Боздиди Сафири Молдова аз Китобхонаи миллӣ

20 -уми ноябри соли равон сафири Ҷумҳурии Молдова дар Душанбе ҷаноби Андрей Негутса бо ҳайати кормандонаш ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф овард Меҳмони олиқадро дар саҳни Китобхона роҳбарияти Китобхонаи миллӣ пешвоз гирифтанд.

Сараввал, меҳмон аз мусаввараи таърихӣ, ки дар ошёнаи сеюми Китобхона ҷойгир аст, дидан намуданд. Мусаввара маҳсули дасти наққоши шинохтаи кишвар Сабзалӣ Шариф аст, ки таърихи панҷ ҳазорсолаи мардуми тоҷикро фаро мегирад. Мусаввир ин мусаввараро муддати 20 соли фаъолияташ ба риштаи тасвир кашида, ба Китобхонаи миллӣ тақдим намудааст ва имрӯз он як рамзи ифтихории Китобхона маҳсуб меёбад.

Сипас, меҳмонон аз осорхонаи китоб, ки дастхатҳо ва китобҳои чопи сангӣ нигаҳдорӣ мешавад, дидан намуданд.

Дар осорхонаи китоб зиёда аз 100 нусха дастхатҳои нодир, ки  қадимтарини онҳо ба асрҳои 13 -14 маҳсуб меёбад, нигаҳдорӣ мешаванд. Ин дастхатҳои нодир “Таърихи табарӣ”-и Абуҷафъар Муҳаммад ат –Табарӣ, “Дувалронӣ ва Хизрхон”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ, “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, “Девон”-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, “Гулистон”-у “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ ва ғайра мебошанд.    

Баъдан, меҳмонон аз толори китобҳои тозанашри даврони истиқлолият дидан намуданд. Дар толори китобҳои тозанашр зиёда аз 800 нусха адабиёти нав ба намоиш гузошта шудааст.

Ҳамчунин сафири Ҷумҳурии Молдова дар Душанбе ҷаноби Андрей Негутса бо ҳайати кормандонаш аз толори хониши тиб ва толори хониши электронии Китобхона дидан намуда, ба шароиту имконоти хониш ва омаду рафти хонанда дар Китобхона баҳои баланд доданд.

Ба меҳмонон шиносоӣ бо Китобхонаи миллӣ таассуроти нек  гузошт.

Фаридун Азизов
Аксҳои Хусрави Милод
Шуъбаи тарғиб ва
баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ