Дўстӣ ва рафоқати Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, шеърҳои шоирони машҳури тоҷики асри XV – Хоҷа Масъуди Қумӣ, Камолиддин Биноӣ, Амир Суҳайлӣ, Мавлоно Нодирӣ, Ҳилолӣ, Осафӣ, Соғарӣ, Мавлоно Субҳӣ, Саид Ҳасани Ардашер, Ҳофизи Ёрӣ ва дигарон аз ҳамсўҳбатони Навоӣ буданд, низ дар мавридҳои алоҳида дар ҳаққи шоирию фозилӣ ва илтифоту ғамхориҳои Навоӣ суханҳои нек гуфтаанд ва баъзе аз онҳо дар тавсифи ў шеърҳо навиштаанд, ки намунаи барҷастаи дўстӣ ва бародарӣ, меҳру муҳаббати байниҳамдигарии халқҳои тоҷик ва ўзбек мебошанд.
Кандакорӣ рӯйи чӯби мақбараи Исмоили Сомонӣ (асри 10), арақаи Чашмаи Айюб (асрҳои 14–17, Бухоро), рафҳои мақбараи Қуссам ибни Аббос (Самарқанд), айвони мақбараи деҳаи Чоркӯҳи Исфара, меҳроби Искодар (асри 10, ноҳияи Айнӣ), мақбараи Шайх Муслиҳуддин (асрҳои 14–15, Хуҷанд), мақбараи Сайфиддини Бохарзӣ (асри 14), дари Гӯри Мир (асри 15, Самарқанд) ва ғайра нақшҳои ҳандасӣ ва табиӣ доранд.