Бузургон дар ситоиши китоб.
Нашр шуд 2017-10-31 16:32
Дар бораи китоб зиёд гуфтанду мегӯем ва боз хоҳанд гуфт. Гулчине аз фармудаҳои бузургонро меорем ва ин фармудаҳо идомадоранд. Дар бораи китоб ҳар қадар гӯем, боз кам аст.
ХХХ ХХХ ХХХ
«Ман китобро чун гул мебўям, чун шахси меҳрубонтарин дар оғӯш мегирам ва чун сўҳбатнигори вафодортарин дўст медорам».
«Китоб оинаи шафофтарин аст, фақат гуноҳро намегўяд ва илмро тўҳфа менамояд»
Екатеринаи Бузург
«Китоб - ин решагузори хирадмандист»
Коминский. Я.
«Китоби нағз –Васиятномаи беҳтарини нависанда ба инсоният аст».
Леон. Д.
«Китоб намиранда аст – насли абадии фаъолияти инсонист».
Самайлис.С.
«Бисёриҳо аз мутоилаи китобҳои фронсавӣ бехобӣ доранд, ман бошам дар ҳаққи адабиёти рус беморам».
Грибоедов.А.С.
«Офарандаи китоб муаллиф аст – тақдири минбаъдаи китоб ба виҷдони ҷамъият супурда мешавад».
Аз халқ
« Инсоният аз фикри солим бозмемонад , агар аз китобхонӣ даст кашад».
Денни Дидро, файласуф
«Халқи аз китоб маҳрум ба инсоне шабоҳат дорад, ки бе оина рўи худро дида наметавонад».
Расул Ҳамзатов
Нидо ба китобҳо
Шуморо ҳамчу Осӣ зинда гўронданд,
Шуморо чун Буруно зинда сўзонданд.
Шуморо ҳам хафа карданд, афшурданд, озурданд,
Шуморо ҳам ба зери дорҳо бурданд,
Шуморо ҳамчу як қонуншикан куфтанд.
Чу ҳисёнгар, чу вайронгар ,
Басо бераҳм парронданд,
Шумо дар чоҳҳо, дар ғорҳо,
Дар гўрҳои кўҳна мадфунед.
Шумо матруки дарёҳо,
Шумо матруки саҳроҳо,
Шумо ҳам ғарқи хунед,
Шумо дар хоку хун ғалтон.
Шуморо сўхт Искандар,
Кутуба кард хокистар,
Шуморо кушт Чингизхон.
Шумо бо буғзу ноинсофии хонандагони хеш
Чи ҷанги беамон кардед,
Ки охир қаҳрамон мурдед…
Лоиқ Шералӣ
Ҷамъоварӣ ва тарҷимаи
Моҳира Бахшова,
Сардори шуъбаи АБК