Дар толори “Қонуни забони тоҷикӣ” бо ташаббуси шуъбаи Абонементи байни китобхонаҳо бахшида ба Наврӯзи ҷаҳонӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Бо сухани ифтитоҳи Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода ҳозиринро ба фарорасии ҷашни Наврӯз муборакбод кард ва гуфт, ки ин танҳо як ҷашн нест, ин эҳёи табиат аст, ин баҳор аст, ин зиндагии тоза ва сабз аст. Мудири кафедраи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Қаҳори Расулиён дар мавзӯи «Наврӯзи ҷахонӣ худ ваҳдати миллист» суханронӣ кард. Вай гуфт, ки Наврӯз суннати ниёгон аст, ки ҳама асосҳои ваҳдатро дар худ таҷассум кардааст. Ва як оини он авфи гуноҳон ва даст додани инсонҳо ба ҳамдигар, то ранҷишҳои солро бубаранд, далолат ба он мекунад, ки Наврӯз ҳамеша бар пояи сулҳу ваҳдат устувор будааст. Устоди Донишгоҳи давлатии забонҳо Аслиддин Салимов дар мавзуъи «Идеяҳои умумишиносӣ дар «Наврӯзномаи»-и Хайём» мърӯза кард. Вай ин шоҳасари бузурги илмиро яке аз аввалин китобҳое номид, ки тақвими дақиқи оламиёнро тартиб додааст. Ҳозирон ҳамчунин маърӯзаи корманди Академияи илмҳои Тоҷикистон Абдуламин Маҷнуновро бо номи «Пайки Наврӯзӣ» шуниданд, ки хеле муассир буд. Дар ин конфронс беш аз 60 нафар аз ҷумлаи кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва аспиранту унвонҷуёни Академияи илмҳои Тоҷикистон иштирок намуда, аз таъриху пайдоиши Наврӯз огоҳ гаштанд.