Даричаи ошноӣ: Мирзо Абдулқодири Бедил

Абдулқодир Бедил ё Бедили Диҳлавӣ шоир, нависанда ва файласуфи бузург Мирзо Абдулқодири Бедил шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад. Ӯ дар сарзамини Ҳиндустон чароғи илму адаби моро боз ҳам фурӯзонтар кард. Дар қарнҳои минбаъда ҳамзамононаш ба ӯ унвони фахрии Абулмаонӣ, яъне падари маъниҳоро муносиб диданд.

Мирзо Абдулқодири Бедил шоир, насрнавис, файласуф ва мутафаккири форсизабони Ҳиндустон буда, дар байни тоҷикони Осиёи Миёна ва Афғонистон шӯҳрати бузург дорад. Бедил дар эҷодиёти худ умдатарин қисмати осори бадеӣ ва ҳунари адабии шоирони форсу тоҷикро аз Рӯдакӣ то Ҷомӣ ва андешаҳои адабию фалсафии Саноию Аттор, Ҷалолуддини Румӣ ва Ибни Арабиро таҳлил намудааст. Фалсафаи бостонии Эрони Қадим, Юнону Ҳинд ва араб ба инкишофи ақидаҳои адабию фалсафӣ замина гузоштаанд, ки дар натиҷаи бардошт аз дастовардҳои гузаштагон Мирзо Бедил афкори фалсафии хешро қавӣ намуд.

Аҳли илму адаб Бедилро бо унвони Абулмаонӣ ёд мекунанд, ки ифодаи падари маъниҳоро дорад. Падар ва бобои Бедил аз мардуми атрофи Самарқанд буда, дар замони хунрезиҳои мазҳабии хонҳои ӯзбек ва Сафавиёни Эрон тарки ватан карда, рӯ ба Ҳинд овардаанд. Гузаштагони Бедил аз сипоҳиён будаанд ва худи ӯ низ сипоҳизода аст. Садриддин Айнӣ ба таркиби номи Бедил ва хешовандонаш илова гардидани калимаи «мирзо»-ро далели сардори бузург будани яке аз гузаштагонаш донистааст.

Бедил забони худро форсӣ гуфтааст. Ў дар шаҳри Азимобод таваллуд шуда, дар тифлӣ аз падар ятим мондааст. Тарбияи модари хушсаводашро гирифта дар 5-6 солагӣ ба мактаб рафтааст. Дар 7- солагӣ Қуръонро аз ёд карда, то 10-солагӣ ба омӯзиши сарфу наҳви арабӣ ва мутолиаи осори назму насри форсу тоҷик шуғл варзид. Соҳиби истеъдоди фавкулоддаи фитрӣ буд.

Баъди вафоти падараш тарбияи Бедилро амакаш Мирзо Қаландар ба ӯҳда гирифт. Бо ташвиқи амакаш мадрасаро тарк намуда, (дар назари Мирзо Қаландар таҳсил дар мадраса афсонахонӣ буда, монеи равнақи истеъдоди хақиқӣ мешуд), ба худомӯзӣ гузашт. Илмҳои расмӣ ва тасаввуфро аз шайх Камол ном шахс, тафсиру ҳадис ва адабиёти арабро дар пеши тағояш – Мирзо Зариф омӯхт.

Ташаккули афкори Бедил ба маҳфили Мирзо Қаландар сахт вобастагӣ дошт. Дар маҳфили ӯ донишмандон, аҳли дину оинҳои гуногун иштирок доштанд, ки Бедил онҳоро устодони маънавии худ медонад. Ақидаҳои адабию фалсафии Бедил аз ду сарчашма, сарчашмаи исломӣ ва ҳиндӣ шодоб гардидаанд.

Бедил дар 12-16-солагӣ ба таъсири таълимоти дини илоҳӣ ба илму дониш ва тариқатҳои мухталифи динӣ майл кард. Дар 17-солагӣ ҳамроҳи тағояш Мирзо Зариф ба мулки Удеса (ҷануби Ҳиндустон) сафар карда, бо олим ва рӯҳшиноси машҳур Шоҳ Қосими Ҳуваллоҳӣ шинос шуд ва дар назди  ӯ се сол дониши худро такмил дод. Баъди ин ба  шеър гуфтан сар кард. Дар ин айём Мирзо Зариф ва Мирзо Қаландар паиҳам аз олам гузаштанд. Бедил дар 21- солагӣ ба роҳи зиндагии мустақил ва ба пояи нави фикрӣ қадам гузошт. Шоир зодгоҳи худро тарк намуда, ба Дехлӣ рафт ва бо Шоҳкобулӣ ном маҷзуби ҳиндинажод шинос шуда, ба тариқати маҷзубия майл кард.

Муаммои илми сеҳр (гипноз) ва амалиёти соҳирии Шоҳкобулӣ, ки Бедилро чанд маротиба аз «таҷрибаи психологӣ» гузаронида буд, шоири файласуфро дар ҳайрат гузошт. Бедил бо неруи тавонои ақл асрори ин илмро кашф кард. Вай аз унсурҳои илми сеҳр дар эҷоди бадеӣ истифода карда бошад ҳам, пояи ақидаи Шоҳкобулиро «олами хоб» донист ва андешаю фаҳмиши фалсафии худро, ки ба «олами бедорӣ» ва «огоҳӣ» асос ёфтааст, ба он муқобил гузошт.

Бедил дар 25-солагӣ хонадор шуда, барои таъмини маишати оила чанд вақт дар дарбори Аъзамшоҳ касби падар - сипоҳигариро ихтиёр кард. Вале навкарии Аъзамшоҳ ва муҳити дарбор ба эътиқоду табиати озодихоҳ ва маъниҷӯи Бедил созгор наафтод. Яке аз наздикони Бедил шоирии ӯро ба шоҳзода хабар дод, шоҳзода аз Бедил дар мадҳи худ қасидае дархост кард. Бедил ин муддаоро рад кард ва аз хизмати шоҳ даст кашид.

Бедил пас аз тарки навкарӣ аз Деҳлӣ ба Акбаробод (Агра) рафта, дар маҳфилҳои адабӣ иштирок карда, бо шоиру донишмандони давр Зуҳурӣ, Иззат ва дигарон ошноӣ ва бо ҳокими фозилу шеърдӯст Мири Комгор дӯстӣ пайдо кард. Ин давра дар инкишофи фикрии шоир марҳилаи наве буд. Ӯ донишеро, ки аз манбаъҳои ҳиндию исломӣ гирифта буд, ба мизони ақл санҷида, ба олам бо назари тоза менигаристагӣ шуд. Ин ҳол боиси афзудани зиддиятҳои ақидавии Бедил ва дигар аҳли илму адаб гардида, беш аз ин дар Акбаробод таваққуф карда натавонист ва ба Деҳлӣ баргашт. Вале Деҳлӣ низ ҷои осоиш набуд. Дар натиҷаи авҷи амалиёти мутаассибонаи Аврангзеб (солҳои 1658-1707) вазъи сиёсии пойтахт тезу тунд гардида, дар музофотҳо шӯриш ба амал меомад. Бедил бо маслиҳати дӯстон дар сурати маҷзуб ба Лоҳур (Панҷоб) рафт. Ин дафъа маҷзубии ӯ як навъ ниқоби муҳофизат аз ошӯби давр буд.

Дар ин сафар Бедил бо яке  аз олимону шоирони давр бо Шукруллохони Наввоб вохӯрда унс гирифт. Бо ёрии Шукруллохон дар Лоҳур, Кашмир, Мултон, Сарҳинд ва ҳоказо саёҳат карда, бо олимон, шоирон, донишмандони мусулмону ҳинду сӯҳбатҳои илмию адабӣ орост. Ин сӯҳбатҳо барои Бедил як мактаби тоза буданд ва ба табъу андешаи файласуфи навҷӯю навгӯ мувофиқ афтоданд. Дар ин ҷо «Упонишот», «Маҳабҳарата» барин асарҳои илмию фалсафии дар замони Дорошукӯҳ ба форсӣ тарҷумашудаи ҳиндиро, ки дар китобхонаи Шукруллохон маҳфуз буданд, мутолиа кард. Зиндагии Бедил то соли1696 дар шаҳрҳои гуногуни Ҳиндустон бо сарпарастии Шукруллохон гузашт. Баъди Шукруллохонро ба Деҳлӣ даъват карда, мансаби баландтаре додани Аврангзеб Бедил низ ба Деҳлӣ омада, то охири умр он ҷо монд.

Бедил дар шароити таърихии сиёсию иқтисодии мураккабе зиндагӣ ва эҷод карда, дар муддати 77 соли умри худ 11 подшоҳро дидааст.

Бедил адиб ва файласуфи сермаҳсул буд. Аз мероси ӯ 65 ҳазор байт осори манзум ва қариб 50 ҷузъи чопӣ асарҳои насрӣ боқӣ мондааст. Қисми асосии асарҳои Бедил дар «Куллиёт»-аш, ки соли 1882 дар Бомбей чоп шудааст, гирд омадаанд: «Дебоча», «Ирфон», «Тури маърифат», «Нукот», «Ишорот ва ҳикоёт», «Руқаот», «Чор унсур», «Муҳити аъзам», «Тилисми ҳайрат», «Ғазалиёт», «Рубоиёт», «Қасоид», «Қитъаот», «Таркибот ва тарҷеот», «Ташбеҳот ва тамсилот» ва ғайра. Ғайр аз асарҳои чопии Бедил дар деҳаю шаҳрҳои Осиёи Миёна нусхаҳои сершумори дастнависи осори шоир дар китобхонаҳои шахсӣ мавҷуданд.

Асарҳои Бедил масъалаҳои гуногунро дар бар гирифтаанд. «Тилисми ҳайрат» (1669) дар шакли маснавӣ ва дар вазни ҳазаҷи мусаддаси мақсур гуфта шуда, аз 3750 байт иборат аст. Мавзӯи ин асар муносибати тан ва рӯҳи инсон аст. Бедил рӯҳи инсонро ба подшоҳе монанд кардааст, ки аз олами қудс фуруд омада, мамлакатеро, ки асосаш хоку боду оташу об аст, ба даст медарорад. Дар асар як навъ талаб ва шарти хоси маърифат пешниҳод гардида, Бедил таълимоти устодони исломии худ ва ақидаи Шоҳкобулиро, ки шоир чанд муддат дар зери таъсири ӯ монда буд, рад кардааст. Хулосаи фикри Бедил ин аст, ки асли маънии ҳар гуна ақида ба шуури инсон вобаста буда, заминаи он дар олами воқеӣ вуҷуд надорад ва инсон аз рӯи дараҷаи фаҳмиши худ ба он маънии «бенишон» нишонаҳоеро нисбат медиҳад. Агарчи Бедил дар ин асар ҳолатҳои рӯҳонӣ ва ҷисмонии инсонро бо истилоҳоти аҳли тасаввуф таъбир намудааст, ақидаҳои тарбиявию ахлоқии шоир бештар намудор мешаванд.

«Муҳити аъзам» (1681) маснавиест дар вазни «Шоҳнома» ва қариб 4500 байт дорад. Мундариҷаи асар аз ҳикоятҳои зиндагии аҳли тасаввуф иборат аст ва ақоиди фалсафии шоир доир ба офариниши олам бо санъати мисол шарҳу баён ёфтааст. Бедил аввалин маротиба нақши таҷрибаро дар тасвири бадеӣ ба миён гузоштааст.

Маснавии «Тури маърифат» (1687) 1500 байт буда, дар вазни «Тилисми ҳайрат» таълиф ва ба Шукруллохон бахшида шудааст. Кӯҳистони Байрот  (дар Бангола) бо тамоми ҷилваҳои табиати шодобу пур аз маъданаш устодона тасвир ёфтааст. Бедил кӯҳи Байротро ба Тури Мӯсо муқобил гузошта, қайд мекунад, ки агар он «Тури таҷаллии нури илоҳӣ» бошад, ин «Тури таҷаллии маърифат» аст.

Манбаъ: Энсиклопедияи советии тоҷик, ҷилди 1

Хонандагони азиз дар Китобхонаи миллӣ метавонанд бо ин асарҳои Мирзо Бедил ва таҳқиқоти пурарзиши муҳаққиқони осораш ошно шаванд:

Аз осори адиби маъруф

Бедил, М. А. Рубоиёт .–Сталинобод:  1961. – 92 с .
Бедил, М. А. Куллиёт, Душанбе, “Адиб”, соли 1983
Бедил, А. Саду як ғазал .–Душанбе: Ирфон, 2009. – 104с.
Бедил, А .Осор .–Душанбе: Адиб, 2016. – 480 с.

Адабиёт дар бораи А. Бедил

Бедил. Нигаҳи ойинабанд: Шеърҳо // Фарҳанг . – 1992. – №1-2. – С. 36-41.
Ҳабиб, А. Симои инсон дар шеъри Бедил  / Омодасоз Шодӣ Шокирзода // Адаб . – 1993. – №5-6. – С. 2-8.
Бедил. Иттифоқ  аст он, ки ҳар душворро осон намуд: Ғазал // Маърифат . – 1994. – №9-10 . – С. 19.
Раҳимӣ, Б. Захми майдонҳо кашад, то дил кушояд мардро: Шарҳи ғазали Бедил // Маърифат . – 1998. – №12. – С .27.
Нуров, Н. Соҳиби хулқи накў гулҳо ба доман доштааст: Дар бораи андешаҳои ахлоқии орифи ҳақшинос ва файласуфи дақиқандеш Мирзо Бедил // Чархи гардун . – 1999. – 27 май.
Бедил, М. А. Рубоиёт: Баёзи рози ниёгон  //Адабиёт ва санъат. – 2001. – 7 сентябр.
Раҳимӣ, Б. Маълумоти сарчашмаҳо дар бораи Бедил //Садои Шарқ. – 2007. – №4. – С.80.
Раҳимӣ, Б. Чанд сухан дар бораи баъзе нусхаҳои хаттии осори Бедил //Садои Шарқ. – 2007. – №11. – С.67-88.
Мухторов, А. Дар сари турбати Бедил: Таассуроти муаллиф аз Ҳиндустон // Адабиёт ва санъат . – 2007. – 22 феврал.
Раҳимӣ, Б. Бедил ва муддати сипоҳигарии ў: Мирзо Абдулқодири Бедил // Садои Шарқ. – 2008. – №8. – С.137-148.
Бедил, М. А. “Чор унсур” //Садои Шарқ. – 2008. – №3. – С.124-155.
Бухороӣ, О. Муруре дар гулгашти як байти Бедил: Мирзо Абдулқодири Бедил // Адаб . – 2011. – №2. – С.51-61.
Одина, М. Кафи хоке, ки барбодаш тавон дод: Андешаҳо перомуни як байти Бедил // Омўзгор . – 2012. – 19 октябр.
Аҷамӣ, М. Бедил, Каломи Ҳофиз шуд ҳодии хаёлам: Абёте чанд аз Хоҷа ва Бедил // Адабиёт ва санъат . – 2012. – 20 сентябр.
Олимҷонов, М. Шоири оинаҳо: Маълумоти мухтасар аз ашъори Мирзо Абдулқодири Бедил // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 24 январ.
Раҳимӣ, Б. Зистномаи Бедил: Мирзо Бедил – шоири классик // Садои Шарқ . – 2013. – №1. – С.136-143.
Шарифов, М. “Куллиёт”-и бо дасти худи Бедил навишташуда кай вориди Бухоро шуд: Роҷеъ ба “Куллиёт”-и Бедил // Рўзгор . – 2014. – 29 январ.
Шарифов, М. “Куллиёт”-и Бедил ва хатти ў дар Осиёи Миёна: Бозёфти “Куллиёт”-и Бедил // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 6 феврал.
Аҷамӣ, М. Оина биёред, ки дидор нависанд...: Нигоҳи нав аз ашъори Бедил // Адабиёт ва санъат . – 2016. – 24 ноябр.
Раҳимӣ, Б. Доғи ҳавои саҳрост, ҳарчанд лола боғест: Шарҳи як ғазали Бедил // Адабиёт ва санъат . – 2016. – 18 август.

Сахифаи Бедил дар Фейсбук

Масъули ин бахш  Шуъбаи библиографияи миллии
Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Таҳияи Зафар Ғолибов,
Истампулод Ормонов,