Наврўз ба ҳайси яке аз унсурҳои барҷастаи фарҳанги ғайримоддӣ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҷумҳуриҳои Афғонистон, Эрон, Ўзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ироқ, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Ҳиндустон рўзи 30 ноябри соли 2016 дар Ҷаласаи 11-умини байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия баргузор гардид, расман ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Наврўз яке аз маъмултарин ва қадимтарин ҷашнҳои миллӣ буда,
Бояд эътироф намуд, ки ба роҳ модани робитаҳои дўстӣ, дипломативу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди тарафайн бо кишварҳои ҳамсоя аз рўзҳои аввали соҳибихтиёрии давлатӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти давлати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Тақвият ва густариши муносибатҳо бо Ҷумҳурии Узбекистон ҳамеша аз бахшҳои калидии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медод. Бо вуҷуди андешидани тамоми тадбирҳо омилҳое буданд, ки то андозае барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба монеа эҷод мекарданд.
Тавре аз сарчашмаҳои таърихию фарҳангӣ бармеояд, ҷашни Наврӯз дар аҳди Куруши Кабир ва салтанати Дорои Бузург дар толорҳои пурҳашамати тахти Ҷамшед, аз ҷумла қасри барҳавои Садсутун, бо иштироки табақаҳои гуногуни ҷомеа, дар сатҳи давлатӣ зиёда аз як ҳафта баргузор шуда, аҳли санъат ба он шукӯҳи хоса мебахшиданд. Маросими баргузории ҷашнии Наврӯз ва ба ҳузур пазируфтани намояндагони қавму миллатҳои