734 нусха китобҳои гуногунсоҳа аз фонди китобхонаи шахсии нависандаи тоҷик Сайф Раҳимзоди Афардӣ баъди коркард аз шуъбаи такмили адабиёт ба шуъбаи нигоҳдории китоб ворид гардид.
Китобҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ буда, ба талаботи имрўза ҷавобгўй мебошанд. Инчунин дар қатори ин китобҳо чандин асари худи Сайф Раҳимзод, ки солҳои гуногун чоп шудаанд, низ вуҷуд доранд.
Нависандаи тоҷик Сайф Раҳимзод Афардӣ (Раҳимов Сайф Абдуевич) 20 ноябри 1953 дар деҳаи Афардии Ноҳияи Балҷувон таваллуд шудааст. Ҳаёташ 20 майи соли 2000 дар Душанбе ба таври фоҷеавӣ канда шудааст.
Баъди хатми мактаби миёнаи ноҳияи Фархор ёвари чойхоначӣ, рассоми кинотеатри ноҳияи Маскав (ҳоло Мирсайид Алии Ҳамадонӣ), ҳунарпешаи Театри давлатии мазҳакавии мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб (солҳои 1969–1970) буд.
Соли 1975 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кард. Корманди Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ (солҳои 1974–1981), тарҷумон дар Афғонистон (солҳои 1981–1982), мухбир, баъдан мудири Шуъбаи адабиёт ва санъати рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (солҳои 1983–1987), тарҷумон дар Афғонистон (солҳои 1987–1988), коргардони кино, коргардон-таҳиягари «Тоҷиккино» (солҳои 1989–1995), раиси киновидеокомпанияи миллии «Тоҷиккино» (солҳои 1995–1997).
Аз моҳи августи соли 1997 то охирин лаҳзаҳои умраш ба ҳайси Раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ фаъолият кардааст.
Бо нашри нахустин ҳикояаш «Гунҷишки сафед» Сайф Раҳимзод аз ҷониби хонандагон шинохта ва пазируфта гардид. Сипас бо қиссаи зебову дилангезаш «Ситораҳои сари танӯр» (соли 1984) чун нависандаи навпардоз дар адабиёти тоҷик маҳбубият ва шуҳрат пайдо кард.
Баъдан ҳикояву қиссаҳояш дар маҷмӯаҳои «Аз ёдҳо, аз ёдҳо» (соли 1987), «Дурӯғи сафед» (соли 1997), «Васвасаҳои Зикравайҳ» (Таронаҳои хоки париён; соли 1999), «Падруду пайғом» (соли 2000), «Доғҳои Офтоб» (соли 2003) ба табъ расиданд.
Сайф Раҳимзод тарзи нигориши хос дорад. Ӯ ба воқеияти зиндагӣ аз назари фалсафӣ нигаристааст. Олами маънавии инсон, махсусан наврасонро бо маҳорати ҷолибе тасвир намудааст.
Маҳмадшариф Каримов
Сардори шуъбаи нигоҳдории китоб
Китобу китобхона сарчашмаи манавиёт