Сайфиддин Назарзода дар Конгураи байналмилалии Остона аз дастхатҳои нодири Китобхонаи миллӣ ҳикоят кард
Нашр шуд 2016-09-21 13:21
Директори Китобхона миллии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Назарзода ба ширкаткунандагони Конгураи байналмилалии китобдорон, ки ахиран дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шуд, дар бораи китобҳои нодир ва дастхатҳои қадимии мавҷуда дар бойгонии китобхонаи миллӣ нақл кард.
Сайфиддин Назарзода, ки дар мавзуъи «Мероси хаттӣ-моликияти халқӣ” суханронӣ мекард, гуфт, ки дар айни замон 2586 ҷилд дастхатҳои қадима ва 2439 ҷилд китобҳои нодир бо забонҳои тоҷикӣ-форсӣ, арабӣ, узбекӣ ва дигар забонҳо гирдоварӣ шудаву нигаҳдорӣ мешаванд. Ҳамаи ин дастхатҳо ва нусхаҳои чопии қадима бузургтарин сармояи миллӣ маҳсуб мешавад.
Директори Китобхонаи миллӣ ҳамчунин гуфт, ки “Дурдонаҳои китобхонаи мо дастхатҳои олимону адибони асрҳои миёна - Ат-Табарӣ “Таърихи Табарӣ”, “Таърихи Фирӯзшоҳ”-и Зиё Баранӣ, “Рисолаи азҳавия” (мутааллиқ ба асри XVI), “Тазкираи Буғрохонӣ”-и ибни Сино (аз асрҳои XV-XVI), “Тазкират-уш-шуаро”-и Давлатшоҳи Самарқандӣ (асри XVII), «Ахлоқи Муҳсинӣ» -и Ҳусайн Воиза Кошифӣ (асри XVII), «Захират-ул-мулук»-и Алӣ Ибн Шаҳобиддин ал-Ҳамадонӣ (асри XVIII), «Қарободини Қодирӣ»-и Муҳаммад Акбари Арзонӣ (асри XVIII), «Ганҷ-ул-олам»-и Низом ибни Хоҷа Яъқуб ал-Ҳисорӣ (асри XVII), «Чаҳор боғи гулҳо»-и Муҳаммад Одил ал-Бухорӣ (асри XIX), «Таъбири Султонӣ»-и Низомулмулка (асрҳои XVI-XVII), «Ҳандаса» ва «Сӣ фасл дар илми нуҷум»-и риёзидони маъруф ва ахтаршинос Хоҷа Насриддини Тӯсӣ (дастхати асрҳои XV- XVII) ва ғайраҳо мебошанд.
Ба андешаи Сайфиддин Назарзода, нусхаҳои хаттии муаррихи машҳури Шарқ Хондамир (соли вафоташ 1535) ва асарҳо оид ба тибби олим ва табиби Ҳинд Ҳаким Муҳаммади Шарифхон, ки ахиран дарёфт шудаанд, аҳамияти фавқулодда муҳим доранд.
Директори Китобхонаи миллӣ ҳамчунин аз мавҷудияти дастхатҳои нодири “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ, китобҳои “Гулистон” ва “Бӯстон”-и Шайх Саъдии Шерозӣ, ки соли 1258 хаттотӣ шудааст, нусхаҳои гуногуни “Девон”-и Хоҷа Ҳофиз, «Табақот-уш-шуаро»-и Муҳаммад ал-Ҳусейни Астарободӣ, «Баҳр-ул-ҳавос»-и Муборакшоҳ, «Маҳбуб-ул-қулуб»-и Мирзо Бархӯрдори Туркман, «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, “Хамса”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ, “Мақомоти Мавлавӣ Ҷомӣ”-и Мавлоно Камолиддин ва ғайра нақл кард.
Вай ҳамчунин гуфт, ки бузугтарин асарҳои удабо ва олимони форсзабон ва дастхатҳои нодире, ки дар бойгонии Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфузанд, бо хати настаълиқ дар коғази рангаи истамбулӣ навишта шудаанд.
Сайфиддин Назарзода дар бораи аҳамияти илмии иддае аз китобҳо ва дастхатҳои нодири Китобхонаи миллӣ муфассал ҳикоят кард. Вай аз ҷумла гуфт, ки «Илоҷ-ул-амроз»-и Ҳаким Муҳаммади Шарифхон дар бораи чандин бемориҳо, аз ҷумла касалиҳои сар ва роҳҳои табобати онҳо ва ғайра маълумоти муфассал ва хеле муфид медиҳад. 27 боби китоб рӯйхати алифбоии доруҳоро дар бар мегирад.