Теъдоди хонандагони шуъбаи хизматрасонии махсус то 808 нафар расидааст

Дар нимсолаи аввали соли равон 808 нафар донишҷӯён дар толори хизматрасонии махсус саргарми мутолиа шудаанд. Теъдоди хонандагони коллеҷ ва литсей-интернатҳо, ки ба ин толор ворид шудаанд, 443 нафар, аспирантон 86, нафақахӯрон 172 нафар мебошанд.
Бунёд ва пурра намудани фонди шўъба бо адабиёт ва маводи электронӣ
Дар фонди шуъба 4117 адабиёт мавҷуд мебошад, ки танҳо 1240 нухаи он бо забони тоҷикист. Барои афроди нобино шуъба бо 591 нусха китобҳои брайлӣ хизмат мерасонад.
Дар ин шаш моҳ барои эҳтиёҷи хонандагони толор  аз шўъбаи такмили адабиёт 700 нусха китоб, аз ҷумла 124 нусха бо замони русӣ ва 576 нусха бо замони тоҷикӣ дархост кардааст.

  Ташкил ва баргузории чорабиниҳо

Тӯли ин шаш моҳ дар шуъба чорабиниҳои зиёде баргузор шуданд, ки дар он доираи васеъи хонандагон ширкат доштанд. Аз ҷумла, хонандагони шуъба дар тренингҳои омӯзишии ҷамъияти “Пайванд” (волёнторон) иштирок карданд.
Бахшида ба ҷашни Наврӯз бо ширкати донишманди шинохта, пажуҳишгари эҷодиёти шифоҳии мардум, Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзии Аҳмад чорабинии фарҳангии “Одоб ва русуми Наврӯз” баргузор шуд. Дар ин нишаст донишманди шинохта дар мавзуъи «Ҷашни Оламу Одам» маърӯза кард.
Рӯзӣ Аҳмад аз гузашта ва имрӯз, суннатҳои Наварӯз ва маънову мазмуни ин суннатҳо муфассал ва хеле шавқовар ҳикоят кард. Ҳамзамон, суолу ҷавоб миёни донишманди собиқадори эҷодиёти шифоҳии мардум Рўзии Аҳмад бо муштариёни шуъбаи хизматрасонии махсус роҷеъ ба суннатҳои наврузӣ сурат гирифт ва хонандагон ба суолҳои худ посухҳои мушаххасу дақиқ дарёфт карданд. Хонандагони доимии Шуъба дар васфи баҳору Наврӯз шеърҳо хонданд.
Ҳамчунин  бахшида ба Рўзи Модар зери унвони «Сўҳбати гулҳо» бо иштироки шоираи маҳбуб Меҳриниссо ва овозхони шинохта Сабоҳат Наҷмиддинова як маҳфили ҷолиб доир шуд, ки гумон мекунем мондагор буд. Дар маҳфил ҳамчунин адибони шинохта Марямбонуи Фарғонӣ, Шоираи Раҳимҷон, Адиба, Баҳриниссо, Ҳуриниссо Ализода ширкат карданд.
Дар ин шаш моҳ кормандони Шуъба муваффақ шуданд, ки панҷ маротиба маҳфили эҷодии хонандагони Шуъба - “Равшандилон”-ро созмон диҳанд, ду маротиба хонандагонро ба маҳфили “Китоб кони маърифат” ва се маротиба дар маҳфили маърифатии “Зиндагӣ бидуни маҳдудият” гирди ҳам оранд.
Барои аъзоёни шуъба ҳафтае ду маротиба курсҳои ройгони омӯзишии забони русӣ ва инглисӣ дар назар дошта шудааст.
Як чорабинии хотирмони дигар бахшида ба Рузи ҳифзи кўдакон «Нахустин мусобиқаи шоҳмот байни афроди дорои имкониятҳои маҳдуди шаҳри Душанбе» буд, ки дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Пешрафт» роҳандозӣ шуд. Дар он Аминҷон Аброров ва Шаҳроми Нуралӣ ду ғолиби аслии мусобиқоти шоҳмот миёни афроди дорои имкониятҳои маҳдуд эълон шуданд. Ва Наврӯз Неъматов барандаи ҷойи сеюм гардид.
Ширкаткунандагони сабқат ҳамагӣ  аъзои клуби маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон буданд, ки аз ҷониби маркази шаҳрии маъюбони “ИМКОНИЯТ” сарпарастӣ мешаванд. Ҳамчунин миёни ин афрод касоне низ ҳузур доштанд, ки аз ҷониби Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон эъзом шудаанд ва онҳо низ аз ҷумлаи маъюбонанд.
Ҳадафи аслӣ рушди ин навъи варзиш миёни маъюбон ва шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд аст, ки қарор аст оянда мунтазам гузаронида шавад.
Ташвиқу тарғиби фаъолияти шўъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон дар матбуоти даврӣ, радио ва телевизион ба роҳ монда шуд. Чорабиниҳои гузаронидашуда дар сомонаи КМТ (kmt.tj) ва тавассути як қатор шабакаҳои телевизионҳои ҷумҳурӣ, алалхусус Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон, «Ҷаҳоннамо», ТВ «Сафина» ва «Баҳористон» пахш гардиданд.

 Намоиши китоб

Бахшида ба санаҳои таърихӣ, аз ҷумла  рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ”Рўзи Оила”, “Рўзи Ҷавонон”,  “Ҳифзи кўдакон”,  “Ваҳдати миллӣ” намоиши китоб гузаронида шуд, ки аз он даҳҳо тан аз ҷумлаи хонандагони доимии Шуъба ва меҳмонон дидан карданд.
Дар ин намоишҳои китоб дар маҷмуъ  220  китоб (121 китоб бо забони тоҷикӣ ва 99 адад бо забони русӣ) гузошта шуданд.

  Ҳамкорӣ бо ташкилот ва ҷамъиятҳои дохиливу байналмиллалӣ

Ҷамъияти маъюбони ш.Душанбе «Имконият», ташкилоти ҷамъияти нобиноёни ш.Душанбе, литсей-интернати касбии махсуси ш.Душанбе, Маркази минтақавии хизматрасонӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе ва Намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон, ҶДИМ «Синон» - (техномир), Захираҳои агентии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъятии «Пешрафт» аз ҷумлаи созмонҳое мебошанд, ки бо Шуъба дар ин шаш моҳ ҳамкорӣ карданд.
Онҳо шарикони мо дар баргузории чандин маҳфилҳо ва чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ буданд.

 

 

 

 

 

 

Фотима Ёқубова,
Сардори шуъбаи хизматрасонии махсус