Гуфтори бузургон дар васфи зан – модар

Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиӣ интиқол медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон

Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Зан конуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббат ва дӯстӣ ва чашмаи бахшиш аст.

Иқболи Лоҳурӣ

 

Зан ҳамеша синни худро аз таърихи издивоҷ ҳисоб мекунад, на аз таърихи таваллуд.

Эрҳард

 

Покдоманӣ дар зан монанди шуҷоат дар мард аст, ман аз марди таррӯ он гуна мутанафирам, ки аз зани нонаҷиб.

Наполеон

 

Зан паҳлавоне аст, ки далертарин мардонро дар сахттарин ҳолати хашм ором мекунад.

Ҳеродот

 

Зан кӯдаке аст, ки бо андак табассум хандон ва бо камтарин бемеҳрӣ гирён мешавад.

Ҳервед

 

Зан барои он офарида нашудааст, ки вуҷуде пуч ва беҳуда бошад ва танҳо ба дарди зинат ва тафриҳи мард бихӯрад.

Смойлз

 

Зан ягона вуҷуде аст, ки ҳақиқати ишқи покро мешиносад.

Шиллер

 

Худписандии занҳо бузургтарин иллати бадбахтии онҳо ва нобудии хонаводаҳост. Ҳеҷ чиз ба андозаи худписандии занҳо бунёди хонаводаҳоро вайрон накардааст.

Чарлӣ Чаплин

 

Нахустин касе, ки метавонад занро фиреб диҳад худи ӯст.

Лафонтен

 

Мардон дар вақтҳои хушбахтӣ нисбат ба дигар афрод ҳамдардӣ нишон медиҳанд ва занон дар авқоти бадбахтӣ.

Зарбулмасали чинӣ

 

Зани зишт дар дунё вуҷуд надорад. Танҳо баъзе аз занҳо ҳастанд, ки наметавонанд худро зебо ҷилва диҳанд.

Бернадр Шоу

 

Зан шарики зиндагонӣ ва ёри соатҳои дармондагӣ аст.

Ҳуте

 

Як зани зебо ва накӯсурат дар назар зебост, аммо як зани хуб ва некӯсират дар қалби инсон ҷой дорад.

Наполеон Ҳилл

 

Ҳар зани покдомане зебо ва дилписанд аст.

Виктор Ҳуго

 

Чунин аст табиати зан: дӯстат надорад то дӯсташ дорӣ ва чун дӯсташ надорӣ дӯстат дорад.

Мигуел Буффлер

 

Тасхири як кишвари бузург аз тасхири қалби кӯчаки зан осонтар аст.

Наполеон

 

Аз даҳ зан нӯҳ зан пеш аз ба кор бурдани тозиёна онро аз дасти мардон мегиранд.

Рассел (Бертранд)

 

Онҷо, ки ишқ ё нафрат аҳамияте надорад, зан нақши миёна бар ӯҳда мегирад.

Нича

 

Тамаддун чист? Натиҷаи нуфузи занони покдоман.

Амрсон

 

Ба суроғи занон меравӣ? Тозиёнаро фаромӯш накун.

Нича

 

Хашми зан монанди алмос аст, ки медурахшад, аммо намесӯзонад.

Тагур

 

Чизе, ки зан дорад ва мардро тасхир мекунад меҳрубонии ӯст, на симои зебояш.

Шекспир

 

Ширинтарин суханон дар зиндагӣ хушомадгӯии беғалу ғашши зан ба шавҳари худ аст.

Ҷорҷ Велз

 

Ҳар куҷо марде ёфт шуд, ки ба мақомоти баланд расидааст, яқинан зани покдомане ӯро ҳамраҳӣ кардааст.

Шиллер

 

Зан вақте, ки дӯст бидорад ғайр аз маҳбуби худ чизеро намебинад ва ҳарчи отифа, меҳрубонӣ ва новозишу фидокорӣ дорад танҳо барои ӯ ба кор мебарад.

Алфанс Дуда

 

 

Агар зани зебо гавҳар бошад, пас зани бофазилат канз аст.

Кант

 

Зан монанди гул аст, он гоҳ мешукуфад, ки обаш диҳӣ.

Зарбулмасали лотинӣ

 

Зани ғазабнок занбӯре аст, ки неш мезанад.

Брайтон

 

Беҳтарин силоҳ бар зидди зан, зани дигар аст.

Стендал

 

Зан аз кам доштани худ ғам намехӯрад, аз он ғам мехӯрад, ки дигаре аз ӯ зиёд дорад.

Гуфтори португалӣ

 

Зан монанди соя аст, агар дунболаш шавӣ аз ту мегурезад, агар аз ӯ гурезӣ ба дунболат мешавад.

Гуфтори фаронсавӣ

 

Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост.

Эмомалӣ Раҳмон

 

 Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Бе офтоб гулҳо намешукуфанд, бе муҳаббат хушбахтӣ нест, бе зан ишқ нест, бе модар шоир нест, қаҳрамон ҳам нест. Тамоми ифтихори дунё аз модарон аст.

А. М. Горкий

 

Як модар хуб ба сад устод ва омӯзгор меарзад.

Ҷорҷ Ҳерберт

 

Ҳеҷ атргуле ранг ва зебоии модарро надорад.

Эрнест Ҳамингвей

 

Модар гаронбаҳотарин дороии як миллат аст ва ба андозае арзиш дорад, ки метавон гуфт: Ҷомеа замоне ба авҷ мерасад, ки битавонад аз кор ва кирдорҳои модар пуштибонӣ кунад.

Алан Кэй

 

Қалби модар ба андозае густарда ва фарох аст, ки ҳамеша метавонед бахшиш ва гузаштро дар он ёбед.

Ҳоноре Ди Балзак

 

 

Падару писар бештар аз модару духтар, нисбат ба якдигар мулоҳизакортаранд.

Ничӣ

 

Ризоияти Худованд дар ризоияти падару модар ва хашми ӯ дар хашми онҳост.

Паёмбар (с)

 

Барои модар вожае зеботар аз фидокор наметавон ёфт.

Уруди Бузург

 

Бо падару модари худ чунон рафтор кун, ки аз фарзандони худ таваққӯъ дорӣ.

Суқрот

 

Тору пуди модарро аз меҳрубонӣ бофтаанд.

Ролф Волду Амрсон

 

Камоли зан дар модарӣ аст, зане, ки модар нест мавҷуди ноқисе аст.

Ҳоноре  де Балзак

 

Поктарин нигоҳи меҳромезро дар чашмони падару модари хеш ҷустуҷӯ кун.

Уруди Бузург

 

Модар шудан марҳилаи камоли зан аст.

Александр Дюмо

 

Ман аз ишқ бадам меояд, зеро як бор ошиқ шудам ва модарамро фаромӯш кардам.

Марк Твен

 

Меҳмониҳои фаровон аз арзиши одамӣ мекоҳад, магар дидори падару модар.

Уруди Бузург

 

Ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ наметавонед муҳаббатеро беҳтар, хубтар ва воқеитар аз муҳаббати модари хуб ёбед.

Ҳоноре де Балзак

 

Усораи ҳамаи меҳрубониҳоро гирифта ва аз он модар сохтаанд.

Кристофар Марлу

 

Тифл модарашро аз лабхандаш мешиносад.

Ферҷил

 

Яке аз бузургтарин офаридаҳои Худо қалби модар аст.

Андре Гретрӣ

 

Касе модарашро гум кунад, бӯи волидайнашро ҳам гум кардааст.

Зарбулмасали ниҷерӣ
Шуъбаи  илмӣ-таҳқиқотӣ