«Таърихи Систон» - китобе дигар силсилаи “Тоҷнома”

Китоби «Таърихи Систон» бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон соли 2014 дар ҳаҷми 352 саҳифа дар таҳия, муқаддима ва тавзеҳоти донишмандони тоҷик Муҳаммадюсуф Имомов ва Абдушукури Абдусаттордар нашриёти “Бухоро” чоп шудааст.    

Китоби «Таърихи Систон» чун «Таърихи Табарӣ», «Ҳудуд-ул-олам мин ал-Машриқ илал Мағриб», «Зайн-ул-ахбор» ва амсоли онҳо аз зумраи куҳантарин осори таърихӣ ба шумор меравад, ки ба забони форсӣ таълиф гардидаанд. Дар масъалаи ном ва муаллиф ё муаллифони ин асар дар миёни донишмандон ва асҳоби таъриху тазкираҳои асрҳои миёна ихтилофи назар мавҷуд аст. Ҳарчанд ин китоб бо номи «Таърихи Систон» шуҳрат пайдо кардааст, вале дар нусхаи асл ҳаргиз аз ин ном ёд нашуда ва дар ҳар ҷои асар аз он бо номи «Таърих» ишора шудааст. Ҳамчунин яқинан наметавон гуфт, ки номи китоб «Систоннома», «Ахбори Систон» ё «Таърихи Систон» буда бошад.

Дар ҳар ҳол, ин китоб пас аз он ки бори нахуст дар тўли солҳои 1881-1885 дар поварақи рўзномаи «Эрони қадим» бо саъйи Абдулазимхони Гургонӣ ва бо номи «Таърихи Систон» ба табъ расид, минбаъд бо ҳамин ном шуҳрат пайдо намуд. Баъд аз он Маликушшуаро Баҳор аз рўи яке аз нусхаҳои қадимии ин асар матни интиқодии онро бо тасҳеҳоти худ соли 1936 бо ҳамон номи «Таърихи Систон» ба чоп расонд. Минбаъд аз рўи матни интиқодӣ ва тасҳеҳшудаи Маликушшуаро Баҳор «Таърихи Систон» ду маротиба, яъне солҳои 2004 ва 2009 ба табъ расонида шуд.

Яке аз муҳимтарин арзишҳои таърихии китоб дар он зоҳир мегардад, ки ба василаи он зикри ном ва ахборе аз маъхазҳои қадим маҳфуз мондаанд, ки теъдоде аз онҳо акнун аз байн рафта ва танҳо дар «Таърихи Систон» иттилоъ пайдо карда метавонем. Аз ҷумлаи ин китобҳо, ки муаллифи «Таърихи Систон» истифода ва иқтибос намуда ва имрўз вуҷуд надоранд, яке «Китоби Гаршосб»-и Абул­муайяди Балхӣ ва дигаре «Фазоили Сиҷистон»-и Ҳилол Юсуфи Авқӣ мебошанд. Ба замми ин дар «Таърихи Систон» аз китобҳои муҳимме чун «Китоби анбиё»-и Алӣ ибни Муҳаммади Табарӣ, «Ат-таворих»-и Муҳаммад ибни Мусои Хоразмӣ, «Китоб-ул-хироҷ»-и Қудома ибн Ҷаъфар, «Сияри мулуки Аҷам»-и Ибн Муқаффаъ, «Ахбори Систон»-и муаллифи номаълум ва ғайра зимни шарҳи рўйдодҳои марбут ба Эрони бостон, зиндагиномаи Пайғамбари ислом (с), воқеоти замони хулафои рошидин ва Умавиён мавриди истифодаи муаллиф қарор дода шудааст. Ҳамчунин аз «Таърихи Систон» маълумоте дар бораи ташаккули муқо­и­мати истиқлолхоҳии эрониён бо саъйи хавориҷ ва айёрон ва бар асари он таъсис ёфтани нахустин давлатҳои маҳаллии эронӣ чун Тоҳириёну Саффориён оварда шудаанд, ки аз лиҳози таърихӣ хеле арзишманд мебошанд.

Дар охири китоб феҳристи номи маҳалҳо, феҳристи номи афрод ва феҳристи матолиб ҷой дода шудаанд.

Дарёфти Китоб: Таърихи Систон

Сафаргул Ҳусайнова, 
Сармутахассиси Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и
Китобхонаи миллии Тоҷикистон