Ҳанўз соли 650- мелодӣ дар шаҳри бостонии Самарқанд аз коғаз истифода бурдаанд. Вале коғази истифода шуда дар куҷо истеҳсолшуданаш маълум набуд. Дар боби коғази истеҳсоли Самарқанд ривоятҳои эътимоднок мавҷуданд. Ин ривоятҳо чуннад: Дар Чин тарзи омода намудани коғазро сирру асрори махфии давлатӣ медонистанд. Онҳо намехостанд, ки ихтирои коғаз ба дигар кишварҳо паҳн гардад, кисоли 751 лашкари чинӣ аз дарёи Тироз гузошта, ба шаҳри Ҷамбул наздик мешавад. Ҳокими онвақтаи Самарқанд- Абулмуслим сипоҳи худро барои муҳофизати қаламраваш мефиристонад.
Дар байни онҳо задухӯрди сахте сурат мегирад, дар натиҷа 20 ҳазор сарбози чинӣ асир меафтанд. Дар байни асирон чандин нафар косибон ҳунармандон аз ҷумла устоҳои коғазгар низ будаанд. Онҳо барои ҳифзи ҷони худ ин ҳунарро ба суғдиён ошкор менамоянд. Ҳаминтавр санъати коғазгарӣ дар Самарқанд густариш меёбад ва шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо мекунад. Коғази самарқандиро тоҷирон ба арабу форс, Ҳинд ва Хоразм мебурданд. Чунонуи миқдори зиёди дастхатҳои порсию арабии асри IX-X дар коғази самарқандӣ иншо шудаанд.
Бинобар ривоятҳои таърихӣ, иддае аз санъатгарони чинӣ, ки дар соли 750 мелодӣ дар канораи рудхонаи Тироз ба асорати Зиёд ибни Солеҳ сардори мусалмонон даромаданд, коғазсозиро ба самарқандиён омўхтанд. Кам-кам ин санъат дар онҷо равнақ ёфт ва коғази Самарқанд мояи тиҷоратӣ барои мардуми Самарқанд ва аз колоҳои машҳур ва мунҳасир маъруф гардид, ки тавлиди он бисёр ва ба ҳама кишварҳои ҷаҳон содир мешуд. То поёни саддаи X мелодӣ коғази самарқандӣ дар кишварҳои исломӣ комилан ривоҷ ёфт.
Шакли комили мақолаи ҳамкорамон Шукрона Каримзодаро ин ҷо бихонед: