Ганҷ магир, китоб гир.
Китоб беҳ аз ганҷинаи пурбор.
Китоб калиди илму дониш аст.
Китоб – сарчашмаи дониш.
Китоб ғизои маънавист.
Як китоби хуб беҳтар аз як хазинаи бузург.
“Адабиёт аз назари ман мисли чаҳор боғи рангинест, ки дар он ҳар гул бўю ҷилои хоси худро дорад, мегўяд шоир. Агар ба боғ дароеду ҳамаи гулҳо якранг бошанд, дилгир мешавед. Ман ҳам барои рангорангӣ ва сарсабзии боғи адабиётамон ало қадри ҳол ҳарорати дили худро мебахшам. Дар ҳар жанре, ки нависам, тараннуми меҳру садоқат ва корнамоии халқи азизамро қарзи худ мешуморам.” Алӣ Бобоҷон.