Дар рӯзи дарҳои кушод ҳудудан ду ҳазор нафар аз Китобхонаи миллӣ дидан карданд

Ҳудудан ду ҳазор нафар сокинон ва меҳмонони пойтахти кишвар аз субҳ то анҷоми соати корӣ аз Китобхонаи миллӣ дидан намуданд. Аксари онҳо донишомӯзони мактабҳои олии кишвар буданд, ки имсол шарафи донишҷӯ шудан насибашон шудааст. Зумрае меҳмонони пойтахт аз навоҳии атрофи шаҳри Душанбе ва чанд тани дигар афроди хориҷӣ аз ҷумлаи сайёҳон буданд.

Аз сари субҳ кормандони Китобхона чун анъанаи солҳои пеш худро ба пазироии меҳмонон омода карданд. Дари асосии он ки аз зинаҳо ба ошёнаи дуюм мебарад, боз гардид ва хонандагон гурӯҳ-гурӯҳ вориди бино шуданд. Дар ошёнаи дуюм онҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо карданд ва ба ҳар гурӯҳ роҳбаладе таъин намуданд, то меҳмононро бо Китобхона аз наздик ошно созад.

Меҳмонон аввал аз шӯъбаҳо дидан карданд, баъдан бо толорҳои хониш аз наздик ошно шуданд. Роҳбаладон ба онҳо гуфтанд, ки дар ин бунгоҳи маърифат миллионҳо адад китоб маҳфуз аст, ки солҳои гуногун на танҳо дар кишвар, балки хориҷ аз он чоп шудаанд. Ганҷи бештар аз ҳафтодсолаи замони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон узве аз ин иттиҳод буд, дар бойгонӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Аммо пурарзиштарин ганҷинаи Китобхонаи миллӣ дастхатҳои қадима, нусхаҳои қаламӣ ва китобҳои чопи сангист. Ин китобҳо солҳо ва асрҳои гуногун аз ҷониби хаттотони мухталиф китобат шудаанд ва ё дар чопхонаҳои маъруфи олам рӯи чоп омадаанд. Ин китобҳоро дар солҳои гуногун масъулини китобхона аз миёни мардум ҷамъоварӣ намудаанд ва теъдоде аз онро харидорӣ кардаанд. Нусхаҳое ҳастанд, ки пажӯҳишианд ва бояд донишмандон онҳоро омӯзанд.

Осорхонаи китоб яке аз беҳтарин тамошогаҳ дар ин боргоҳи маърифат аст. Дар он аз осори қадима то имрӯз намунаҳо нигаҳдорӣ мешавад ва масъулин имрӯз ба афроди тозаворид дар бораи ин китобҳо мушаххас ва муфассал маълумот хоҳанд дод.

Навори видеоӣ аз лаҳзаҳое ҷудогонаи вуруди хонандагон ба Китобхона