Activities calendar

09 августа 2016

734 нусха китоб аз китобхонаи шахсии Сайф Раҳимзоди Афардӣ

734 нусха китобҳои гуногунсоҳа аз фонди китобхонаи шахсии нависандаи тоҷик Сайф Раҳимзоди Афардӣ баъди коркард аз шуъбаи такмили адабиёт ба шуъбаи нигоҳдории китоб ворид гардид.
Китобҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ буда, ба талаботи имрўза ҷавобгўй мебошанд. Инчунин дар қатори ин китобҳо чандин асари худи Сайф Раҳимзод, ки солҳои гуногун чоп шудаанд, низ вуҷуд доранд.
Нависандаи тоҷик Сайф Раҳимзод Афардӣ (Раҳимов Сайф Абдуевич) 20 ноябри 1953 дар деҳаи Афардии Ноҳияи Балҷувон таваллуд шудааст.  Ҳаёташ 20 майи соли  2000 дар Душанбе ба таври фоҷеавӣ канда шудааст.
Баъди хатми мактаби миёнаи ноҳияи Фархор ёвари чойхоначӣ, рассоми кинотеатри ноҳияи Маскав (ҳоло Мирсайид Алии