«Динкард» дар арафаи нашр

Китоби қадимии «Динкард» чорумин ҷилди силсилаи «Тоҷнома» аст, ки бо талоши донишманди маъруф Фарангис Шарифова рӯйи чоп дид.

Китоби «Динкард» маҷмўи қоидаҳои динӣ мебошад. Аз сабаби номаълум мондани баъзе наскҳои он дар ин ҷилд китобҳои сеюм, панҷум ва ҳафтуми «Динкард» ҷамъоварӣ ва таҳия шудаанд. Муқаддимаи китоб ба гирдоварандаи ин маҷмўа ва баргардонкунандаи матнҳо аз хати форсӣ, доктори илмҳои филологӣ Фарангис Шарифова   тааллуқ дорад.

Китоби севуми «Динкард» дар бобати усул ва ақоиди зардуштӣ аз дидгоҳи калом ва фалсафа маълумот медиҳад. Дар ин қисмат доир ба рўзгори шахсиятҳои маъруфе аз қабили Каюмарсу Зардушту Фаридун низ сухан рафтааст.

Китоби панҷум шомили ду бахш аст. Бахши аввал фарогири суолҳо ва посухҳои Яъқуби Холидон ва Озарфарнбағ аст, ки дар бораи паёмоварони пеш аз Зардушт, зуҳури Зардушт ва зиндагии Зардушт сухан мекунанд. Бахши дувуми китоб посухҳои Озарфарнбағро бар сиву се пурсиши Бухтмори масеҳӣ дар бар гирифтааст.

Дар китоби ҳафтуми «Динкард» се наски «Авесто»-и куҳан оварда шудааст: «Спанд наск», «Чихрдод наск», «Виштосп сост» (Омўзаҳои Гуштосп).

Замони китобати бахшҳои севум, панҷум ва ҳафтуми дар ин китоб овардашуда ба асрҳои XI, XVI, XVII рост меояд.

«Динкард» чун яке аз намунаҳои нахустин осори фикрии башарӣ барои худшиносии миллӣ, аз байн бурдани ифротгароӣ, шинохти оину мазҳаби гузаштагон аҳамияти беназир дорад.

Китоб бо аксу тасвир ва харитаҳо зиннат ёфтааст.

Китоб барои тамоми зиёиёни кишвар, хусусан мутахассисони таърихи фалсафа, этнография, этнология, диншиносӣ, табиатшиносӣ пешбинӣ шудааст.

Шоҳбегим Маликшоева
Мутахассиси пешбари
Маркази «Тоҷикшиносӣ»