Ганҷ магир, китоб гир.
Китоб беҳ аз ганҷинаи пурбор.
Китоб калиди илму дониш аст.
Китоб – сарчашмаи дониш.
Китоб ғизои маънавист.
Як китоби хуб беҳтар аз як хазинаи бузург.
Китоби хуб дўсти беҳтарин аст.
Дониш чароғи ақл аст.
Донишомўзӣ пирӣ надорад.
Дониш гирӣ, дарнамемонӣ.
Оламро офтоб мунаввар созад, одамро дониш.
Олим шудан осон, одам шудан душвор.
Ҳар кӣ бисёр хонд, бисьёр донист.
Ҳеҷ неъмате шарифтар аз илм нест,
Қудрати илм безавол аст.
Дониш шавад зи озмоиш фузун.
Китоб пулест бар олами дониш.
Хондани китоби хуб баробари дидани дидори ёр аст.
Китоби хуб ситораи тобон мебошад.
Аз китоб ҳарф не, маънӣ ҷустан лозим аст.
Донишманд ҳамеша бо китоб сару кор дорад.
Тиллоро аз замин, донишро аз китоб меҷўянд.
Навиштаи қаламро табар намебуррад.
Аз қаъри баҳр ҷавҳар меҷўянд, аз сафаҳоти китоб – дониш.
Фикри бекитоб мурғи бепар аст.
Дўстдори китобро ба Худованд ҳоҷат нест.
Ҳамсояи бофазл агар набошад, бо китоб пайванд.
Гирдоваранда:
Хотун Файзмамадова
мутахассиси пешбари
Маркази такмили ихтисос