Аз хизмати АБК чӣ гуна бояд истифода бурд?

            Номаи хонанда

Ман ба фосила аз пойтахт дуртарам ва имконе надорам ҳар рӯз ба шаҳр равам ва аз Китобхонаи миллӣ истифода кунам. Албатта, ман узви ин китобхона ҳастам ва сари чанд вақт меравам. Бароям хеле осон даст медиҳад, ки адабиёти дилхоҳамро зуд пайдо ва мутолиа намоям. Аммо на ҳамеша чунин имкон дорам: кори хона, корхона, зиндагӣ...
Шунидам, ки роҳҳои ҳатто аз ноҳияҳо дархост кардани китоб ҳам вуҷуд доранд. Мехостам донам, ки инҳо кадом роҳҳоянд. Ва умуман мехостам матлаби муфассалтаре дар ин бора бихонам.


Сайида Мирзоева,
ноҳияи Рӯдакӣ

Ба номаи корбари сомона Сардори Шуъбаи Абонименти байни китобхонаҳо Моҳира Бахшова посух медиҳад.

Ба арзи шумо мерасонем, ки бо мақсади дуруст ба роҳ мондани хизматрасонии китобдорӣ тавассути АБК, қабл аз ҳама, муқаррароти соҳавӣ, теъдоди умумӣ ва мавқеи ҷойгиршавии китобхонаҳои мамлакат ва мазмуну мундариҷаи фондҳои онҳоро мавриди омўзиш қарор додан ба мақсад мувофиқ мебошад. Муссалам аст, ки дар шароити кунунӣ китобхонаҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, китобхонаҳои донишкадаву донишгоҳҳо, литсею коллеҷхо, омўзишгоҳу мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бо китоб ва дигар ҳуҷҷатҳои солҳои охир нашршуда, то андозае таъмин карда шудаанд.

Аммо на ҳамаи китобҳои тозанашр ва бахусус бо теъдоди кам интишорёфтаро аз фонди китобхонаҳои шаҳриву ноҳиявӣ пайдо кардан имконпазир аст.  Илова бар ин, китобхонаҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ китобҳои тозанашрро ҳамчун нусхаи ҳатмӣ намегиранд. Имрўз талабот ба истифодаи адабиёти солҳои пеш интишорёфта, маҷаллаҳои илмиву реферативӣ, санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба ва дуҷониба, Ахбори  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар нашрҳои расмӣ зиёд шудааст. Ин гуна ҳуҷҷатҳоро китобдорон маҳз тавассути абонементи байни китобхонаҳо, аз китобхонаҳои калонтарини ҷумҳурӣ ва дар ҳоли дар фонди онҳо вуҷуд надоштани чунин адабиёт аз китобхонаҳои мамолики хориҷ дархост карда метавонанд.

    Баъд аз қабули дархостҳои пешниҳодшуда, роҳи дурусти интиқоли он, аввал дар ҳудуди ноҳия, шаҳр, вилоят, ҷумҳурӣ (яъне китобхонаҳои миллӣ ва ҷумҳуриявие, ки дар пойтахт ҷойгиранд) ва сипас берун аз он муайян карда мешавад.  Фарз кардем, хонандаи китобхонаи деҳот, ноҳия ва ягон муассисае, ки китобхона дорад бо дархост ба китобхонаи ноҳия муроҷиат менамояд. Дар мавриди ёфт шудани мавод дархости хонанда бо воситаи абонементи байни китобхонаҳо иҷро карда мешавад. Дар акси ҳол китобдори китобхонаи ноҳия дархостро метавонад ба китобхонаи вилоятӣ ва ё Китобхонаи миллӣ равон кунад.

Ҳангоми таҳияи дархост хонанда ба маводе, ки тавассути АБК талаб карда мешавад, ба ҳар як  нашри дархостшаванда варақа-дархост пур мекунад. Варақа-дархост ин санади ягонаи додугирифти китоб байни китобхонаҳо барои тамоми китобхонаҳои низоми АБК ба ҳисоб меравад. Масалан, дархостҳо аввал аз китобхонаи деҳот ба китобхонаи марказии ноҳия, баъд ба китобхонаи вилоятӣ равон карда мешаванд. Дар китобхонаи вилоятӣ шахси масъули АБК нашри дархостшударо аз рўи феҳристи ягонаи китобхонаҳои вилоят ҷустуҷуӣ карда, талаботро қонеъ мегардонад. Дар ҳолати ёфт  нашудани маводи дархостшуда китобхонаи вилоятӣ дархостро  ба Китобхонаи миллӣ ирсол мекунад.

Варака-дархостҳо, ки бо воситаи АБК фиристода мешавад, бояд бо мўҳри китобхона ва имзои  шахси масъул тасдиқ карда  шаванд. Дархостҳо бо хати фаҳмо ва бехато пур карда шуда, дар он тарзи дурусти тасвири библиотграфии нашри талабшуда (ном ва насаби муаллиф, унвони китоб, маълумоти зери сарлавҳа, ҷойи нашр, номи муассисаи интишоротӣ, сол ва саҳифаҳои нашр) мақсад ва вазифаи  хонанда нишон дода мешавад. Дархостҳое, ки ба китобхонаи миллӣ аз китобхонаҳои ҷумҳурӣ ворид мегарданд, дар марҳилаи аввал бо истифода аз фондҳои худи Китобхонаи миллӣ, баъдтар аз рўи мавзўъ аз фондхои дигар китобхонаҳои илмӣ-соҳавӣ ҷустуҷў карда мешаванд. Дар мавриди пайдо нашудани ҳуҷҷати дархостшуда, он ба  китобхонаҳои Иттиходи Давлатҳои Мустақил равона карда мешавад.

Барои коркард ва иҷрои саривақтии дархостҳо тавассути АБК  китобхонаҳо бояд картотекаи номгўи китобхонаҳое, ки дар он китобхона аъзо мебошад, таҳия намоянд. Инчунин картотекаи формулярҳоро ташкил диҳанд.

Дар кортатекаи якум дар баргаҳои махсус суроғаи китобхона ва рақами абонент нишон дода мешавад. Дар картотекаи дуюм бошад, маълумотҳо оид ба ҳуҷҷатҳои фиристодашуда ва ё дархостшуда ҷамъ оварда мешаванд.

Чун қоида, соле як маротиба картотекаҳо таҳлил ва дар асоси онҳо гардиши китоб муайян карда мешавад. Мавҷудияти чунин картотекаҳо барои таҳлили фаъолияти абонементи байни китобхонаҳо, дороӣ ва ноқисии фонди китобӣ, воридоту содироти дархостҳо ва вазъи қонеъ намудани дархостҳо бо истифода аз фонди китобхонаҳо шароит муҳаё сохта, имкон медиҳад, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ тавассути АБК тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.