Хат ва коғаз муҳимтарин унсурҳои тамаддуни башар

Хат ва коғаз бешак  муҳимтарин ихтироъ дар таърихи башар маҳсуб мешаванд. Таърихи тамаддун ҳангоме шурӯъ шуд, ки инсон  он чизеро эҳсос мекард ва медид ва ё дар зеҳни худ ҳифз менамуд, аз тариқи расонаҳо ё маҳмилҳои физикӣ ба дигарон интиқол диҳад. Бад-ин маъно, ки инсон пас аз ибдои хат тавонист он чиро қаблан аз тариқи  шифоҳӣ ва ҳофизаи маҳдуди худ ба наслҳои баъдӣ мунтақил мекард, ба сурати мазбут ва мактуб ба онҳо бирасонад. Аз ин замон ва баъд инсон  бо ба коргирии анвои расонаҳои иттилоотӣ аз қабили лавҳаҳои сангӣ ва гилӣ, папирӯс, пӯсти ҳайвонот ва саранҷом коғаз ҳаҷми аъзиме аз манобеи иттилоотиро ҷамъоварӣ намояд.

Албатта, хат тавоноии ироаи забони шифоҳӣ ва гуфторро ба сурати дақиқ ва комил дошта наметавонад. Ҳеҷ як низомҳои навишторӣ натавонистаанд дақиқан он чиро ба сурати шифоҳӣ ва гуфторӣ баён мешавад, ироа кунанд, масалан ҳолатҳои чеҳра, фазо ва макон ва дигар мавридщо. Дар гумон аст, ки нафаре битавонад бигӯяд инсон аз чӣ замоне қудрати такаллум ва суҳбат карданро пайдо кард, аммо ҷои шак нест, ки забони шифоҳӣ пешинаи сад ҳазор сола дорад, вале баръакси гуфтору такаллум хат собиқаи чандон тӯлонӣ надорад.

Ба ихтирои хат аввалин инқилоби дониш дар сатҳи ҷаҳон ва дар манотиқи монанди Миср, Шарқи Наздик, Ҳинд, Юнон ба вуқуъ пайваст. Аввалин маснуъи дасти башар иборат аст аз нақшаҳое, ки ба рӯи деворҳои ғорҳои шимоли Испониё ва Фаронса дар ҳудуди 20 ҳазор сол пеш кандакорӣ шудааст. Ин нақшҳо ба таври умда дар иртибот бо ҷонварон аст ва гоҳе тасовир ва нақшҳое аз инсон низ дар онҳо дида мешавад, аммо  маснуъе, ки ба таври дақиқ метавон онро хат ҳисобид, ҳудуди 5500 сол пеш дар ноҳияи Месопотамиа (Байнаннаҳрайн) ёфт шудааст. Сабаби дер ихтироъ шудани хат шояд ба таъғироти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рабт дошта бошад, бад-ин маъно, ки инсон баъд аз рафъи ҳоҷати аввалияи моддии худ фурсати кофӣ барои тафаккур дошта бошад.

 Воқеан, аввалин тамаддуне, ки бар асари фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ ихтироъи хатро эҷод кард, ин минтақаи Байнаннаҳрайн (Ироқи кунунӣ) буд, ки ба далели фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ сабаби пайдоиши ихтироҳои бузург гардид.

Аввалин тамаддунҳои инсонӣ дар дараҳои ҳосилхези Байнаннаҳрайн, яъне дар даштҳои ҳадди фосилаи ду рӯдхона -Даҷла ва Фурот шакл гирифт. Ин даштҳои ҳосилхез, ки дар Ироқи кунунӣ қарор доранд, ба далели обу ҳавои муносиб ва сарзаминҳои ҳосилхез маҳалли муносибе  барои зисти қавмҳои чодарнишин буд. Ин қавмҳо   батадриҷ бо сукунат дар ин сарзамин шаҳрҳои кӯчак ва бузургеро ба вуҷуд оварданд. Дар шаҳрҳои бузург  ниҳодҳои давлатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ шакл гирифт ва тиҷорату саноат тавсиа ёфт.

Муҳимтарин хатҳои қадима ин хати сумарӣ ва мехӣ мебошад, ки марбут ба 2500 сол қабл аз милоди масеҳ аст ва як  навъи тасвирнигорӣ ва  аввалияи навишторӣ маҳсуб мешавад.

Хатҳои мисрӣ, ки ероглиф низ ном мебаранд, аслан ба маънои кандакорӣ ва тарошидан ташкил шуда,  маънои он  кандакорӣ ва нақш ва нақши муқаддас ё хатти муқаддас аст. Хатти ероглиф барои мубодилот ва мукотиботи бозаргонӣ муносиб набуд, аз ин рӯ хати дигаре ба номи ҳеротик тавсиа ёфт.

Хатҳои чинӣ- қадимтарин хатҳо маҳсубанд  ва дар ҳудуди 1500 сол қабл аз милоди масеҳ ба вуҷуд омадаанд. Ин навъи хатҳо комилан мутафовит аз хатти чинии кунунӣ ҳастанд ва боз хатҳои дигаре низ мавҷуданд ва ҳатто бархе аз намуди хатҳо то кунун кашф нашудаанд.

Инсоният хатро дар рӯи санг, филиз, гил,чӯб, папирус, чарм  сабт мекард. Яке аз беҳтарин расонаҳое, ки инсон тавонист барои сабту забти дониши худ аз он истифода кунад, коғаз буд ва ҳаст. Ин васила ба далели қобилиятҳо ва вижагиҳои хоси он аз қарни дуввуми милодӣ то кунун нақши тайинкунандае дар китоб ва китобат доштааст ва яке аз аносири физикии муҳим барои ишои дониш дар сатҳи ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Коғаз нисбат ба дигар расонаҳои қабл аз худ фаровонтару арзонтар буд, ба ҳамин далел муҳимтарин аносири китоб аз инҳисори дарбориён, рӯҳониён ва табақоти баргузида хориҷ гардид ва дар ихтиёри мардум қарор гирифт. Ин масъала сабаб шуд, то китоб низ фаровонтар ва арзонтар гардад. Дар ҳоли ҳозир, яъне оғози қарни 21 милодӣ ва бо вуҷуди рушди чашмгири расонаҳои электронӣ ҳанӯз ҳам коғаз муҳимтарин моддаи навишторӣ ва ишои иттилоот дар сатҳи ҷаҳон аст ва ба назар намерасад, ки ин расона дар ояндаи наздик аҳамияти зиёда аз 1800 солаи худро аз даст бидиҳад.

То ихтирои хат инсон қодир набуд, то донишу таҷрибаҳои худро ба сурате пойдору бардавом сабту забт кунад. Бо мактуб шудани донишҳову ганҷинаҳои зеҳнӣ батадриҷ теъдоди ин манобеъ афзоиш ёфт ва башар ба фазову маконе барои ҳифозат ва нигаҳдорӣ аз ин манобеъ ниёз пайдо кард.

Дар ин шароит пояҳои аввалияи китобхонаҳо пайрезӣ шуд ва таи такомули таърихии худ ва пас аз фарозу нишебиҳои фаровон роҳи худро дар тамаддуни башарӣ ҳамвор кард ва ба унвони яке аз сангбиноҳои торихи тамаддун ба ҳаёти пурбори худ идома дод.

Хушбахтона, имрӯз мо дар замоне умр ба сар мебарем, ки китобу китобхонаҳо хеле фаровонанд ва дастёбӣ ба мероси ҳунарву илмӣ, адабиву таърихии гузаштагон ва ҳамчунин иттилооти мавриди назар ба осони муяссар мегардад.
 

А. Боқиев,
корманди шуъбаи
илмӣ-таҳқиқотии Китобхонаи миллӣ