Сафири Куриёи Ҷанубӣ бо Директори Китобхонаи миллӣ мулоқот кард
Нашр шуд 2018-02-01 13:04
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдусалом Мирализода Сафири Фавқулодда ва Мухтори Куриёи Ҷанубӣ Ли Вучёлро ба ҳузур пазируфт.
Директори Китобхонаи миллӣ меҳмони олиқадрро бо таърихи бунёди Китобхонаи миллӣ, шароити он, толорҳои хониш, бойгонӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ғайра ошно намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Китобхонаи миллии Толҷикистон бо Китобхонаи миллии Куриё, Сафорати Куриёи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон ва Гӯшаи Куриё дар назди Китобхонаи милллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар мулоқот дигар мавзуҳои марбут ба китобу китобдорӣ, табодули кормандони китобхонаҳои ҳарду кишвар, фаро гирифтани кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба курсҳои такмили ихтисос барарсӣ шуданд.