Бахшида ба Рӯзи Ҷавонон

 Ҳукумати Тоҷикистон ҷавононро неруи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳама соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эътироф менамояд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳифзу пойдории истиқлолияти миллӣ, бунёди давлати муосир ва рушди ояндаи онро ба саҳми бевоситаи ҷавонон вобаста медонад ва бо истифода аз имконоти мавҷуда кўшиш мекунад, ки вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷавонон мунтазам беҳтар гардида, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.

 Баъди ба даст овардани истиқлолият Ҳукумати Тоҷикистон ба татбиқи сиёсати ҷавонон аҳамияти хосса зоҳир намуда истодааст. Институтҳои муҳими кор бо ҷавонон дар сатҳи ҳукуматӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташаккул ёфта, имрўзҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон иштироки фаъолона доранд.

 Ҷавонон дар ҷомеаи муосир  ба ҳайси як гурўҳи иҷтимоию демографӣ ба шумор мераванд, ки тамоми афроди ин қишрро дар асоси ҳусусиятҳои иҷтимоию психологӣ, синнусолӣ, иқтисодӣ ва ғайра муттаҳид месозад. Дар баробари ин, ҷавонон ҳамчун қувваи асосӣ дар пешравии ҷомеа нақши муассир доранд. Дар шароити муосири тараққиёти техника ва техналогияи нави иттилоотӣ нақши ҷавонон дар ҷомеа дучанд мегардад. Сол аз сол насли ҷавон ба як қувваи неруманд табдил ёфта истодааст, ки бешак аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа шаҳодат медиҳад.

 Ин аст, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ дар ҷаҳонбинӣ ва назару андешаи ҷавонон таҳаввулоти куллӣ ба вуҷуд омада, имрўз гуфтору рафтор, одобу ахлоқ ва муносибати онҳо ба зиндагӣ бамаротиб беҳтар гардидааст. Имрўз дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушду муназзаму устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо, неругоҳҳои хурду бузург, сохтмони иншооти иҷтимоӣ ва умуман дар раванди пешрафту ободонии кишварамон нақш ва саҳми ҷавонон басо арзишманд мебошад.

Шаҳло Раҳимова,

Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.