Саховати рамазонии Китобхонаи миллӣ (Видео)
Нашр шуд 2016-07-01 16:33
Бахшида ба Иди фитр туҳфаҳои хайриявии маъмурият ва кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муассисаи давлатии «Хонаи кўдакон»-и № 1-и махсусгардонидашудаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе расид.
Субҳи имрӯз гуруҳе аз кормандони Китобхонаи миллӣ бо сарварии Директори Китобхона, профессор Сайфиддин Назарзода ба муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакон”-и рақами 1 рафтанд ва як миқдор кӯмакҳои хайрияивро ба тарбиятгирандагони он бахшиданд.
Аз ҷумлаи ин тӯҳфаҳо 100 нусха китобҳои кўдаконаи суратдор аз нашриёти «Истиқбол», китобҳои кўдакона аз сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик ва бозичаҳои беҳдоштӣ, ҳамзамон наздик ба 300 адад уребча барои кўдакони синну соли гуногун буданд, ки ҳадя шуданд.
Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Сайфиддин Назарзода зимни як суханронӣ накеву накукорӣ ва хайру эҳсонро як бахши имон хонд ва гуфт, ки дастгирии дармондагону кӯмак ба ятимон ва бепарасторон беҳтарин фазилатест, ки аз ниёгон мерос мондааст.
Сайфиддин Назарзода бахусус, дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон ва иди Фитр шод кардани хотири атфолро кори хайру савоб донист.
Маврид ба ёдоварист, ки ин на аввалин бор аст, ки аз Китобхонаи миллӣ ба атфоли бепарстору ятим кӯмак карда мешавад. Пештар ҳам иқдомоти ба ин монанд шуда буданд ва ёде аз дармондагон дар остонаи идҳо ба як анъана дар ин боргоҳи маърифат табдил шудааст.