Нуҳ моҳи Шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо
Нашр шуд 2015-10-13 22:00
Зарфи нуҳ моҳи соли 2015 ба шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо 3463 нафар истифодабарандагон муроҷиат намуданд, ки 105 нафари онҳо хонандагоне мебошанд, ки нав аъзо шудаанд.
Бо дархости истифодабарандагон 8109 нусха адабиёт ба хона барои истифодаи муваққатӣ дода шуд.
Бо воситаи абонементи байни китобхонаҳо 38 нусха адабиёт ба вилояти Суғд, 35 нусха адабиёт ба вилояти Хатлон, 24 нусха адабиёт ба ВАБК ва 140 нусха адабиёт ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ирсол гардид.
Дар моҳи майи соли ҷорӣ аз ҷониби шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо Конфронси илмӣ-таълимии воҳурии хонандагони фаъоли шуъба бо аспирантҳо ва олимони ҷавон таҳти унвони «Чароғи маърифат» баргузор шуд, ки дар он зиёда аз 80 нафар иштирок карданд.
Ҳамчунин мизи мудаввар бо иштироки зиёда аз 40 нафар унвонҷўён ва олимони ҷавон дар мавзўи «Мақоми АБК дар хадамоти китобдории Тоҷикистон: дирўз ва имрўз» гузаронида шуд.
Дар “Рўзи китоб” бо ширкати 108 нафар донишмандон мизи мудаввар таҳти унвони “Чароғи равшан” гузашт.
Дар ин муддат таҳти унвони «Китобҳои нав», «Артиши миллӣ», «Наврўз - 2015», «Модарнома», «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ ҷиз фаромӯш намешавад», «Об - зиндагӣ», “Ҷавонон ояндасози миллат”, “Китоб сарчашмаи илму дониш”, “Истиқлолият шарафи миллат аст” намоиши китобҳои тозанашр баргузор гардид.
Бо Китобхонаҳои миллии Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Озарбойҷон, Арманистон, Молдова, Русия ва Ўзбекистон хизматрасонӣ тавассути абонемети байни китобхонаҳо барқарор карда шуд.