Салима Раҷабова: Пойдорӣ ва устувории оила аз муҳаббат аст
Тўли 26 сол мешавад, ки дар саросари кишвари азизамон «Рўзи байналмилалии Оила» бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Яъне, соли 1993 бо қарори Ассамблияи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид «Рўзи байналмилалии Оила» расман тасдиқ карда шудааст. Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид таъкид намудаанд: «Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфамиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташакул меёбад».
Дар ин замина бо Салима Раҷабова - муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, бонуе, ки солҳои зиёд дар соҳаи китобдорӣ фаъолият намудааст, суҳбате доштем, ки онро манзуратон мегардонем.
-Муаллимаи азиз, назари Шуморо дар мавриди «Рўзи байналмилалии оила» ва мавқеи онро дар ҷомеаи имрўза шунидан мехостем.
- Аслан дар солҳои 1990-ум мушкилоти оилавӣ–талоқҳои сершумор, хушунатҳои хонаводагӣ ба худ таваҷҷўҳи ҷомеаро ҷалб намуд. Ва ҳамон вақт зикр шуд, ки мушкилот дар оила метавонад ба рушди тамоми давлат ва некўаҳволии халқ таъсири манфӣ расонад. Ба ин хотир рӯзи махсус ба оила бахшида шуда, дар тақвими байналмилалӣ начандон барвақт – соли 1993 пайдо шуд. Ин рўзро ба кулли оилаҳои олам, ба нишоту нокомиҳои онҳо СММ бахшидааст.
Дар баробари тамоми олам барои Тоҷикистон ҳам масъалаҳои оилавӣ доғи рўзанд. Соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» қабул шуд, як сол пас бошад бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023 ба тасвиб расид. Таърихи мазкурро оид ба пешгирии зўроварии хонаводагӣ ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.
Бале, ягона сарчашмаи хушбахтӣ, некуаҳволӣ ва муваффақияти ҳар фард ин сарҷаъмии оила аст, ки ба оромию суботи ҷомеа замина мегузорад. Ҳар фард дар оила тарбия мегирад, ба камол мерасад ва ба ҳаёти мустаъқилона омода мегардад. Чуноне, ки шоир афзудааст:
Ҳаёт сар мешавад аз гаҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Заминаи асосии ҷомеаи солим аз оилаи солим маншаъ мегирад. Фарде, ки аз оғўши оилаи бофазл ба ҷомеа ворид мешавад, ў албатта манфиати хубе ба наъфи ҷомеа меорад.
- Моҳияти оила аз нигоҳи Шумо?
- Оила рукни муҳими давлатдорӣ буда, барои инкишоф ва рушди миллат нақши бузург дорад. Инсон ҳамеша дар доираи оила буд ва мемонад. Рушду камоли ҳар ҷамъият аз сифат, тартибот, солимии оила ва наслҳои он вобастагӣ дорад. Бинобар ин солимии оила кафолати рушди миллати солим аст. Яъне ҳар фардро зарур аст, ки дар ҳаёт-махсусан рўзгори оилавӣ пеш аз ҳама ботамкину дуранде шва бунёдкору мададгор бошад. Тоҷикистони азизи мо дар марҳилаи рушд ва замони ҷаҳонишавӣ қарор дорад. Хушбахтона, имрўз шаҳрвандони кишвар новобаста аз қавму миллат дар интихоби роҳи зиндагӣ озоду мустақил ҳастанд. Тамоми имкониятҳо барои таъмин ва зиндагии солим мавҷуд аст. Мо шаҳрвандонро зарур аст, ки чунин имкониятҳоро дурусту бомаврид истифода бурда дар ҳифзи дурнамои миллати хеш дурандешу закӣ бошем.
- Ҳамчун роҳбар муносибати ҷавонписарон ва ҷавондухтаронро дар мавриди оилидорӣ чӣ гуна арзёбӣ менамоед.
- Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки дар паси ҳар оила тақдири минбаъдаи зан-модар, ояндаи неки фарзандон, хушбахтии якчанд тан ва суботи ҷомеа истодааст. Мебояд андеша кард, ки ҷудошавӣ ба ояндаи насл чӣ таъсире мерасонад. Бо иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи ғамхориҳои зиёд ба оилаҳои ниёзманд ва пешгирӣ аз пошхўрии оилаҳо тадбирҳои зиёд руҳандози шуда истодааст. Дар ҳама давру замон халқу миллати тоҷик бо маданияти хосаи оиладории худ, муносибати неки байниҳамдигари волидайну фарзанд ва ҳифзи муқаддасоти оила аз дигар миллатҳо фарқ мекарданд ва ба ҳамагон зарур аст, ки сари ин масъала диққат намуда, муносибати худро ба оила тағйир диҳанд.
-Асоси пойдории оила ва зиндагии шоистаи ҷавононро дар чӣ мебинед?
- Пойдорӣ ва устувории оиларо муҳаббат ташкил медиҳад, зеро танҳо муҳаббати самимӣ метавонад оиларо мустаҳкам ва ҳама мушкилоти ба сар омадаро раф созад. Муҳаббат танҳо дар оила камолоту нафосати ҳақиқии маънавӣ пайдо мекунад. Муҳаббат маҷбур мекунад, ки одамон якдигарро авлодтар донанд. Агар дар оила муҳаббат бошад, зану шавҳар ба хотири он аз баъзе талаботҳои худ гузашт карда, ҳамдигарро ба хубӣ дарк мекунанд ва мушкилоти дар оила ба вуҷуд омадаро ба осонӣ ҳал менамоянд. Фарзандоне, ки дар чунин оила тарбия меёбанд, метавонанд дар оянд соҳиби обрў ва зиндагии шоиса гарданд. Оилае, ки пояаш ба муҳаббат асос ёфтааст, оилаи хушбахт аст. Дар мазраи диле, ки муҳаббат парварида мешавад, гули вафо, устуворӣ, матонат ва фазилатҳои неки инсони бояд шукуфон бошад. Ишқ одамро дар роҳи мурод пухтаву мубориз мегардонад. Дар чунин оилаҳо фарзандони неку хушрафтор, меҳнатдўсту меҳрубон ба воя мерасанд. Меҳру муҳаббате, ки ҳамсарон ба фарзандонашон мебахшанд, дар оянда, дар наслҳои минбаъдаи онҳо низ боқӣ мемонад.
- Таманниёти Шумо?
- Таманно мекунам, ки ҳамаи ҷавонони мо барои барпо намудани оилаи солим қадами устувор монанд. Дар зиндагӣ бо боварӣ умр ба сар баранд, зеро боварӣ ва эътимод решаи вафо буда, нахли бовафоӣ аз ҳамин реша об мегирад, сабзу пурбор мешавад, ба камол мерасад. Нобоварӣ, беэътимодӣ меҳри дил ва сафои манзилро аз байн мебарад. Оилаи мардуми тоҷик ҳамеша ҷовидонӣ бимонад.
Суҳбати: Абдуғаюр Саломов