Рӯнамои се китоби Сайфиддин Назарзода дар Китобхонаи миллӣ (видео)

        


    

Баъд аз зуҳри имрӯз, 10-уми феврал рузнамои китобҳои нави профессор Сайфиддин Назарзода«Истилоҳоти забони тоҷикӣ: таърих гароиш ва дурнамо»«Забон ва бедории миллӣ»«Имло ва забони адабӣ» бо ҳузури густардаи донишмандон, намояндагони аҳли адаб, рӯзноманигорон ва хонандагон доир гардид.  

Ҳамоиши мазкурро Сардори Конуни забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллӣ ифтитоҳ намуда, мўҳтаво, зарурат ва аҳамияти назарию амалии китобҳои номбурдаи профессор С. Назарзодаро шарҳ дод. Вай таъкид намуд, ки китобҳои рўнамоишаванда маҳсули заҳматҳо ва ҷустуҷўю пажўҳишҳои пайвастаи чандинсолаи муаллиф мебошад. Профессор С. Назарзода солҳои охир дар самтҳои муҳими илми забоншиносии тоҷик, аз қабили таърихи забон, таърихи истилоҳсозии забони тоҷикӣ, марҳилаҳои таҳаввули қолабҳои вожасозии забон, масъалаҳои марбути имлои забони  тоҷикӣ ва муҳимияти такмилу таҳрири он вобаста ба вазъи имрўзаи инкишофи забони адабии тоҷикӣ корҳои муҳиму мондагореро ба анҷом расонид ва китобҳое, ки имрўз ба доираи васеи хонандагон ва муҳаққиқон пешниҳод гардиданд, натиҷаи амалии бозёфтҳои илмии муаллифанд.

Дар ин нишасти илмӣ Муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Матробиён, директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакӣ, Раиси пажўҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ, намояндаи  бахши душанбегии Бунёди Саъдӣ  Ҳ. Қарибӣ дар атрофи китобҳои мазкур андешаронӣ карда, ниёзи ҷомеаи илмии кишвар ва ҳамаи форсизабононро ба чунин асарҳои муҳими илмӣ махсус таъкид намуданд.

Вобаста ба масоили мавриди пажўҳиши профессор С. Назарзода устодон Б. Камолиддинов, Ҳ. Маҷидов, М. Ғ. Қодиров, О. Қосимов, М. Абдураҳмонова, М. Султонов, А. Ҷўраев андешаронӣ карда, китобҳои мазкурро падидаи муҳим дар илми забоншиносии тоҷик номиданд.

Декани факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ Р. Шодиев, Декани факултаи филологияи ДМТ М. Маҳмудзода дар баромадаш ба саҳми профессор С. Назарзода дар риштаи фарҳангнигорӣ ишора намуда, қайд кард, ки имрўз фарҳангҳо ва луғатномаҳои соҳавие, ки бо ибтикор ва иштироки бевоситаи ин муҳаққиқи шинохта таълиф ва нашр шудаанд, аз ҷумлаи китобҳои рўимизии олимону адибон, муҳаққиқон, мутахассисон ва алоқамандон мебошанд.

Бояд зикр кард, ки дар ин ҳамоиш дар баробари баррасии муҳтавои китобҳои пешниҳодгардида, як қатор масъалаҳои марбути амалӣ сохтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», роҳҳо ва заминаҳои такмили забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм, истифодаи зарфиятҳои он ва масъалаҳои дигари муҳими рушди забони адабии тоҷикӣ ба миён гузошта шуданд. Ҳозирин бо дарназардошти вазъи кунунии забони тоҷикӣ ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳуриро дар мавриди омодаю баргузор намудани Анҷумани забоншиносони Тоҷикистон дастгирӣ намуданд.

Дар охири ҳамоиш профессор С. Назарзода ба ҳозирин изҳори сипос намуда, ба як қатор масъалаҳои мубраму муҳим ва аҳамияти илмию пажўҳишидоштаи забони адабии тоҷикӣ ишора намуд. Вай таъкид кард, ки мо масъалаҳои марбути забонро ҳамеша бояд аз нигоҳи илмӣ ва бо дарназардошти таърихи тўлонии инкишофи он баррасӣ намоем. Айни замон дар илми забоншиносии мо масъалаҳои омўхтаношуда ва ё камомўхташуда зиёданд. Агар мо ин проблемаҳоро аз нигоҳи илмӣ равшан созем, ҳар гуна кўшишҳои истифодаи худсарона аз сарватҳои забонамон аз байн меравад ва дар ҳамаи самтҳои амалии забон меъёрҳои забони адабӣ риоят мешаванд.

Бояд гуфт, ки имрўз забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дорад ва аз ин мақом Ҳукумати Тоҷикистон ва махсусан Пешвои миллат  Президенти ҷумҳурӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ менамоянд. Сарвари давлат забони тоҷикиро «моли халқ, мероси миллат ва сармояи маънавии давлати соҳибистиқлол» номидаанд. Ҳар як соҳибзабон ин мақому мартабаи баланди забони тоҷикиро бояд дарк намояд ва ба он арҷ гузорад.