Таърихи Русия барои муҳоҷирини корӣ

Пажуҳишгари тоҷик чорумин нашри китоб дар бораи таърихи Русияро, ки муҳоҷирини корӣ бояд онро донанд, интишор дод.
23 – уми феврали соли 2017 дар рӯзи мудофеини Ватан дар нашриёти “Контраст”-и пойтахти кишвар чорумин нашри китоби донишманди тоҷик, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода «История России: учебное пособие для таджикских трудовых мигрантов» аз чоп баромад.
Нашри чорум, ки иборат аз 220 саҳифа мебошад, иловаҳое ба боби сеюм дорад, ки ба таърихи замони Шӯравӣ ва пасошӯравӣ бахшида шудааст. Гузашта аз ин иловаҳо ба масоили баҳсии таърихи давраи ёдшуда бахшида шудаанд, ки донистани он барои хонанда ҳоизи аҳамият аст.
Маврид ба ёдоварист, ки ин китобест, ки   як муҳоҷири корӣ дар Русия барои ошноӣ бо таъриху тамаддуни ин кишвар мехонад ва огоҳ мешавад, ки кистанд русҳо ва чӣ тамаддуну чӣ таърих доранд. Воқеъан, ҳатто бигзарем аз он ки ҳоло Русия барои қабули муҳоҷир аз ӯ имтиҳон мегирад, донистани таърих хуб ҳасту бад нест.Умуман маърифату дониш дар ҳеч замоне барои инсон бори зиёдатӣ набудааст.
Мураттиби ин китобча талош кардааст сарчашмаҳои илмии зиёдеро варақ занад, китобҳои таърих ва навиштаҳои муаррихони ҳар давру замонро омӯзад ва аз миён барои як тоҷики муҳоҷир мағзе аз он андӯхтаҳоро оварад.
Заҳмати чандмоҳаву шояд чандсолаи як пажуҳишгарро як тоҷики дур аз Ватан ба осонӣ ва зуд мехонад, медонад ва худро барои ҳар имтиҳон омода месозад. Ва на танҳо барои имтиҳон, балки барои ифтихор аз он ки вай донандаи таърихи кишварест, ки дар он зиндагӣ мекунад.
Сармуҳаррири нашри чоруми китоби «История России: учебное пособие для таджикских трудовых мигрантов» доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи таърих ва назарияи журналистика ва воситаҳои ахбори Донишгоҳи Славянии Тоҷикистон Масрур Абдуллоев мебошад.

Дарёфти мавод: 
Барчаспҳо: