Китоб ҳикмат ва саодати ҷомеа аст
Нашр шуд 2016-05-04 18:42
Даъват ба китоб ва китобхона. Ин миллат бояд як бори дигар руҷуъ ба китоб кунад, зеро наҷот аз ҳар гирифтории маънавӣ маҳз дар мутолиаи китоб аст.
Китоб аст ҳамдами дерин дар вақтҳои дармондагии маънавӣ, китоб аст рушангари роҳи торик, китоб аст беҳтарин рафиқи танҳоӣ.
Ва куҷо бояд онро ҷуст? Ин китоб аст, ки хона дорад ва номи он КИТОБХОНА аст!
Суқроти ҳаким фармуда: “Ҷомеа замоне ҳикмат ва саодат меёбад, ки мутолиа кори ҳамарӯзааш бошад”.
Пас омӯзиш бояд ҳамарӯзӣ бошад, пайваста ва ҳамеша бошад, давомдор бошад.
Роҳи Китобхонаи миллӣ куҷост? Оё онро ҳама медонанд? Оё ҳастанд касоне, ки мехоҳанд бихонанду бидонад, вале намедонад ин маъхази пур аз маънавиёт дар куҷост?
Мо роҳи Китобхонаро мехоҳем нишон диҳем, роҳи наҷот аз гирифториҳои маънавиро мехоҳем бинмоем.
Мехоҳем инсонҳо озода бошанд ва ин озодагӣ ва ин рукушодӣ дар мутолиаи китоб аст.
Тарҳе, ки ҳоло Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ роҳандозӣ мекунад, ҳамин тарҳ аст. Ҳамин даъват аст, ҳамин пазироии муштариён аст.
Пеш аз зуҳри имрӯз намояндагони Китобхонаи миллӣ вориди Литсей- интернати президентӣ ва мактаби миёнаи таҳсилоти умумии № 60 шуданд ва бо хонандагони он дар мавзуъи китоб ва Китобхона муколама карданд. Сардори шуъба Абубакр Аминов дар бораи ҳадафҳои мулоқот бо хонандагон суҳбат кард. Вай гуфт, ки Китобххонаи миллии Тоҷикистон имрӯз калонтарин муассисаи фарҳангиву маърифатист, ки садҳо ҳазор китобро дар бойгониаш нигоҳ медорад.
Сайрам Муҳиддинова, сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён дар бораи сифати хизматрасониҳо ба хонандагон ибрози назар намуд.
Сардори шуъбаи нигоҳдории депозиторӣ Муҳаммаднабӣ Баёнов дар бораи шуъба ва умуман фазилати китобхонӣ ва мърифати китобдорӣ ҳарф зад. Вай гуфт, ки китоб шарик ва дӯсти беминнати ҳар хонанда аст.
Кормандони шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ Фаридун Азизов, Назира Толибова, Нилуфар Ҷабарзода, Файзиддин Қурбонов дар бораи дирўз ва имрўзи Китобхонаи миллӣ, толоҳои хониш, роҳҳои узвият дар Китобхона, инчунин дар оид ба хизматрасониҳои шартномавӣ дар Китобхона маълумот доданд.
Ҳамзамон бо ин ба хонандагони мактаб варақаҳои таблиғотӣ ва китобчаҳо тақдим намуданд.