Маҷаллаи “Абитуриент”, ки нашрияи маълумотӣ барои довталабон ба курсии донишҷӯӣ мебошад, ахиран ду мақоларо аз Китобхонаи миллӣ ҳам интишор додаву Китобхонаро барои кулли хонандагону ҳаводоронаш муаррифӣ кардааст.
Мақолаи аввал “Китобхонаи милии Тоҷикистон-раҳнамо ба олами маърифат” ном дорад ва он мансуб ба қалами Директори муассиса, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сайфиддин Назарзода аст.
Директори китобхона ба таври мухтасар аз таърихи бунёди ин боргоҳи маърифат ва роҳи панҷсолаи он ҳикоят кардааст. Гуфта шудааст, ки “хишти аввалини биноро 4-уми сентябри соли 2007 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллаӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштанд ва ниҳоят соли 2012 дар арафаи Наврӯзи хуҷаста, бо ширкати он кас бинои нави Китобхона расман ифтитоҳ гардид”.
Баъдан Директори Китобхонаи миллӣ иттилоъ медиҳад, ки бино барои нигаҳдории 10 миллион китоб пешбинӣ шудааст ва хазинаи имрӯзи китоб дар ин муассисаи фарҳангӣ 3 205 046 нусха фонди асосӣ, 2,500 000 нусха китоби эҳдошуда аз аҳолӣ, 245 042 нусха маводҳои электронӣ ташкил медиҳад.
Соли гузашта бойгонии Китобхонаи миллӣ бо беш аз 29 ҳазор нусха адабиёти тозанашр ғанӣ гаштааст. “Дар як рӯз ба ҳисоби миёна аз толорҳои хониши китобхона зиёда аз 2 ҳазор хонанда истифода менамоянд. Ҳоло китобхона 108 ҳазору 246 нафар аъзо дорад”.
Дар идома Директори Китобхонаи миллӣ хонандагони нашрияро бо фаъолиятҳои пажуҳишиву нашаротии Китобхона, чопи китобҳои таърихӣ аз силсилаи “Тоҷнома”, фарҳангномаҳо, китобномаҳо, феҳристнигорӣ ва ғайра маълумот дода, ба он ҳам ишора кардааст, ки теъдоди азими хонандагони китобхона донишҷӯёнанд. “Бояд қайд намуд, ки теъдоди зиёди хонандагони Китобхонаро донишҷӯён ташкил медиҳанд. Аз ҷониби онҳо бештар доир ба таърих, иқтисодиёт, сиёсатшиносӣ, тиб, фарҳангшиносӣ ва дигар соҳаҳои илм маводҳо дархост шуда, мавриди мутолиа қарор мегиранд”.
Мақолаи дуюми ин маҷалла аз Китобхонаи миллӣ маълумотномаи мухтасар дар бораи Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ мебошад. Барои хонанда шояд ҷолиб бошад, ки ин шуъба илова ба вазифаҳои худ боз бахши омӯзиши забонҳо ташкил кардаву ҳоло афроди зиёде дар давраҳои омӯзишии забонҳои инглисӣ, чинӣ, куриёӣ, арабӣ, русӣ таҳсил ва забон меомӯзанд. Дар поёни ҳар давраи омӯзишӣ ширкаткунандагоне, ки барномаи онро аз худ кардаанд, соҳиби шаҳодатнома мешаванд.
Гуфтанист, ки маҷаллаи “Абитуриент” нашрияи таблиғотӣ барои касонест, ки мехоҳанд донишҷӯ шаванд. Он бо сифати баланд, чопи ранга дар Душанбе нашр мешавад ва ройгон паҳн мегардад.