Даъвати табибони оянда ба Китобхона
Нашр шуд 2016-10-18 06:10
Рӯзҳои 8 – ум ва 12 - уми октябри соли равон як гуруҳ кормандони шуъбаи абанименти байни китобхонаҳо ва шуъбаи техникӣ ва илмҳои дақиқякҷо бо шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба Донишгоҳи
давлатии тиббии Тоҷикистонколеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣбарои даъвати донишҷўёни курсҳои аввал ба Китобхона рафтанд.
Кормандони Китобхонаро раёсати донишгоҳ ва колеҷи техникӣ ба ҳузур пазируфтанд ва барои бо донишҷўён суҳбат намудан кумак расониданд.
Қобили зикр аст, ки дар барномаи пешниҳод гардида донишҷуёни факултаҳо иштирок доштанд. Дар рафти суҳбат бо донишҷўён кормандони китобхона аз шароити имрўзаи китобхонаи миллӣ маълумот доданд ва тарзи дастрас намудани адабиёт, яъне истифодаи қуттиҳои феҳристи китобхона, тарзи хизматрасониҳои толорҳо, истифодабарии технологияи иттилоотии дар китобхона, раванди автоматикунонӣ дар китобхона, шуъбаҳо ва марказҳои фарҳангӣ маълумот доданд. Дар охир аз тарафи кормандони китобхона ба саволҳои донишҷўён посухҳо дода шуд. Инчунин пеш аз анҷомёбии барномаа ба ширкаткунандагон варақаҳои таблиғоти тақсим карда шуданд.