«Ҳудуду-л-олам» маъруфтарин асари ҷуғрофии олам
«Ҳудуду-л-олам», ки аз ҷумлаи машҳуртарин асарҳои ҷуғрофии дунёст, аз ҷониби муаллифи номаълуме таълиф шуда ва то ба имрӯз дар бораи ҳуввияти мусаннифаш дақиқан чизе гуфта нашудааст. Ҳамчуноне дар муқаддимаи ин китоб хоҳед хонд, профессор В.Ф.Минорский Ибни Фариқунро нигорандаи он медонад ва муҳаққиқон танҳо охири асри XIX дар бораи он огоҳ шуданд. Асар соли 372 ҳиҷрӣ (982-983) таълиф шудааст. Соли 1892 шарқшинос, тарҷумони ҳарбӣ, генерал-майори Артиши Императори рус Александр Туманский нусхаи аввали онро дар Бухоро пайдо кардааст ва аввалин хабари он ҳам Русия, дар рӯзномаи “Окраина” интишор ёфтааст.
Александр Туманский донандаи хуби забонҳои арабӣ, туркӣ ва форсӣ буда, солҳои 1891-1895 чун афсар дар Осиёи Марказӣ хизмат кардааст. Солҳои 1900-1905 сарконсул дар шаҳри Ванаи Туркияи усмонӣ будааст. Солҳои 1908-1909 бори дигар ба қаламрави форсҳо баргаштааст.
Ин генерали рус, ки ба хубӣ ҳуруфи арабӣ медонист ва чуноне гуфтем бо забони форсӣ ошно буд, муддати се сол «Ҳудуд-ул-олам»-омӯхтааст ва дар яке аз ҷаласаҳои бахши шарқии Ҷамъияти бостоншиносони рус аз муҳтавои ин рисола маълумоти муфассал ироа кардааст ва ҳамин маърӯзаро бо такмилу таҳрир чоп ҳам кардааст. Аммо чун Туманский марди низомӣ буд, фурсати онро наёфт, ки асарро комил таҳия ва тарҷума кунад. Аз сӯйи дигар баъди инқилоби болшевикӣ вай чун генерали подшоҳӣ ногузир ба фирор аз Русия шуд. Вай ҳангоми фирораш асарро бо худ бурд ва соли 1920 дар синни 59-солагӣ вафот кард. Ҳамсараш дар Туркия мезист ва чун бо олим В.Ф. Минорский шиносоӣ дошт, бо дархости ӯ «Ҳудуд-ул-олам»-ро ба Порис ирсол мекунад. Метавон гуфт, ки Минорский дар ҳифзи ин асари гаронмоя хизмати бузург кард.
Соли 1930 академик В.В.Бартолд бо шеваи факсималӣ нашри комили «Ҳудуд-ул-олам»-ро анҷом дод. Ва ҳамзамон аввалин порчаҳоро аз ин асар бо забони русӣ низ тарҷума ва чоп кард.
Олими шинохтаи эронӣ Манучеҳри Ситуда соли 1962 матни интиқодии онро дар Теҳрон ба чоп расонд.
То ба ин нусхае, ки ҳоло мутолиа хоҳед кард, «Ҳудуд-ул-олам» дар Тоҷикистон ду маротиба чоп шуда буд. Нашри аввали он бо талоши Н.Қосимов ва сарсухани академик А.Мухторов соли 1983 интишор ёфт ва баъди 25 сол дар таҳияи Зариф Шариф он дубора баргардон ва чоп шуд.
Вале дар ду нашр ҳам иштибоҳоти зиёди имлоиву услубӣ роҳ ёфта буданд ва асаре назири «Ҳудуд-ул-олам» ба чопи бенуқсу интиқодӣ ниёз дошт.
Нашри тозаи он аз ҷониби Абдуҷамол Ҳасанов бо таҳрири муҳақиқи шинохта Қодири Рустам, зери назари академик Носирҷон Салимзода анҷом гирифт ва бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастраси хонандагон гардид.
Китоб соли 2014 дар интишороти “Бухоро” дар ҳаҷми 415 саҳифа ба теъдоди маҳдуди 300 нусха ба табъ расидааст.
«Ҳудуду-л-олам», ки номи пурраи он «Ҳудуд-ул-олам мина-л-Машриқ ила-л-Мақриб» мебошад, бидуни шак дар радифи бузургтарин сарватҳои маънавии тоҷикон қарор дошта, дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ мавқеи сазовор дорад. Аз он дар тўли солиёни зиёд ҷуғрофияшиносон, муаррихон, бостоншиносон, ҳавосанҷон, маъданшиносон, забоншиносон ва дигарон истифода намудаанд.
Китобро метаовнед аз Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллӣ пайдо ва мутолиа намоед.
Умед Пудинаев, мутахассиси пешбари
Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и
Китобхонаи миллии Тоҷикистон