Бонувони ватандӯсти Тоҷикистон дар солҳои ҷанги Бузурги Ватанӣ

Соли 2015-ум халқҳои ҷаҳон 70-умин солгарди ғалаба аз болои Германияи фашистиро ҷашн мегиранд. Дар торумори фашизм Тоҷикистон низ саҳми арзандаи худро гузоштааст.Корнамоиҳои қаҳрамононаи занони Тоҷикистон, хусусан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ба назар намоён гардид. Вақте ки Германияи фашистӣ ба мамлакати Шўравӣ аҳдшиканона ҳуҷум кард, занони Тоҷикистон якҷоя бо тамоми халқҳои Иттифоқи Шўравӣ дар як саф истода, ҳам дар фронт ва ҳам дар ақибгоҳ дар торумор намудани душман қаҳрамониҳо нишон доданд.

Гарчанде аз ба охир расидани ҷанги хонумонсўз 70 сол гузашта бошад ҳам, вале оқибатҳои онро имрўз ҳам дидан мумкин аст, зеро ягон оилаи Тоҷикистонӣ набуд, ки ба он хатти сиёҳ наомада бошад. Оилаҳо падар, писар, ё бародару хоҳарро дар ҷанг гум карданд. Бинобар ин, имрўзҳо аҳли башар барои он мубориза мебаранд, ки дигар ин гуна ҷанги хонумонсўз такрор нагардад.

Субҳи 22 июни соли 1941 ба сари лашкари шўравӣ, ки қадқади сарҳади ғарбӣ қарор дошт, ба дастаҳои сарҳадӣ, майдони ҳавоии низомӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан сели гулўлаҳои неруҳои мусаллаҳи Германияи фашистӣ фурў рехт. Германия ҳамроҳи думравонаш дивизияҳои зиёдеро муқобили Иттиҳоди Шўравӣ равон кард. Базаи ҳарбию иқтисодии Германия фашистӣ низ пурқувват буд. Қариб тамоми саноати тобеи Аврупо ба ў аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва лавозимоти ҷангӣ медоданд. Меҳнати осоиштаи мамлакати Шўроҳо дар натиҷаи ҳамлаи аҳдшиканонаи Германияи гитлерӣ барканда шуд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуд. Хатари даҳшатнок Тоҷикистонро, ки ҷузъи Иттиҳоди Шўравӣ буд, таҳдид мекард.

Давлати Шўравӣ мардуму ташкилотҳои ҷамъиятиро муттаҳид сохта, барои шикасти душман равона намуд.Ҷанги Бузурги Ватанӣ сафарбарии тамоми қувва ва захираҳоро тақозо намуд. Халқи тоҷик низ, чун мисли тамоми халқҳои Иттиҳоди Шўравӣ, ба ҳифзи Ватани сотсиалистии худ бархост.Солҳои сахти ҷанг занон низ ҳамроҳи тамоми халқҳои мамлакати мо ба муҳофизати Ватани худ бархостанд. Дар тўли тамоми таърих занон ҳеҷ гоҳ чунин фидокорона ба муҳофизати Ватани худ барнахоста буданд, чуноне ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ.

Дар митинги дар боғи маданияту истироҳатии шаҳри Душанбе доиршудаи ҷумҳурӣ коргарзанон, колхозчизанон, хизматчиён ва соҳибхоназанон ўҳдадор шуданд, ки ба ҷойи шавҳарон, падарон ва бародарони ба фронт рафтаашон кор карда, дар дифои мамлакат фаъолона иштирок мекунанд.Аз рўзҳои аввали ҷанг ҳазорҳо духтарони содиқи Тоҷикистон бо қатъият талаб мекарданд, то ки онҳоро ба фронт фиристонанд.

Танҳо дар як шабонарўз ба комиссариати низомии шаҳри Душанбе қариб 700 ариза омада, хоҳиш карда мешуд, ки онҳоро ба сафи ихтиёриён ба Аскарони Сурх ҳамроҳ кунанд. Қариб 200 аризаи онро занон навишта буданд. 19 нафар комсомолкаҳои Донишкадаи омўзгории шаҳри Душанбе ба номи комиссариати низомӣ бо чунин мазмун аризаи коллективона навиштанд: «Душманони тамоми инсонияти меҳнаткаш, фашистони Германия ба хоки Ватани мо ҳуҷум карда даромаданд. Мо, донишҷўёни донишкадаи омўзгорӣ хоҳиш мекунем, ки аз ҷумлаи мо дастаи низомии санитарӣ ташкил намоед. Ваъда медиҳем, ки дар муҳорибаҳо баробари мардон ба муқобили душман меҷангем».

Чунин аризаҳо хеле зиёд буданд. Танҳо дар моҳҳои июну июли соли 1941 ба комиссариатҳои низомии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ленинобод, Кўлоб, Қўрғонтеппа, Панҷакент ва Исфара аз коргарзанон ва хизматчиён зиёда аз 10 ҳазор ариза омада буд. Онҳо дар бораи тайёрии худ иттилоъ дода, хоҳиш мекарданд, ки онҳоро ба фронт фиристонанд. Масалан, комсомолка С. Алибоева чунин навишта буд: «Аз Шумо бисёр хоҳиш дорам, ки маро ба сафҳои Аскарони Сурх қабул намоед. Дорои нишони дараҷаи аввали «Тайёр ба меҳнат ва мудофиаи ИҶШС» ҳастам ва мутахассиси соҳаи радиотехника ба ҳисоб меравам, аз соли 1940 узви ИЛКҶУ мебошам» [1]. Дар байни аризадиҳандагон санитарҳо, табибон, муаллимон, агрономҳо, тракторчиён ва коргарони корхонаҳо низ буданд. Аз 153 аризаи ихтиёрони комбинати шоҳибофии шаҳри Душанбе 57-тоаш ба коргазанони комбинат рост меомад. Яке аз онҳо Одина Ҳакимоваи ҳафтдаҳсола чунин навишта буд: «Хоҳиш мекунам маро ба сафи Аскарони Сурх қабул намуда, ба фронт, он ҷое ки аллакай бародари ман аст, фиристонед».

Дар вилояти Ғарм (Рашт) аз таърихи 22 то 30 июн ба комиссариати низомии ноҳия аз номи меҳнаткашон 205 ариза омада буд ва дар аризаҳояшон хоҳиш мекарданд, ки онҳоро ба фронт фиристонанд. Дар байни онҳо 30 нафар занон буданд. Охири моҳи июл чунин аризаҳо дар вилоят ба 725-то расида, аз ҷумла 57 нафар занон ариза дода буданд. 1 августи соли 1941 шумораи ихтиёриён дар вилояти Ленинобод ба 1400 нафар расида, 965 нафарашон мардон ва 435 нафарашон занон буданд.

Маршали Иттиҳоди Шўравӣ В.Н. Чуйков дар хотираҳояш чунин навиштааст: «Дар армияи мо, - дар ҳайати қисмҳо, дивизияҳои зенитӣ, полкҳои бомбаандози шабонаи «ПО-2» аксарияти қисмҳои ҷанговар ва экипажҳоро занон ташкил мекарданд. Бояд гуфт, ки ин қисмҳо супоришҳои ҷангиро назар ба қисмҳое, ки ҳайати онҳо мардон иборат буданд, бад иҷро намекарданд».

Занони Тоҷикистон, мисли шавҳарон ва бародарони худ дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ вазифаи худро бошарофона иҷро карда, мардонагӣ, қаҳрамонӣ ва шуҷоат нишон доданд. Онҳо на танҳо дар муҳорибаҳои шадиди назди Москва, Сталинград, Ленинград, Одесса ва Киев иштирок карданд, балки барои озод кардани Полша, Югославия, Чехославакия ва Руминия ҷангидаанд. Занон иштирокчиёни торумор кардани Японияи милитаристӣ низ буданд. Немисҳо кўшиш менамуданд, ки пойтахти Ватани мо -Москваро дар кўтоҳтарин муддат гиранд. Аммо ҳамла ба Москва пурра шикаст хўрда, ба шикасти даҳҳо дивизияҳои немис анҷом ёфт.Занони Тоҷикистон дар фурў нишондани қўшуни фашистони немис дар назди Москва саҳми худро гузоштанд. Масалан, Нина Лобковскаяи душанбегӣ баъди хатми муваффақонаи мактаби занонаи тирандозӣ иштирокчии муҳорибаи назди Москва гардид. Ў бо яроқи худ 89 нафар душманро нобуд сохт.

Номи хатмкунандаи донишкадаи кишоварзии ҷумҳурӣ Ойгул Муҳаммадҷонова дар саҳифаҳои таърих абадӣ сабт гардидааст. Ў баъди хатми омўзишгоҳи ҳарбии ҳавоӣ ба полки авиатсионие, ки дар назди Смоленск меҷангид, фиристода шуд. Ойгул на танҳо дар Тоҷикистон шуҳрат пайдо карда буд, балки дар дигар ҷумҳуриҳои бародар номи ўро бо ифтихор ба ёд меоварданд. Дар рўзномаи «Тоҷикистони Сурх» таҳти унвони «Корнамоии қаҳрамононаи Ойгул Муҳаммадҷонова» мактуби командири ў – капитан В. Лапко чоп шуда буд, ки дар он чунин навишта шуда буд:

«… Дар назди хатти фронт ба мо «мессерҳо» ҳамла оварданд. Мо мудофиаи давра ташкил кардем. Ойгул дар ҳамин ҷо аз аввалин имтиҳони ҷангӣ гузашт. Ў бо пулемёти худ ҳавопаймои қиркунандаи душманро зада ғалтонд ва нишони ў ба ҳавопаймои дуюм низ расид, ки онро тирандози ман зада афтонд. Мо батареяҳои фашистонро ба зери оташи беамон гирифтем. Дар ин ҷанг тирандози ҳавопаймои Ойгул ҳалок гардид. Худи Ойгул аз китфаш ярадор шуд. Ба рули ҳавопаймо тири тўпҳои зенитии душман расида буд, ба ҳавопаймо ва Ойгул марг таҳдид мекард. Вале фалакпаймо Ойгул бо як муъҷизае ҳавопаймои худро аз оташи душман халос намуда ва онро ба мавқеи қисмҳои ҳарбии мо шинонд. Комсомолдухтар Ойгул ана ҳамин тавр парвози ҷангӣ кардааст. Шўрои Ҳарбии Фронти Ғарбӣ духтари тоҷикро бо ордени Ленин мукофотонид».

 

Ин мисол бори дигар далели он аст, ки занон бо корнамоиҳои худ дар дақиқаҳои душвор бо мардон паҳлу ба паҳлу истода метавонанд.Тоҷикдухтар А.Исоева низ дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳо нишон дода, аз санитаркаи одӣ то командири взвод расидааст. Қисми ҳарбии Исоева танҳо дар як рўзи соли 1941 аз майдони ҷанг 57 нафар маҷрўҳони сахтро баровард. А. Исоева бо ордену медалҳо мукофотонида шудааст.

Лейтенанти калони хизмати тиббӣ Софя Муҳаммадовна Ниёзова намунаи мардонагию диловарӣ нишон додааст. Ў солҳои 1941-1945, духтури фронти якуми Украина буда, ҳаёти ҳазорҳо нафар ҷанговарони шўравиро наҷот додааст. Лаҳзаҳое буданд, ки ў ба даст силоҳ гирифта, ҷангидааст. С.М. Ниёзова барои матонату бебокии дар муҳорибаҳо нишон додааш бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз шудааст.

Фиристодагони дигари Тоҷикистонӣ – лейтенанти хизмати тиббӣ Ш. Ҳайдарова, лейтенанти хурд Ҷ. Раҳимова, радиотехник С. Алибоева, ҳамшираҳои шафқат Е. Локшина, Н. Умарова, Р. Ёқубова, Р. Фозилова, Ф. Колесникова, И. Қурбонова, ҷанговарон Татяна Каратигина, Саида Сафарова, Аслия Маҳмудова, Ҳоҷал Юсуфҷонова, Маҳбуба Турсунова ва бисёр дигарон низ корнамоиҳои ҷангӣ нишон додаанд. Хосият Раҳматова аз Исфара ба ҷанг рафта, корнамоиҳои зиёде нишон додааст. Ў бо ҳавопаймои худ садҳо кўдаконро аз Ленинград бароварда, ярадор шудааст. Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Шогадоев, шоир А. Деҳотӣ, раиси вилояти Ленинобод Мастура Авазова ўро аз госпитал ба Душанбе оварда буданд.Рўзи ғалабаро Назира Умарова дар Шарқи Дур пешвоз гирифт. Даҳҳо духтарони дигари Тоҷикистон дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамониҳо нишон додаанд.

Аз рўзҳои аввали ҷанг барои Армияи Шўравӣ тайёр кардани захираҳои ҷангӣ зарур буд. Ба фронт тирандозчӣ, пулемётчӣ, артиллерист, танкист, духтур, ҳамшираи шафқат ва дигар мутахассисони низомӣ лозим буд. Аз ин сабаб КМ ҲК(б) Тоҷикистон ва ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи ҷорӣ намудани таълими ҳатмии ҳарбии шаҳрвандони Тоҷикистон қарор баровард. Дар солҳои ҷанг даҳҳо ҳазор меҳнаткашони Тоҷикистон тайёрии ҳарбиро дар услуби таълими умумии ҳарбӣ гузаштанд. Таълими ҳарбӣ дар Тоҷикистон аз 1 октябри соли 1941 шурўъ шуд. Аз 14765 нафар (шумораи умумӣ) комсомолони таълими ҳарбӣ гирифта, 10320 нафарашон комсомолдухтарон буданд. Аз ҷумла, 350 нафар мерганҳо, 1420 нафар автоматчӣ, 270 нафар радист, 435 нафар телеграфчӣ ва 4195 нафар тирандоз буд.

Дар давраи ҷанг дар қисмҳои махсуси ҷумҳурӣ ҳамагӣ 35838 мутахассисони ҳарбӣ тайёр карда шуда буд. Аз ҷумлаи онҳо 27369 нафар ҷавонону духтарони Тоҷикистон ба сафҳои Армияи Сурх рафтанд. Муҳаббат ба Ватани худ, ба халқи худ, донистани вазифа дар назди ҷамъият одамонро ҳамеша ба қаҳрамониҳои бузург ҳидоят менамуд. Ватандўстӣ дар ҳаёти ҷамъиятии мамлакат ҳамеша мақоми калон мебозад. Инро, махсусан дар мисоли мардуми шўравӣ дидан мумкин аст. Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишон дод, ки ин ҳиссиёти бузурги ватандўстӣ барои занони Тоҷикистон низ хос аст.

 

Яке аз масъалаҳое, ки дар давраи азнавсозии саноат ба тарзи ҳарбӣ дар назди ташкилотҳои ҳизбию ҷамъиятӣ меистод, ин масъалаи таъмини он бо кадрҳо буд. Ҳазорҳо коргарони ҷумҳурӣ моҳҳои аввали ҷанг ба сафҳои Армияи Сурх даъват шуда, ё ихтиёрӣ ба фронт рафта буданд. Аз баъзе корхонаҳо 70 фоизи мардон ба фронт рафта буданд. Ба даъвати ҳизбу давлат занони мамлакат ҳамовоз гаштанд. Танҳо дар нимаи дуюми соли 1941, 500 ҳазор соҳибхоназанон муташаккилона ҷойи кори шавҳару бародарони ба фронт рафтаашонро гирифтанд. Дар ин кор занони ҷумҳурии мо низ фаъолона иштирок намуданд.

Дар муроҷиатномаи вакилони Анҷумани чаҳоруми ҷавонзанони Тоҷикистон чунин гуфта мешуд: «Фарзанд, шавҳар, бародар ва дўсти худро ба фронт фиристода, мо ба онҳо супориш додем ва бовар кунонидем: «Ба душмани манфур зарбаи сахт занед, мо бошем дар ин ҷо, дар ақибгоҳ, ба ҷойи шумо кор мекунем. Мо акнун аз уҳдаи иҷрои ҳар як касбу ҳунар баромада метавонем! Ва мо ба қавли худ вафо мекунем».

Ба Тоҷикистон, чун ноҳияи дури ақибгоҳ ва дорои базаи калони ашёи хом, зиёда аз 10 корхонаҳои калони саноатӣ кўчонида шуда буданд. Ба шарофати меҳнати қаҳрамононаи коргарону коргарзанон ҳамаи корхонаҳои ба Тоҷикистон кўчонидашуда охири соли 1942 ба кор сар карданд.Вазъияти ҳарбӣ ҳайати кадрҳои саноатиро ба куллӣ тағйир дод. Аз сабаби ба фронт рафтани шумораи зиёди коргарон ва хизматчиён, вусъати иқтидори корхонаҳои мавҷуда ва ҷой додану ба кор даровардани заводҳои кўчонидашуда, норасоии коргарзанони ихтисосманд ва кормандони инжинерию техникӣ сахт ҳис карда мешуд. Ба мақсади ҳалли ин вазифаҳо Президиуми Шўрои Олии ИҶШС аз таърихи 26 июли соли 1941 «Дар бораи соатҳои вақти корӣ» ва 13 феврали соли 1942 «Дар бораи дар давраи ҷанг сафарбар намудани аҳолии қобили меҳнати шаҳр ба истеҳсолот ва сохтмон» қарор баровард.

Дар натиҷа модарон, занон ва хоҳарони ба фронт рафтагон ба сифати харрот, рандагар, мошинист, ронанда ва ғайра кор мекарданд. Аллакай, дар давраи аввали ҷанг 150 соҳибхоназанон, занони роҳиоҳанчиён ихтисосҳои роҳиоҳанчигиро аз худ намуданд. Баъд аз гузаштани курсҳои махсус 185 нафар занон дар заводи пахтатозакунии Конибодом ба кор шурўъ карданд.. Дар шаҳри Ленинобод шумораи занони ихтисоси мардонро азхудкарда 550 нафарро (январи соли 1942) ташкил мекард. Дар Тоҷикистон, дар давраи ҷанг ҳеҷ соҳаи хоҷагии халқ набуд, ки дар он занон кор намекарда бошанд. Бо ташаббуси ташкилотҳои ҳизбию комсомолӣ таълими занон дар соҳаҳои коркарди нафт низ ташкил карда шуд. Дар ин ҷо 35 нафар занон касби тракторчигӣ, ронандагӣ ва челонгариро аз худ карда, 15 нафар барои аз худ намудани касби оператори истихроҷи нефт таълим гирифтанд.

Дар кони ангишти Шўроб 777 нафар занон ба ҳайси пармагар, ронандаи электровоз ифои вазифа менамуданд. Дар натиҷаи корҳои ташкилӣ ва сиёсию тарбиявӣ шумораи занон дар корхонаҳои саноатӣ рўз то рўз зиёд мешуд. Масалан, дар ибтидои соли 1942 аз 27106 нафар шумораи умумии коргарони ҷумҳурӣ 15725 нафар занон ё худ 64,4 фоизро ташкил медоданд.Ҳамин тавр, дар ҷумҳурӣ масъалаи бо кадрҳои ихтисосманд таъмин намудани саноат ҳал гардида, қисми бештари онҳоро занону духтарон ташкил медоданд. Онҳо бо меҳнати фидокоронаи худ барои Армияи Сурх техникаи ҷангӣ сохта, сару либос, асбобу анҷом ва озуқа тайёр мекарданд.

Аз рўзҳои аввали ҷанг мусобиқаи сотсиалистӣ вусъат ёфта, тамоми соҳаҳои саноатро фаро гирифта, шаклҳои гуногунро соҳиб гардид. Мусобиқа байни сехҳо, соҳаҳо ва бастҳои (сменаҳо) корхонаҳо шурўъ шуд. Дар ҷумҳурӣ бригадаҳои фронтӣ ташкил ёфта, зери шиори «Дар меҳнат, чун дар ҷанг корнамоӣ нишон медиҳем!» кор мекарданд. Коргарони ин бригадаҳо кўшиш менамуданд, ки ба ҷанговарони қаҳрамон сазовор бошанд. Бригадаҳои Раҷабова ва Боқиева аз комбинати шоҳибофии Ленинобод, Пономорёва аз фабрикаи пойафзолдўзии Сталинобод аз ҷумлаи ҳамин гуна бригадаҳо буда, нақшаашонро 280-300 фоиз иҷро мекарданд.

Ҳам дар солҳои панҷсолаи пеш аз ҷанг ва ҳам дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳаракати стахановӣ дар корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ба таври васеъ шурўъ шуда буд. Агар соли 1942 дар корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе 1631 нафар стахановчизан кор мекарда бошад, пас соли 1944 шумораи онҳо ба 4870 нафар расида буд. Занони Тоҷикистон дар рўзҳои ҷанг дар инкишофи соҳаи кишоварзӣ саҳми муҳим бозиданд. Дар истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ, чун дар корхонаҳои саноатӣ, занон ба ҷойи шавҳарон, падару бародарони бафронтрафтаи худ меҳнат карда, ҷанговарони лашкари Шўравӣ ва аҳолии шаҳрро бо озуқа, саноатро бошад, бо ашёи хом таъмин мекарданд.

Дар солҳои ҷанг ба тайёрии мутахассисони хоҷагии қишлоқ, аз ҷумлаи занон, диққати махсус дода мешуд. Танҳо дар нимаи аввали соли 1943, 1445 нафар занон курсҳои механизаториро хатм намуданд, ки ин 60,7 фоизи шумораи умумии механизаторони хатмкардаи курсҳои МТС-ҳои Тоҷикистонро ташкил медод. Инчунин, ба тариқи таълими инфиродӣ низ занон барои хоҷагии қишлоқ тайёр карда мешуданд. Ба ҳамин роҳ танҳо дар нимсолаи аввали соли 1943 157 нафар занон касби тракторчиро аз худ намуданд. Заноне, ки дар солҳои панҷсолаи пеш аз ҷанг тарбия ёфта буданд, дар давраи ҷанг манбаи асосиро ташкил медоданд, ки аз онҳо ташкилотчиёни истеҳсолоти хоҷагии кишоварзӣ ташаккул ёфтанд. Аз байни онҳо раисони артелҳои хоҷагии қишлоқи «Қизил Юлдуз»-и ноҳияи Ҷиргатол С. Камолова, «Ҳаёти нав»- ноҳияи Обигарм В. Назарова ва дигаронро номбар кардан мумкин аст.

Соли 1945 – 28 нафар занон ба сифати раисони колхоз, 88 нафар ба сифати ҷонишини раисон, 54 нафар ба сифати мудирони ферма, 1335 нафар ба сифати бригадир ва 4588 нафар ба сифати сардорони звено кор мекарданд. Колхозчизанони ҷумҳурӣ низ дар ташкили бригадаҳои фронтӣ ва звеноҳои барои ҳосили баланди пахта муборизабаранда саҳми арзанда гузоштанд. Курсҳои занонаи Ленинобод, Конибодом, Регар ва Қўрғонтеппа шумораи зиёди механизаторонро тайёр намуданд. Ҳамагӣ дар Тоҷикистон тайи ду соли ҷанг 5 ҳазор нафар занон-механизаторони хоҷагии қишлоқ гардиданд. Шумораи колхозчизанон сол аз сол меафзуд. Масалан, агар соли 1941 шумораи занон дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ 176728 нафар бошад, пас соли 1942 шумораи онҳо ба 191506 нафар расид.

Ба сафи колхозчизанони мусобиқакунанда 1065 нафар тракторчизанон ҳамроҳ шуданд ва бисёре аз онҳо ғолибони мусобиқа гардиданд. С. Собирова, Х. Юлчибоева аз ҷумлаи онҳо буданд. Иштирокчиёни мусобиқаи сотсиалистии умумииттифоқӣ, сардорони звеноҳо Қумрӣ Абдураҳмонова, Очаой Умарова, Ойнисо Болтабоева, Меҳрӣ Ёқубова ва дигарон дар Иттиҳоди Шўравӣ аз ҳама зиёдтар ҳосили пахта мерўёнданд. Звенои Қумрӣ Абдураҳимова аз колхози «Ленинград»-и ноҳияи Кўктош барои ҳосили баланд соли 1944 бо Байрақи Сурхи сайёри комсомол мукофотонида шуда буд.Аҳамиятнокии пахтаро барои хоҷагии халқ ба назар гирифта, ташкилотҳои ҳизбию шўравӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ин соҳаҳои хоҷагӣ диққати махсус медоданд. Меҳнати занон дар соҳаи пахтакорӣ мақоми муҳимро ишғол мекард. Агар пеш аз ҷанг колхозчизанон дар бисёр ҳолатҳо танҳо дар ҷамъоварии пахта иштирок мекарда бошанд, акнун онҳо дар парвариши пахта ҷойи асосиро ишғол мекарданд.

Соли 1944, 230 колхозҳои ҷумҳурӣ нақшаи пахтасупориро барзиёд иҷро карданд. Аммо ин комёбиҳо талаби мамлакатро доир ба пахта қаноат намегардонд. Аз ин рў, дар қарори ШКХ ва КМ ҲК(б) Тоҷикистон «Дар бораи чорабиниҳои минбаъд инкишоф додани хоҷагии қишлоқи ҶШС Тоҷикистон» (2 марти соли 1945) қайд шуда буд, ки вазифаи муҳимтарини ташкилотҳои ҳизбию шўравӣ, колхозҳо, совхозҳо, МТС-ҳо, мутахассисони хоҷагии қишлоқ барқарор кардани сатҳи пешазҷангии майдонҳои кишти пахта ба ҳисоб меравад.

Тақдири ҳосили баланд ва ҷамъоварии саривақтии он аз фаъолияти меҳнатии занон вобаста буд. Аз ин рў, ба мақсади бештар ҷалб намудани меҳнаткашзанони деҳот ба истеҳсолоти колхозию совхозӣ садҳо кўдакистонҳо кушода шуда буданд.

Ба шарофати меҳнати фидокоронаи колхозчизанон ва мусобиқаи сотсиалистӣ, Тоҷикистон соли 1945 нақшаи ба давлат супоридани пахтаро иҷро намуд. Дар ин кор саҳми пахтакорони машҳур Қумрӣ Абдураҳмонова ва Ҳалимахон Сулаймонова, Турдихон Ғуломова, Очаой Умарова калон буд. Бо даъвати ҳизб ҳазорҳо нафар занони коммунисту комсомол ҳамовоз шуданд. Ба туфайли меҳнати фидокоронаи кирмакпарварон соли 1941 дар ҷумҳурӣ назар ба соли 1940 - 214 тонна зиёд пилла парвариш карда, ба давлат супорида шуда буд. Соли 1942 кирмакпарварони тоҷик дар мусобиқа бо ҳамкасбони туркмании худ ғолиб баромаданд.

Барои меҳнати фидокорона 169 нафар кирмакпарварони пешқадам бо Грамотаи Фахрии Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва 28 нафар мутахассисони соҳаи кирмакпарварӣ бо нишони «Аълочии Комиссариати халқии саноати бофандагии ИҶШС» мукофотонида шуданд, ки қисми зиёдашон занон буданд. Усулҳои пешқадами кори кирмакпарварон Ҷонон Урунова (аз колхози «Ударник»-и ноҳияи Конибодом), С.Олимова (аз колхози ба номи Ворошилови ноҳияи Колхозобод), Ф. Фозилова (аз колхози ба номи «Москва»-и ноҳияи Ленинобод), Г. Тоҳирова ва В. Саидова (аз колхози ба номи «Досу болға»-и ноҳияи Роҳатӣ) на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шўравӣ низ паҳн шуда буданд.

Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ таносуби меҳнати занон дар соҳаи чорводории Тоҷикистон афзуд. Дар тараққиёти чорводорӣ говдўшон Ё. Қосимова ва Т. Очилова, мудири ферма З. Ҳикматова, гўсолабон У. Муродалиева ва бисёр дигарон саҳми босазо гузоштанд. Пеш аз ҷанг дар ҷумҳурӣ танҳо 24 нафар занон ба сифати мудири ферма кор мекарданд, соли 1944 бошад, шумораи онҳо ба 114 нафар расид. Занони Тоҷикистон на танҳо дар фабрикаю заводҳо ва дар саҳроҳои колхозию совхозӣ фидокорона меҳнат мекарданд, балки дар давоми тамоми давраи ҷанг ба фронт ёрии моддию маънавӣ низ мерасонданд.

Аз Тоҷикистон ба фронт 151 вагон туҳфа, ба маблағи 532 ҳазор сўм либоси гарм фиристонида шуд. Дар миқёси ҷумҳурӣ ба фонди мудофиа 30 миллиону 500 ҳазор сўм, инчунин 45 миллиону 207 ҳазор сўм облигатсияи зайём ва 40 ҳазору 750 пуд ғалла ҷамъ карда шуд. Ғайр аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтани колоннаи танкии «Колхозчии Тоҷикистон» зиёда аз 84 миллион сўм, барои сохтмони эскадрилияи «Тоҷикистони Шўравӣ» 35,2 миллион сўм фиристода буд.  

Занони Тоҷикистон, мисли тамоми халқҳои шўравӣ бачаҳои ятиммондаро парасторӣ карданд. Онҳо тарбияи бачаҳоро ба зимма гирифта, ба интернату боғчаҳои бачагона шефӣ мекарданд.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сафарбар намудани мардуми шўравӣ зидди душман санъат роли махсус бозид. Аввали моҳи июли соли 1943 Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ташкил намудани театри фронтӣ қарор қабул кард. Театр дар давоми ду моҳи дар фронт буданаш 250 консерт дод, ки дар онҳо 209 ҳазор нафар ҷанговарон иштирок намуданд. Ҳамагӣ дар рафти ҷанг театри фронтӣ зиёда аз 1100 консерт ва спектакл намоиш додааст. Дар бригадаҳои фронтӣ А. Азимова, Ш. Содиқова, Р. Ғолибова, И. Баракаева, А. Носирова, Ш. Муллоҷонова ва дигарон иштирок карда буданд.

Ватан ба корнамоиҳои меҳнатии занон баҳои баланд дод. Садҳо занони Тоҷикистон бо орденҳои Иттиҳоди Шўравӣ мукофотонида шуда, зиёда аз 20 ҳазори онҳо бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)» сарфароз гардонда шуданд. Ақибгоҳи шўравӣ, чун ақибгоҳи давлат пурра аз они халқ ва қобили ҳаёт буда, дар озмоиши сахти ҷанг устуворона зоҳир гашт. Ягонагии маънавию сиёсии мардуми шўравӣ, дўстии халқҳои ИҶШС ва ватандўстии шаҳрвандон омили бузурге буд, ки ба ақибгоҳ қувваи мағлубнашаванда ва матонат ато мекард.

Дар даҳаи охирини қарни XX Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол гардид ва ба сохтани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ шурўъ намуд. Ва ин кор бе иштироки фаъолонаи занони ҷумҳурӣ, ки аз нисф зиёди аҳолиро ташкил медиҳанд, ғайриимкон аст. Хушбахтона, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша нисбати занон ғамхорӣ менамояд. Фармони Президент «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» исботи пайгаронаи он аст.

Занони Тоҷикистон аз ғамхории пай дар пайи роҳбари давлат Э. Раҳмон рўҳбаланд гардида, кўшиш менамоянд, ки софдилона меҳнат кунанд, дар бунёди ҷомеаи демократӣ, хушбахтии инсоният, ваҳдат ва сулҳи пойдор саҳми худро гузоранд.

Имрўз занони Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза барои сулҳ, барои хушбахтии инсоният қарор доранд. Бе зан на ҷумҳурӣ обод мегардад ва на оила. Қаҳрамониҳои занони тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик махсус қайд гардидаанд.

Муаллиф: Р. Набиева, профессор
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Баргирифта аз «Паёми Донишгоҳи милии Тоҷикистон”, № 3/8 (182)

Барчаспҳо: