Муҳтарам кормандони Китобхонаи миллӣ!
Мехостам дар бораи ин истилоҳ огоҳӣ ёбам:
Абонименти байни китобхонаҳо.
Ин чӣ аст? Шуъбае, ки бо ин ном амал мекунад,
чӣ таърих дорад ва ба чӣ кор машғул аст?
Иноят Салимова, шаҳри Қурғонтеппа
Ба саволи хонанда Моҳира Бахшова, Сардори Шуъбаи Абонементи байни китобхонаҳо ва расонидани ҳуҷҷатҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон посух медиҳад.
Муҳтарам Иноят Салимова! Аз таваҷҷуҳатон ба кори Китобхонаи миллӣ изҳори ташаккур мекунам. Ба арзи Шумо мерасонам, ки тибқи банди 2-и Қарори Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон аз 17-апрели соли 2001, таҳти рақами 181 дар бораи тасдиқи «Созишнома оид ба созмондиҳии маҷмўи абонементи байникитобхонавии кишварҳои аъзои ИДМ» дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ шуъбаи абонементи байникитобхонавии ИДМ созмон дода шуд.
Шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо ва расонидани ҳуҷҷатҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон фаъолияти илмӣ ва методиро дар соҳаи АБК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда , кори китобхонаҳои мамлакатро дар ин самт ҳамоҳанг месозад.
Самтҳои асосии фаоълияти АБК ва КМТ:
- таъмин намудани ҳуқуқи дастёбии озоди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манобеи иттилоотӣ ва китобдорӣ тавассути АБК ва РҲ;
- қонеъ намудани эҳтиёҷоти истифодабарандагони хориҷӣ ба китобҳои дар Тоҷикистон интишорёфта;
- ташкил ва баргузории корҳои методӣ, тарғиби сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат ,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби муштариён тавассути сименарҳо , конфронсияҳо, вохўриҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ- фарҳангӣ оид ба фаъолияти АБК ва КМТ;
- мусоидат ба рушди самарабахши низоми миллии АБК ва ҳамкории он бо китобхонаҳои мамолики хориҷ.
Вазифаҳои асосии АБК ва КМТ:
Соли 2003 АБК тавассути шабакаи байналмилалии Интернет китобхонаҳои калонтарини Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро оид ба омода будани Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати доду гирифти адабиёт огоҳ намуд.
Фаъолияти шуъбаи абонементи байни Китобхонаҳои КМТ бо китобхонаҳои миқиёси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ сол то сол фаъол гардида истода аст. Вазифаи асосии АБК расонидани адабиётҳои дархост гардида, нусхаҳои мақолаҳои рўзномаву маҷаллаҳо, бобу қисмҳои китоб, ҳуҷҷатҳои расмӣ ва маълумотҳои библиографиро ба воситаи Интернет ва дигар манбаъҳои алоқа ирсол намудан ба ҳисоб меравад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ёздаҳ моҳи соли 2016 шуъбаи АБК ба 7546 нафар истифодабарандагони ватаниву бурунмарзӣ хизмат расонидааст, ки ин назар ба нишондодҳои ҳамин вақтаи соли гузашта 4083- нафар муштариёнро зиёдтар ташкил медиҳад.