзамон фаҳмиданд, ки дар ин Шуъба хонандагон танҳо китоб намехонанд, балки эҷод ҳам мекунанд, ашъори худро ба устодони адаб нишон медиҳанд, маслиҳат мепурсанд ва баъзан бо мусоидати кормандони шуъба дар матбуот ҳам чоп мекунанд.
Аз миёни ҷамъомадагон 7 нафар, ки ятим буданду маъюб ройгон ба узвияти китобхона пазируфта шуданд.