Миллати сарбаланди тоҷик ба китобдорию китобхонӣ аз қадимулайём арҷ мегузошт ва қаламу дафтару девонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт менамуд, барояш китоб бонги бедорию ҳушёрӣ буд. Тоҷикон онро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омўзгори беминнат мешуморанд, аниси кунҷи танҳоӣ ва фурўғи субҳи доноӣ медонистанд.
Бахшида ба Иди фитр туҳфаҳои хайриявии маъмурият ва кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муассисаи давлатии «Хонаи кўдакон»-и № 1-и махсусгардонидашудаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе расид.
Субҳи имрӯз гуруҳе аз кормандони Китобхонаи миллӣ бо сарварии Директори Китобхона, профессор Сайфиддин Назарзода ба муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакон”-и рақами 1 рафтанд ва як миқдор кӯмакҳои хайрияивро ба