Таърихи Русия: муҳоҷири кории тоҷик дар бораи ин кишвар ҳаддиақал чиро бояд донад?

Бахши дигар аз китоби Зафар Сайидзода барои муҳоҷирин.
Китобест, ки як муҳоҷири корӣ дар Русия барои ошноӣ бо таъриху тамаддуни ин кишвар мехонад ва огоҳ мешавад, ки кистанд русҳо ва чӣ тамаддуну чӣ таърих доранд. Воқеъан, ҳатто бигзарем аз он ки ҳоло Русия барои қабули муҳоҷир аз ӯ имтиҳон мегирад, донистани таърих хуб ҳасту бад нест.
Умуман маърифату дониш дар ҳеч замоне барои инсон бори зиёдатӣ набудааст.
Мураттиби ин китобча талош кардааст сарчашмаҳои илмии зиёдеро варақ занад, китобҳои таърих ва навиштаҳои муаррихони ҳар давру замонро омӯзад ва аз миён барои як тоҷики муҳоҷир мағзе аз он андӯхтаҳоро оварад.
Заҳмати чандмоҳаву шояд чандсолаи як пажуҳишгарро як тоҷики дур аз Ватан ба осонӣ ва зуд мехонад, медонад ва худро барои ҳар имтиҳон омода месозад. Ва на танҳо барои имтиҳон, балки барои ифтихор аз он ки вай донандаи таърихи кишварест, ки дар он зиндагӣ мекунад.
Ба умеди он ки аз ин китоб ҳамагон баҳравар шаванд, комил ин ҷо мегузорем.
Дарёфти Китоб:
Таърихи Русия: муҳоҷири кории тоҷик дар бораи ин кишвар ҳаддиақал чиро бояд донад?

Барчаспҳо: