Таҷрибаи эҷодӣ дар тарҷумаҳои Бозор Собир аз ашъори Афанасий Фет

Дар маҷмўъ, мутарҷим дар тарҷумаи ин шеър муваффақ шудааст. Ин муваффақиятро на танҳо дар мазмун, ҳатто дар оҳанг ва калимаҳои қофияи он дидан мумкин аст. Оҳанги он бо мазмуни шеър, ҳатто бо оҳанги матни асл мувофиқ омадааст ва интихоби қофияҳои мувофиқ, зебоии оҳангу маънии шеърро дучанд афзудаанд. Интихоби калимаи қофия қариб дар ҳамаи бандҳо муваффақона ба назар мерасад, махсусан, дар бандҳои зерин калимаҳои такроромадаи «номаҳо» ва «хато», чун тасдиқу таъкид омада, ҳамчун таъминкунандаи нафосати матну оҳанг дар шеър хидмат кардаанд.

Тарҷумаи ашъори А.А. Фет дар маҷмўаи «Чашми сафедор» дохил гардидаанд ва як қисмати ин маҷмўаро фаро гирифтаанд. Ин маҷмўа аз се қисмат иборат аст: «Унвони шеърҳо» (ашъори худи шоир), «Тарҷума аз осори А.А. Фет» ва як мақола бо унвони «Бо шумо зистанам ҳайф».

Дар қисмати тарҷума 28 шеър ворид гардидааст, ки ҳар як шеър дорои унвони алоҳида аст. Барои рўшантар ва ба таври ҳам амалӣ ва ҳамназарӣ баён кардани матлаб тарҷумаҳои ашъори шоири рус А.А. Фет, ки аз ҷониби Бозор Собир тарҷума шудаанд, ба таври муқоиса мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар вақти муқоиса ва таҳлилу баррасиҳо 28 шеъри тарҷумашуда аз нигоҳи мувофиқат кардан ба матни асл ва ихтисору тасарруфоти мутарҷим ба гурўҳҳо ҷудо карда шуд.

1. Ба гурўҳи якум шеърҳое дохил мешаванд, ки бо матни асл пурра мувофиқат мекунанд ва дар онҳо ихтисору тасарруфоти мутарҷим дида намешавад (ба ин гурўҳ 6 шеър дохил мешавад);

2. Ба гурўҳи дуюм шеърҳое дохил мешаванд, ки ҳам ихтисор ва ҳам тасарруфот доранд. Ин гурўҳ боз ба ду гурўҳи дигар ҷудо карда шуд:

Шеърҳое, ки ихтисору тасарруфоти зиёд доранд (10 шеър);

Шеърҳое, ки ихтисору тасарруфоти кам доранд (11 шеър).

Дар ин миён як шеър ба ғайр аз се мисраи аввалаш бо матни асл умуман мувофиқат намекунад. Аз ин гурўҳбандӣ чунин натиҷагирӣ карда шуд, ки шеърҳое, ки мутарҷим дар онҳо аз матни асл чизеро ихтисор накардааст ва чизи наверо ворид накардааст, ё ихтисору тасарруфоти андак кардааст, дар онҳо сохтакории сухан дида мешавад. Аз қабили шеърҳои “Сонет” (“Сонат”), “Вольный сокол” (“Шоҳин”), “Майская ночь” (“Шаби моҳи май”). Баръакси ин шеърҳое, ки дар онҳо ихтисору иловаҳои мутарҷим зиёд дида мешавад, хеле зебо баромадаанд. Аз қабили шеърҳои  “Старые письма”(“Номаҳои кўҳна”), “На стоге сена ночью южной” (“Дар кумаи коҳу алаф, дар як шаби тори ҷануб”), “На заре ты ее не буди” (“Зинҳор бедораш макун”).

Дар маҷмўъ миёни тарҷумаҳои Бозор Собир аз ашъори А.А. Фет тарҷумаҳои муваффақона анҷомёфта бештар ба назар мерасанд. Дар бештари ин навъ тарҷумаҳо ихтисору тасарруфоти мутарҷим дида мешавад, ки шояд омили ба комёбӣ ноил гардидани ў ҳамин чиз шуда бошад. Масалан, дар шеъри «На заре ты ее не буди» («Зинҳор бедораш макун»). Ин шеър дар тарҷума чун матни асл аз 5 банд иборат аст... идома ин ҷост