Нақши китоб ва китобхона дар тарбияи меҳанпарастӣ, худшиносии насли наврас бисёр ҳам бузург аст. Барои пурзўр намудани фаъолияти тарғиботию ташвиқотӣ дар ин самт бояд тавассути баргузории чорабиниҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ ҷалби мутахассисони варзида ба роҳ монда шавад.
Истиқрори Ваҳдати миллӣ ба рушди китобу китобдорӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард. Дар таърихи навини тоҷикон Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бист сол муқаддам рўзи 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоят душвору ноороми даврони истиқлолияти кишвар нуқта гузошт, саҳифаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз гардид.
Тавре ки дар суханронии Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст: «Санади тақдирсози сулҳ рамзи воқеии баҳамоиву сарҷамъии миллат, рамзи иттиҳоду ягонагии мардум, рамзи пирўзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардида, моро ба кохи бегазанди ваҳдати миллӣ расонид ва роҳи ояндаро ба сўи татбиқи нақшаҳои бузурги созандагӣ ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкорӣ оғоз кард».
Китобдории тоҷик баъди истиқрори сулҳ рушд ёфт ва хусусан дар эҳёи фарҳанги куҳанбунёди аҷдодӣ саҳми Ҳукумати Тоҷикистон, ки заминаи азнавсозиву рушди боэътимоди онро муҳайё сохтааст, қобили қайд аст. Пеш аз ҳама қабули қонунҳо, қарорҳо амру супоришҳои Сарвари давлат фаъолияти муассисаҳои фарҳангиро ба низом овард ва таъминоти моддиву маънавии онро муҳайё гардонид.
Нақши китоб ва китобхона дар тарбияи меҳанпарастӣ, худшиносии насли наврас бисёр ҳам бузург аст. Барои пурзўр намудани фаъолияти тарғиботию ташвиқотӣ дар ин самт бояд тавассути баргузории чорабиниҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ ҷалби мутахассисони варзида ба роҳ монда шавад. Талаботи имрўзаи ҷомеа ба мутахассисони китобдори баландихтисос, донандагони ду - се забонҳои хориҷӣ, бо малакаи истифодаи таҷҳизот ва технологияи замонавӣ дар пеши корхонаҳо ва муассисаҳои таълимӣ вазифаҳои нав мегузоранд.
Дар шароити сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ имкониятҳои фаровоне барои рушди фаъолияти китобдорӣ муҳайё гаштааст, ки мо бояд онро самаранок истифода барем. Инчунин насли наврасро зери таъсири фарҳанги волои аҷдодӣ ва навгониҳои пешқадамтарини замони муосир тарбия намоем ва ба дастовардҳои беҳтарини замонавӣ ноил гардем. Имрўз дар фаъолияти хеш диққати асосиро ба тарғиби ғояҳои ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, садоқат ба ватан, истиқлолият ва озодии миллӣ равона намоем.
Нигина Қурбонова,
Корманди шўъбаи
Абонименти байни китобхонаҳо