Сиёсат хориҷӣ ва нақши Президент

Ахиран дар шаҳри Душанбе китоби нави пажуҳишгари номии тоҷик Зафар Сайидзода бо номи “Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ” интишор ёфт.

Ин аслан як монографияи илмӣ буда, аз пешрафтҳое ҳикоят мекунад, ки  миллати тоҷик дар даврони Истиқлолияти давлатӣ даст ёфтааст. Муаллифи рисола мегӯяд “бахши муҳимтарини ҳаёти сиёсии Ватани азизамон – сиёсати хориҷӣ, ки ба шарофати фаъолияти назариявию амалии боазамату арҷманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташаккулу тавсеа ёфтааст”.

Зафар Сайидзода чун муҳаққиқи борикназар талош кардааст ҷузъитарин тағйиротро дар иртибот ба мавзуъи мавриди пажуҳишаш ба риштаи таҳлил кашад. Вай дар муқаддимаи басо муфассал аз таҷрибаҳои ҷаҳониву ҳоли имрӯзи олам мисолҳо овардааст ва барои густариши доманаи таҳлилаш талош кардааст аз ин майдони доманфарохи таърихи башар мисолҳои рушане орад, то тасаввур шавад, ки миллатҳо ва халқҳо бо тай кардани кадом марҳилаҳо ба истиқлолияти андешаву тафакур расидаанд.

Зафар Сайидзода мегӯяд сармояи аслии олам дар дасти теъдоди одамони маҳдуд аст ва боқӣ сокинони Сайёра зердастони ин сармоядоронанд. Вай мисол меорад, ки “бар асоси тозатарин гузориши мунташиршуда дар бораи ихтилофи табақотӣ дар ҷаҳон, 1 дарсади мардуми ҷаҳон 99 фисади сарвати дунёро дар ихтиёр дорад. Дар ин гузориш инчунин омадааст, ки дар ду даҳаи гузашта ба таври тақрибан доимӣ сарватмандон сарватмандтар шудаанд ва фақирон фақиртар. Ва ин дар ҳолест, ки ҳар рўз наздик ба 800 миллион нафар одамон гурусна сар бар болин мегузоранд ва ҳудуди 980 миллион нафар гирифтор ба фақри мутлақ ҳастанд, яъне қудрати харидашон дар як рўз камтар аз 1 доллар аст. Дар бисёре аз кишварҳо аксарияти мардум аз омўзишу таълиму тарбия бархўрдор нест”.

Пажуҳишгари тоҷик  кишварҳои ҳамсояи дуру наздикро мисол меорад, ки дар гузашта чӣ ҳол доштанду ҳоло чӣ ҳол. Ва барои он ки ба фаҳми хонандаи тоҷик наздиктар бошад, олим кишварҳоеро ба гунаи мисол овардааст, ки бештар бо мо ошноянд. Аз ҷумла Афғонистон. “Афғонистон кишвари фақир, аммо амну босуботе буд. Мардум тангдаст буданд, аммо зиндагии бооромише доштанд. Аз он замоне, ки Афғонистон ба тангаи сиёҳи мубодилаи сиёсии абарқудратон табдил гардид, гирифтори ҷанге шуд, ки ҳеҷ поёнаш пайдо нест. Инак, наздик ба чаҳор даҳа аст, ки хоки ин кишвар ба паноҳгоҳи ифротиёну тундравон ва маншаи бесуботӣ барои саросари ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамсоягонаш табдил гардидааст”.

Дар руҷуъи дигар аз вазъи имрӯзаи ҷаҳони араб мисол меорад, аз ҷумла аз Мисру Сурия ва менависад: “Ҷаҳони араб дучори ошуфтагию нооромӣ аст. «Баҳори арабӣ», ки рўъё ва умедҳоеро барои мавҷи ислоҳоти демократӣ дар Ховари Миёна ба вуҷуд оварда буд, табдил ба «хазони арабӣ» шудааст.

Миср, ки замоне сутуни кишварҳои арабӣ буд, аз соли 2012 то кунун гирифтори бесуботии сиёсӣ аст. Ин кишвар аз аввалин мамлакатҳои ҷаҳони араб буд, ки Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат қурбонии «баҳори арабӣ» шуд. Аммо дар натиҷа зимоми умури ин кишвар на ба дасти неруҳои инқилобии ғайримазҳабӣ, ки бар зидди режими Ҳуснӣ Муборак эътироз карда буданд, балки ба дасти созмони ифротгарои «Ихвон-ал-муслимин» афтод. Танҳо мудохилаи сарони артиши кишвар, ки даст ба сарнагунии мутаассибони ифротӣ заданд, Миср аз вартаи  бесуботӣ ва ҳарҷу марҷи иқтисодӣ берун кашида шуд. Вале бо рўёрўиҳое, ки «Ихвон-ул-услимин» бо давлати Миср дорад, муҳол аст, ки ин кишвар дар солҳои наздик мавқеияти пешини худро ҳамчун яке аз бонуфузтарин кишварҳои ҷаҳони араб бозёбад.

Мусибатҳое, ки дар тўли панҷ соли охир ба сари мардуми бахтбаргаштаи Сурия омадааст, берун аз қудрати баён аст. Созмони Милали Муттаҳид вазъияти паноҳандагони суриягиро яке аз бузургтарин фоҷиаи башарӣ дар асри ҳозир баршумурдааст. Бар асоси омори комиссияи босалоҳияти аврупоӣ, ки дар моҳи июни соли 2015 мунташир шуд, 10,5 миллион нафар дар Сурия дар натиҷаи буҳрони кишвар иёзманди кумакҳои башардўстона ҳастанд. Наздик ба 7 миллион нафар дар дохили Сурия овораю  бепаноҳу саргардон шудаанд ва  ҳудуди 3 миллион нафари дигар низ ба кишварҳои дигар  гурехтаанд.  Ҳамчунин  тақрибан  160  ҳазор шаҳрвандон кушта шуда ва ҳазорон нафари дигар захмӣ шудаанд, ки бештари онҳо зану кўдаку пиру бемор мебошанд”,- менависад муаллиф.

Сипас, ба воқеъияти гузашта ва имрӯзаи Тоҷикистон мепардозад, ки дар солҳои аввали Истиқлолият кишвари мо ҳам ба гирдоби ноамнӣ печид. “Дар охири соли 1992 ҳангоме, ки Эмомалӣ Раҳмон ба садри роҳбарии ҷумҳурӣ расид, Тоҷикистони тозаистиқлолёфта кишваре буд бо дастгоҳи давлатии нокоромадшуда, бар асари ҷанги мусаллаҳонаю ақидаӣ пора-порагардида, бо иқтисоди комилан нобудшуда, бо муҳоҷирони бесару сомон ва мардуми ноумед. Ва  Эмомалӣ Раҳмон бо диловарии асил дар замони кўтоҳ тавонист ҳамаи сохторҳои давлатиро бозсозӣ ва усту вор намояд, вазъияти сиёсиро ба субот расонад, хунрезиҳоро қатъ созад, ислоҳоти иқтисоди навини бозаргониро оғоз бахшад ва  рифоҳу осоиши мардумро ба сатҳи дархўр расонад”.

Олими тоҷик ҳамчунин мегӯяд, ҷасорат, тадбир ва азми қавии Эмомалӣ Раҳмон, бавижа ҳангоми баргузории музокирот бо мухолифин ва ҳалли мусолиҳатомези муноқишаи дохилии кишвар, бисёр арҷманд аст. Бо вуҷуди ин воқеият, ки дар он солҳо дар миёни мардум хотираи бедодиҳои сарбозони «ҷиҳод» ҳанўз тоза буд ва бисёриҳо аз такрори рўёрўиҳо нигарон буданд ва низ худи Эмомалӣ Раҳмон бо борикбинӣ ва ҳассосияти сиёсии хеш як навъ хатари нуҳуфтаеро аз ҷониби мухолифин арк мекард, ба хотири сулҳу оромиш ва хотима бахшидан ба талафоти инсонӣ ба иқдоми беназир даст зад ва бо анҷом додани гузаштҳои қобили таваҷҷуҳ бо самимият ва хулуси ният бародарони шўридаи худро ба Ватан фаро хонд.

Барқарории сулҳ дар Тоҷикистон хизмати бузурги таърихӣ ва қаҳрамонии беназири  Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо иродаи мардуми кишвар ба ҳақиқат пайваст ва заминаро барои пойдории истиқлоли миллӣ ва шукуфоии Ватани азизамон фароҳам овард.

Ифтихороти миллии тоҷикон руҳияи истисногароӣ надорад

Пажуҳишгари тоҷик аз ифтихороти таърихии миллат ба ибораи Пешвои миллат ҳарф задааст ва гуфтааст, ки аз назари Эмомалӣ Раҳмон “ифтихори тоҷикон аз решаҳои ориёии худ ҳаргиз маънои рўҳияи истисногароӣ ё бартариҷўӣ ё, бадтар аз ин, нажодпарастӣ доштани тоҷикон набуда, як ҳисси одии ба ҳар инсон хоси қаноатмандиву ризоят аз ҳувияти таърихии худ аст. Оё боиси ифтихору ризояти мо - тоҷикону эрониёну афғонистониён - нест, ки маҳз ниёгони мо - ориёиёни бостон - на танҳо поягузори давлатҳо ва империяҳои аввалин дар ҷаҳон, балки эҷодкори нахустин эъломияи ҳуқуқи башар мебошанд”.

Устувонаи Куруши Бузург, ки ҳамчун нахустин эъломияи ҳуқуқи башар шинохта шуда, дар соли 1971 Созмони Милали Муттаҳид онро ба ҳамаи забонҳои расмии Созмон мунташир  кардааст, нишонаи он аст, ки ниёгони мо нахустин бунёдгузорони ҳуқуқи башар, яъне низоми демократӣ ва дипломатия дар ҷаҳон, ба ҳисоб мераванд. Дар бахше аз ин дастур аз забони Куруши Бузург омадааст: «Артиши бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд, нагузоштам ранҷу нороҳатӣ ба мардуми ин шаҳр ва ин сарзамин ворид шавад. Онҳоро аз зери юғи асорат хориҷ сохтам, ба бадбахтиҳои онон поён бахшидам ва мо ҳамагӣ шодмона ва дар роҳи сулҳу оштӣ мақоми баланди худовандгори бузургро сутудем. Ман ҳамаи шаҳрҳоеро, ки вайрон шуда  буданд, аз нав сохтам».

Сиёсати хориҷӣ идомаи сиёсати дохилист

Ба андешаи муҳаққиқи тоҷик нақши Эмомалӣ Раҳмон дар равшан сохтани ҳадафҳои асосӣ ва усулҳои сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи миллии Тоҷикистон бисёр муассир ва корсоз аст. Вижагии сурату сират гирифтани сиёсати хориҷии Тоҷикистони навин ин аст, ки заминаи назариявии ин бахши муҳими ҳаёти давлатӣ на дар доираи коршиносон ва назарияпардозон, балки раҳораҳ, ҳангоми анҷоми фаъолиятҳои пурталошу пўёи дипломатии Сарвари давлати Тоҷикистон эҷод шудааст.

 Зафар Сайидзода сиёсати хориҷиро идомаи сиёсати дохилӣ медонад, ки ба кишварҳои дигар нигаронида шудааст. Сиёсати хориҷӣ, монанди сиёсати дохилӣ, бо низоми иқтисодии ҳоким, сохти ҷамъиятию сиёсии давлат робитаи маҳкам дорад ва ифодакунандаи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ҳадафи асосии сиёсати хориҷӣ таъмини шароити матлубу мусоиди ба ҳақиқат пайвастани манфиатҳои кишвар, таъмини амнияти миллӣ, осудаҳолии мардум, ҷилавгирӣ аз вазъиятҳои буҳронӣ  мебошад.

Фаъолияти давлатҳо дар ҳавзаи сиёсати хориҷӣ, дар маҷмўъ, муносибатҳои байналмилалӣ, яъне маҷмўи муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, низомӣ ва дигар робитаҳои байни  кишварҳо, миллатҳо, созмонҳои сиёсию илмию фарҳангию мазҳабиро дар арсаи байналмилалӣ шакл медиҳанд.

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳияти худ сулҳҷўёна, қонунгароёна, башардўстона буда, дар якҷоягӣ бо дигар ҳавзаҳои сиёсати давлат ба  рои боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини амнияти онҳо роҳандозӣ мегардад.

Усули ҳамгироӣ ва равобити дўстонаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Назарияҳои  зиёде  мавҷуданд,  ки  вазифаҳо, ҳадафҳо, моҳият ва абзору воситаҳои пиёдасозии сиёсати хориҷиро ба таври гуногун таъриф мекунанд. Амммо як назарияи умумие дар ҳавзаи сиёсати хориҷӣ бештар корбаст мешавад, ки бар асоси он масъулин василаю равишҳои муассири дастёбӣ ба ҳадафҳоро тадорук мекунанд ва фаъолиятҳои хориҷии худро ҳамоҳанг ва барномарезӣ менамоянд.

 “Дар дунёи муосир, ки кишварҳо ба самти ҷаҳонишавӣ ҳаракат мекунанд, сиёсати хориҷӣ аҳроми муассире барои афзоиши сарватҳои миллӣ аст,-менависад муҳаққиқ. - Дар ҷаҳони имрўз натанҳо кишварҳои тавсеаёфта, балки бисёре аз мамлакатҳои дар ҳоли рушд низ аз сиёсати хориҷӣ ва фанни дипломатӣ барои пешбурди ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худ баҳра мебаранд”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати хориҷии худро бар усули ҳамгироӣ ва равобити дўстона бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ба роҳ мондааст, аз ҷумлаи ҳадафҳои гуногун, ки асоси  муносибатҳои байнидавлатиро муайян мекунанд, ҳадафҳои иқтисодиро дар мадди аввал мегузорад. Зеро ҳадафи асосии мо ҳарчи зудтар барҳам додани камбизоатӣ ва муҳайё сохтани шароити зарурӣ барои зиндагии шоистаи тоҷикистониён мебошад.

Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беш аз 124 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла бо 10 мамолики аъзои ИДМ ва 114 кишварҳои хориҷаи дур, равобити иқтисодиву тиҷоратӣ дорад. Бино ба омори дастрас, муомилоти тиҷоратии хориҷии кишвар дар соли 2015 4325,5 5 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки аз ин ҷумла саҳми воридот 3434,9 миллион доллар ва саҳми содирот 890,6 миллион доллар мебошанд.

Ҳаҷми умумии сармоягузории хориҷӣ дар иқтисоди миллӣ батадриҷ раванди рў ба афзоишро ба даст меоварад. Барои мисол, дар соли 2007 дар қиёс бо соли 1997 ҳаҷми сармояҳои анбошта аз шарикони хориҷӣ бор ва мизони воридоти солонаи сармоя 26 маротиба афзоиш ёфтаанд.

Муҳаққиқи тоҷик баъди ин руҷуъ аз 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ сухан меронад ва мегӯяд: “Ин ҷашн дар шароите таҷлил мегардад, ки мафҳуму ормонҳои истиқлол, озодӣ, демократия барои нахбагони сиёсӣ, зиёиён ва тамоми мардуми Ватани азизамон равшантар ва масири расидан ба ин ҳадафу ормонҳо мушаххастар шуда ва ҳаракати ҳамагонию пурнишот барои пешрафти кишвар дар тамоми заминаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоию иқтисодию фарҳангӣ ва афзудан ба дастовардҳои беназире, ки давлат ва мардуми мо дар тўли чаҳоряк қарн ба он ноил гаштаанд, идома дорад. Ва дар ин замина нақши сиёсати хориҷӣ ва дастгоҳи дипломатӣ бисёр калидӣ аст”.

Китоб аз бобҳои “Тоҷикистон дар низоми ҷаҳони кунунӣ”, “Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Усулҳои сиёсати хориҷии

Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  “Вазифаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Тоҷикистон дар арсаҳои ҳамкории байналмилалӣ” иборат буда дар нашриёти “Контраст” рӯйи чоп омадааст.

Ба он докторони илм  Н.М. Мирзоев ва  Р.Ш. Нуриддинов тақриз навиштаанд.

Дарёфти китоб: ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ

Барчаспҳо: