Мо ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ: Дар бораи қаҳрамонони худ чиро бояд донем?
Нашр шуд 2016-05-31 23:01Бештар аз 70 сол аз пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ сипарӣ шуд. Тӯли ин 70 сол дар сар то сари кишвари паҳновари Шӯравии собиқ шояд садҳо ҳазор китоб, повесту роману ҳикояву қисса, миллионҳо мисраъ шеър, садҳо достон навишта шуданд. Вале ҳамоно ин мавзуъ ҷиҳатҳое дорад, ки бояд боз ҳам бинвисанд.
Мо ҳар сол аз аввали моҳи май ба таҷлили ин снаи бузург омодагӣ мегирем ва боз ҳам менависему менависем.
Корномаи падарон дар солҳои мудҳиш мисли дарё тамомшуданӣ нест. Ҳар боре менависем, боз мебинем, ки ҳоло ҳам чизе нанавиштаем.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1418 шабонарӯз идома доштааст ва аз рӯи миқёсу андоза бузургтарин воқеаи фоҷиабори асри 20 ба ҳисоб меравад. Дар он зиёда аз 70 давлати хурду бузурги ҷаҳон иштирок карданд, амалиётҳои ҷангии ин воқеаи ҳузнангез ҳудуди зиёда аз 40 давлати ҷаҳонро фаро гирифта буд.