Тамаддуни ҷаҳонии Наврӯз

Тавре аз сарчашмаҳои таърихию фарҳангӣ бармеояд, ҷашни Наврӯз дар  аҳди Куруши Кабир ва салтанати Дорои Бузург дар толорҳои пурҳашамати  тахти Ҷамшед, аз ҷумла қасри барҳавои Садсутун, бо иштироки табақаҳои гуногуни ҷомеа, дар сатҳи давлатӣ зиёда аз як ҳафта баргузор шуда, аҳли санъат ба он шукӯҳи хоса мебахшиданд. Маросими баргузории ҷашнии Наврӯз ва ба ҳузур пазируфтани намояндагони қавму миллатҳои гуногун дар деворнигориҳои таҳти Ҷамшед  то имрӯз побарҷо мебошад.

Бо фарорасии баҳори нозанин чанд рӯзи охир кишвари зебоманзари моро як руҳияи баланди ифтихору сарфарозӣ аз истиқболи ҷашни бузурги аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз фаро гирифтааст ва аз ҳар гӯшаю канор, ҳар хонадони соҳибиқболи он садои ин ҷашни зиндагисоз ҳамҷуриву ҳамнавоӣ доранд, ба гӯш мерасад. Воқеан, Наврӯз ба ҳама шодиву хурсандиҳо шоиставу арзанда аст, зеро бузургони мо фармуданд, ки «ҳар кас талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву  нишот бирасад». Наврӯз барои мардуми мо шукӯҳу шаҳомати хоса дорад, зеро он сатҳи байлмилалиро доро гардидааст. Қайд кардан лозим аст, ки миллати тоҷик дар радифи дигар халқҳои ҷаҳон дар тӯли таърихи дароз ба хазинаи тамаддуни башари ганҷи бебаҳо ворид карда, барои арҷ гузоштан ва ҳифзи ин фарҳанги воло ҷонбозиҳо намудааст. Маълум аст, ки 23 феврали соли 2010 бо ташаббуси якҷояги Тоҷикистон, Эрон Афғонистон, Озорбойҷон дар 64-умин иҷлосияи Ассамблеяи Генералии созмони милали муттаҳид оид ба «Рӯзи байналмилалии наврӯз» қатъномаи ин созмони бонуфуз бо аксарияти овозҳо қабул гардида, наврӯз ба феҳристи ёдгории фарҳанги ҷаҳонӣ  дохил шуд.

            Тибқи қатъномаи зикршуда 21 март ҳамчун рӯзи байналмилалии Наврӯз  эътироф  гардид. Ҷаҳду талоши он давлатҳоро, ки иди наврӯзро асрҳо боз ҷашн мегиранд, ҷиҳати нигоҳ доштан ва рушду такомул додани анъанаҳои марбут ба онро қобили таваҷҷӯҳ  дониста, ҳамзамон аз давлатҳои дигари аъзои Созмони  Милали Муттаҳид даъват ба амал оварда шуд, ки дар бораи Наврӯз иттилои бештар мунташир намуда, сарчашма, анъана ва таърихи пайдоиши ин иди бостониро мавриди таҳқиқ ва тарғиб қарор диҳанд. Мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯз дар арҷгузорӣ ба фарҳанги ҳамдигар, таҳкими сулҳу субот ва равобити халқу миллатҳои мухталифи дунё сарфи назар аз қавму нажод, забону эътиқод ва тафаккур нақши муассир гузошта метавонад. Пазируфтани иди Наврӯз ҳамчун иди байналмилалӣ аз бузургию шаҳомат, решаҳои чуқури таърихию фарҳангӣ ва иҷтимоӣ доштани он далолат  намуда, далели эътирофи тамаддуни куҳанбунёди ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон мебошад. Воқеан, Наврӯз иди хеле қадимаи тоҷикон буда, таърихи он ба беш аз шаш ҳазор сол тӯл мекашад. Дар ин муддатӣ тӯлонӣ ин иди бузург борҳо ба муқобилиятҳои мазҳабию, фарҳангӣ ва бадситезҳои аҷнабиёну бадхоҳон рӯ ба рӯ шуда, таззодҳои мухталифи давру  замонҳоро паси сар намуд.

           

Тавре аз сарчашмаҳои таърихию фарҳангӣ бармеояд, ҷашни Наврӯз дар  аҳди Куруши Кабир ва салтанати Дорои Бузург дар толорҳои пурҳашамати  тахти Ҷамшед, аз ҷумла қасри барҳавои Садсутун, бо иштироки табақаҳои гуногуни ҷомеа, дар сатҳи давлатӣ зиёда аз як ҳафта баргузор шуда, аҳли санъат ба он шукӯҳи хоса мебахшиданд. Маросими баргузории ҷашнии Наврӯз ва ба ҳузур пазируфтани намояндагони қавму миллатҳои гуногун дар деворнигориҳои таҳти Ҷамшед  то имрӯз побарҷо мебошад. Дар гузашта маросими суннатҳои Наврӯз шаш рӯз идома ёфта, аз ду қисм, яъне Наврӯзи кӯчак ва Наврӯзи бузург иборат буд. Ниёгони мо барои ҳифзи анъана ва суннатҳои наврӯзӣ дар мушкилтарин рӯзҳо, дар ҳаводиси пурфоҷиаи  таърих  истодагарӣ  карда, ҳуқуқи маънавӣ ва ормонҳои худро дар таҳлили он бо таҳаммулпазирӣ  нишон дода, ин идро дар ҳама сатҳ аз фақирон то шоҳон бо шоистагӣ  ҷашн мегирифтанд.

            Яке аз суннатҳои неки Наврӯз дар гузашта чунин  будааст, ки бомдод рӯзи аввали моҳи фарвардин мардум ба ҳамдигар об мепошиданд ва шакар ҳадя мекарданд. Суннати об пошидан  бо нияти бахти сафед ва покизагиву оромии рӯҳу ҷисм ва ҳадяи шакар маънои ширин кардани даҳонро дорад, ки аз ин Наврӯз то Наврӯзи дигар қалбҳо аз кинаву кудурат пок ва  комҳо ҳамеша ширин бошанд. Баъди адои ин суннатҳо ба таҳияи хони наврӯзӣ, яъне ҳафт шин ва ҳафт син мепардохтанд ва дар наврӯзгоҳҳо ҳамчун рамзи хуршеди оламафрӯз гулханҳои бузург меафрӯхтанд. Дастурхони Наврӯзиро бо ҳафт номгӯи наврӯзи меоростанд. Ҳуруфи аввалини он бо ҳамсадои «Шин» сармешуд. Яъне: шамъ, шароб, шир, шарбат, шакар, ширинӣ ва шона иборат буд. Баъдан бар ивази ҳафт «Шин» ҳафт «Син» ҷорӣ шуд. Яъне: сирко, суманак, сабзи, сумоқ, сир, себ, санҷит ва сипанд. Дар  баъзе хонадон ба ҷои сумоқ ва сипанд, сабза, суманак  ё  самбӯса ҳозир мекунанд.

Рӯзҳои ҷашни Наврӯз деҳ­қонон ба кишту кори баҳорӣ шурӯъ  менамоянд.  Марди деҳқон дар ин рӯз ба умеди ризқу рӯзӣ донаи тухмро ба замин мепошад ва умед мекунад, ки баҳори дигар аз самараи он истифода намояд. Дар ҳама ҷо ҳашарҳо, сайру гашти идона, базмҳои савту суруд, чорабиниҳои варзишӣ барпо мегардад ва дастархонҳои Наврӯзӣ ороста мешаванд.

Бо назардошти андешаҳои баёнгардида возеҳ мегардад, ки Наврӯз ифшогари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, расму оийн ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии халқи тоҷик маҳсуб ёфта, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангии миллии моро дар худ ҳифз кардааст. Ҷашни Наврӯз ва мақоми байналмилалиро соҳиб шудани он  шаҳодати он аст, ки ин миллат, миллати наврӯзпараст ва наврӯзоин дар тамоми таърихи худ нақши тамаддунофар ва ҳидоятгар доштааст. Боиси ифтихор аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ин ҷашни суннати аз нав эҳё гардид ва ба иди умумимиллию байналмилалӣ табдил дода шуд ва дар таҳкими пояҳои давлатдории навини кишвар, инъикоси симои миллӣ, тақвияти худшиносиву худогоҳӣ, пойдории  Ваҳдат ва болоравии ифтихори миллии мардум  нақши муосир гузошт.

Эй худованди замину осмон,
То ба
Наврўзи дигар моро расон.

Валиева  Ҷамил,
Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Барчаспҳо: