Маҳзани Шуъбаи нигаҳдории китоб ба 2282554 нусха расидааст

Теъдоди китобҳо дар Китобхонаи миллӣ  аз ҳисоби нус­хаҳои ҳатмӣ ва тўҳфаҳо ҳамарўза меафзояд. Дар айни замон махзани китоби Шуъбаи нигаҳдории китоб ба  2282554 нусха расидааст, ки  176356 нусхаи он ба забони тоҷикӣ, 2058018 ба забони русӣ, 48180 ба забонҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

Ин нишондодҳои махзани китоби шуъба назар ба  даҳмоҳхаи соли 2016 ба теъдоди  зиёда аз 9 ҳазор бештар мебошад.

40 нафар кормандони соҳибтаҷрибаи шуъба бо сарварии Набот Каримова фаъолият мекунанд, ки  Назира Ғуломова,  Барно Саидова, Раъно Яқубова, Саноат Набиева, Хутансултон Ошурмамадова, Таманно Хол­назарова, Дилбар Раҳимова аз ин ҷумлаанд.

Дар ҳамкорӣ бо шуъба феҳристнигорӣ баҳри рамзбандии китобҳо ва ворид намудани он дар феҳристи электронӣ зиёда  аз 42 ҳазор нусха китоб ба қайд гирифта шуд. Инчунин гузаронидани таъмири хурди  китобҳои фарсудашуда аз ҷониби кормандон ҳамеша  амалӣ карда мешавад.  

Валиев  Ҷамил,
кормандонии шуъбаи нигаҳдорӣ

Барчаспҳо: