“Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд”.
Эмомалӣ Раҳмон
Оила чун асоси ҷамъият, дар ҷомеаи муътамаддин мақоми хосса дорад. Пойдорӣ ва солимии оила - пойдорӣ ва солимии миллат аст. Бо ибораи дигар, чи хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам мухтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст: «Оила ояндаи миллат аст». Аз ин рў дар ҷомеаи мо давлат нисбати рушду нумўъ ва костагию харобии оила бетараф буда наметавонад.
Дар ҳақиқат, оилаи солим ин ҷомеаи солим аст. Оилае, ки дар он сулҳу суббот, якдигарфаҳмӣ, дастгирии ҳамдигар ҷой дорад, оилаи пойдор ва солим аст. Гузаштагон беҳуда нагуфтаанд: Дар бунёди оила пастиву баландӣ, ҳамвориву нишебиҳо ҳастанд, ки онро сарбаландона гузаштан масъулият ва сабру таҳаммулро тақозо мекунад. Бино ба ин гуфтаҳо, дар ҳақиқат барои пойдории оила бисёр душвориҳоро паси сар кардан муҳим аст. Дар оилаи носолим, ки ҷанҷолу пархош дорад, тарбияи фарзандон душвор аст. Модоме, ки муҳити оила, муносибати волидайн, кору рафтори онҳо ба тарбияи фарзанд таъсирбахш набошад, моро зарур аст, ки дар оила ҳамдигарфаҳм бошем. Чуноне, ки маълум аст, имрўз шумораи оилаҳои ҷавони барҳам хўрда дар миқёси ҷумҳурӣ зиёд гардидаанд. Зеро пешрафти ҷомеа ба оилаҳои солим вобастагии калон дорад. Призиденти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ зикр намудаанд, ки дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ фанни «Маърифати оиладорӣ» ба барномаи таълимӣ ворид карда шавад, ки қобили дасгирӣ ва таҳсин аст. Инчунин муоиннаи тиббии ҷавонон бояд зери назоратӣ қатъӣ карор гирад, зеро солимии ҷомеа ба он муносибати кавӣ дорад.
Оила хишти хонае мебошад, ки каҷ ё нодуруст гузоштани он боиси ноустувории ин бино мегардад. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки барои зиёд гардидани оилаҳо пойдор, намунавӣ ва пешқадам кўшиш намуда, баҳри рушди ҷомеаи мутамаддин ва солиму пешрафта саҳмгузор бошем. Аввалин мактаби таълиму тарбияи инсон оила аст. Имрўз кўдаконро мо бояд дар рўҳияи меҳнатдўстӣ, ватанпарастӣ, адолату худшиносии миллат таъин намоем. Манбаи асосии дигари оиладорӣ ин дустиву рафокатӣ, яклигарфахмӣ мебошад, ки танҳо инро дар оилаи солим дарёфтан мумкин аст. Оила асоси пойдорӣ ва рушди камоли миллат аст.
Дар бораи оила ва оиладорӣ дар Китобхонаи миллӣ чунин китоб ва мақолаҳоро дастрас намудан мумкин аст:
Ахмедова, З. Оила саодати зиндагист [Матн]: Пешгирии зуроварӣ дар оила // Бонувони Тоҷикистон. – 2017. - №125. – С.22-23.
Бобомуродова, Г. Дуои модар [Матн]: Бахшида ба «Соли оила» // Бонувони Тоҷикистон. – 2016. – С.6-7. – феврал.
Маҳмудзодда, М. А. Танзими ҳуқуқии оила дар Тоҷикистон [Матн] // Инсон ва қонун. – 2017. - №4. – апрел.
Назирӣ, А. Маърифат – заминаи пойдории оиладорӣ [Матн]: Бахшида ба Рўзи Оила // Маърифати омўзгор. – 2016. - №5. – С.9-11.
Салоҳидинова, Г. Тадбиқи қонун дар раванди оила // Масъалаҳои маъориф. – 2015. - №6. – С.21-23.
(китобҳо)
Аҳмадзода, Р. Оила – асоси ватандорӣ [Матн] / Р. Аҳмадзода. – Хуҷанд: Меҳроҷ, 2015. – 328 с.
Оилаи солим – ҷомеаи солим [Матн]: Маводи конфренсия бахшида ба «Соли оила». – Душанбе, 2015. – 304 с.
Давлатов, М. Оила ва рушди шахсияти фарзандон [Матн] / М. Давлатова. – Душанбе: Ирфон, 2014. – 224 с.
Раҳимзод, Ҳ. Л. Асосҳом оила ва оиладорӣ [Матн]: Фалсафаи зиндагӣ / Ҳ. Л. Руҳимзод. – Душанбе, 2005. – 168с.
Ҳакимова, С. Танзими оила [Матн] / С. Ҳакимова. – Душанбе: Адиб, 2004. – 106с.
Шабнами Раҳимҷон, мутахассиси
пешбари шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ